Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Муҳибуллоҳ хазида-хазида ба мактаб мерафт" ВИДЕО


Муҳибуллоҳ
Муҳибуллоҳ

Нашри як гузориш дар бораи сарнавишти ҳузнангези писари 9-солаи афғон дар Радиои Озодӣ сабаб шуд, хайрхоҳони зиёде ба кумаки ӯ ва хонаводаи нодораш шитобанд. Ин писар акнун имкон пайдо кард, бо аробачаи маъюбӣ ба мактаб биравад.

Агар кумаки тиббӣ ҳам кунанд, бисёр хурсанд мешавем. Чунки аз сабаби камбизоатӣ дастамон намерасад

Номи ин кӯдак Муҳибуллоҳ аст ва 9 сол дорад. Волидон ба сабаби набудани шароити молӣ натавониста буданд, барояш аробачаи маъюбӣ бихаранд. Вале ин боис нашуд, ки ки Муҳибуллоҳ ба мактаб наравад.

Ӯ ҳар рӯз хазида – хазида ё гавак кашон як километр роҳро тай мекард ва ба мактаб мерафт. Муҳибуллоҳ дар мактаби деҳаи ҳамсоя дар синфи аввал мехонад.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Муҳибулло хазида-хазида ба мактаб мерафт ва ...
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:10 0:00

Муҳаммад Шариф, омӯзгори мактаб гуфт, "агар кумаки тиббӣ гирад ё аробачаи маъюбӣ дошта бошад, ба мактаб осон меояд. Вай ҳамчунин мушкили афсурдагӣ дорад. Агар табобат шавад, барояш кумаки зиёд хоҳад шуд. Ӯ ба таҳсил дар мактаб хеле шавқ дорад."

Волидонаш дар деҳаи Навбаҳори вилояти Урузгон зиндагӣ мекарданд. Толибон бо ҳамла ба деҳа хонаашонро оташ задаанд. Онҳо баъдан барои ҳифзи ҷон ба наздикии Кобул кӯчиданд.

Муҳибуллоҳ дар мактаб
Муҳибуллоҳ дар мактаб

Волидони Муҳибуллоҳ ба сахтӣ чаҳор фарзандро ба воя мерасонанд. Нур Муҳаммади 45-сола, падари Муҳибуллоҳ, ҳар рӯз барвақт ба кор меравад ва наметавонад писарашро ба мактаб барад. Модар ҳам ба нигоҳубини фарзандони хурдӣ машғул аст.

"Мо ба мақомот муроҷиат кардем, ки ба писарамон як аробаи маъюбӣ кумак кунанд, то ба мактаб рафтанаш осон шавад. Агар кумаки тиббӣ ҳам кунанд, бисёр хурсанд мешавем. Чунки аз сабаби камбизоатӣ дастамон намерасад", - гуфт Нур Муҳаммад.

Табибон мегӯянд, бемории Муҳибуллоҳ табобатшаванда аст, агар ба шифохонаҳои Кобул ё хориҷи кишвар бурда шавад. Доктор Амонуллоҳ мегӯяд, "тавассути ҷарроҳӣ мешавад инро табобат кард. Баъди табобат метавонад, бо ду пойи худ озод ба мактаб биравад".

То замоне ки ба Муҳибуллоҳ кумак карданд, вай аз ягона имконаш истифода бурда, ба мактаб мерафт.

XS
SM
MD
LG