Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Хоҳарамро ба хотири радди ҳамхобагӣ куштааст"


Додгоҳи ноҳияи Ҳамадонии вилояти Хатлон сокини 42-солаи ин ноҳия Фаррух Халифаевро бо ҷурми куштори ҳамсараш 11 сол аз озодӣ маҳрум кард. Аммо хонаводаи Арӯс Раззоқова мегӯянд, ки бо ин ҳукм розӣ нестанд ва барои домод ҷазои сангинтар талаб доранд. Ҳодисаи куштори Арӯс Раззоқоваи 32-сола ва модари чаҳор фарзанд 18-уми июни имсол рух дод.

  • Солҳои охир қатли зану шавҳар ба дасти якдигар дар минтақаҳои Тоҷикистон афзудааст. Баъзе аз ин ҳодисаҳо дар рӯзи равшан ва дар пеши чашми мардум сурат гирифта, баҳонаи чунин бархӯрд асосан бевафоиву рашк ва ҷанҷоли хонаводагӣ гуфта мешавад.
Шарм ҳам шавад, мегӯям. Ҳамон шаб ба хонаи онҳо ба меҳмонӣ рафта будем. Шавҳараш хоҳиши ҳамхоба шуданро мекунад. Вале хоҳарам ба далели онки дар хонаи дигар меҳмонҳо ҳастанд, рад менамояд...

Халифаев дар мурофиа чӣ гуфт?​

Як манбаъ дар Додгоҳи ноҳияи Ҳамадонӣ рӯзи 28-уми октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки таҳқиқу баррасии парвандаи Халифаев аз рӯи моддаи "одамкушӣ" тақрибан чаҳор моҳ идома кард. "Ҳукм ҳафтаи гузашта содир шуд ва тарафҳо то даҳ рӯз ҳақ доранд, ки аз рӯи он ба зинҳаои болоии додгоҳ шикоят кунанд", - афзуд ӯ.

Дар аввал гуфта мешуд, ки қатли Арӯс Раззоқова дар пайи овозаи хиёнат ва рашки шавҳар сурат гирифтааст. Аммо манбаи мо дар Додгоҳи ноҳияи Ҳамадонӣ гуфт, "Фаррух Халифаев дар мурофиа иқрор кард, ки баъди радди ҳамхобагӣ ҳамсарашро зада, баъдан бо корд куштааст."

"Шарм ҳам шавад, мегӯям"

Арӯс Раззоқова
Арӯс Раззоқова

Хонаводаи Арӯс Раззоқова низ ба ҳамин фарзияи куштори духтарашон пойфишорӣ доранд. Нигина Раззоқова, хоҳари калонии Арӯс Раззоқова, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, шаби 17 ба 18-уми июн, ки ҳодиса иттифоқ афтод, ӯ дар хонаи хоҳараш меҳмон буд.

"Шарм ҳам шавад, мегӯям. Ҳамон шаб ба хонаи онҳо ба меҳмонӣ рафта будем. Шавҳараш хоҳиши ҳамхоба шуданро мекунад, вале хоҳарам ба далели онки дар хонаи дигар меҳмонҳо ҳастанд, рад менамояд. Аввал бо як мушт зада беҳуш мекунад ва сипас ба баданаш корд мезанад. Ҳамаи ҳодиса дар як муддати кӯтоҳ сурат гирифтааст. Вақте ба хонаи хоби онҳо даромадам, хоҳарам аллакай оғуштаи хун буд", - нақл кард Нигина Раззоқова.

Ӯ гуфт, онҳо аз додгоҳ талаб доранд, ки Фаррух Халифаеаро ҳадди ақал ба бист соли зиндон маҳкум кунад ва бо чунин даъво аризаи шикоятӣ навиштааст.

Баҳси хона қаҳри домодро овард?

Дар ҳамин ҳол, як нафари огоҳ аз қазия гуфт, ҷанҷоли се рӯзи пеш аз ҳодиса дар бораи хона ба ин куштор сабаб шудааст. Вай гуфт, "хонае, ки Фаррух Халифаев ҳамроҳи ҳамсару фарзандонаш мезист, хонаи падари Арӯс Раззоқова буд. Ин масъала ду-се рӯз пеш ҷанҷол барангехта будааст. Онҳо дар бораи хонаву хонавдорӣ баҳс мекунанд ва зоҳиран ишораи зан дар мавриди инки хона аз падари ӯст, қаҳри Фаррух Халифаевро овардааст. Ва радди ҳамхобагӣ зоҳиран ба он равған рехтааст."

Хонаводаи Фаррух Халифаев мегӯянд, ки нисбат ба ҳукми додгоҳ ва, ҳамин тавр, даъвои наздикони Арӯс Раззоқова ҳеч эътироз надоранд. Мақсуд Халифаев, бародари Фаррух, гуфт, бо ягон даъво бародараш аз зиндон ва янгааш аз гӯр зинда берун намеояд ва барои ҳамин "ҳаволаи ҳамаро ба Худо супурданд".

Аз 8 то 25 соли зиндон

​Қазияи куштори Арӯс Раззоқова ҳукумати ноҳияи Ҳамадониро водор кардааст, ки дар фикри дубора сар назадани чунин ҳодисаҳо дар ноҳия шудааст. Бозоралӣ Одиназода, раиси ноҳияи Ҳамадонӣ, қаблан дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки дастур додааст, бештар бо занон "дар бораи оилаи солим" мулоқот кунанд.

Бар асоси иттилои Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, аз аввали имсол беш аз даҳ ҳолати куштори ҳамсарон бо дасти шавҳарон сабт шудааст. Куштор дар Тоҷикистон бар асоси моддаи 104-и Кодекси ҷиноӣ баррасӣ мешавад ва ин модда аз 8 то 25 соли зиндонро пешбинӣ мекунад.

XS
SM
MD
LG