Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додситони кулли Амрико бо дархости Трамп истеъфо дод


Ҷефф Сешнс, додситони кулли Амрико мегӯяд, ки истеъфономаи худро ба Доналд Трамп, раиси ҷумҳури он кишвар дода ва аз мақоми худ канорагирӣ кардааст. Оқои Сешнс дар истеъфономаи худ хитоб ба Трамп гуфтаааст, ки ин истеъфо "бо дархости шумо сурат гирифтааст."

Доналд Трамп чанде қабл гуфта буд, "ман Додситони кулл надорам".

Раиси ҷумҳури Амрико, ки борҳо аз Додситони кулли кишвараш интиқод карда буд, дар пайи пахши ин хабар дар "Твиттер"-и худ навишт, ки Мэтю Уайтекер, раиси дафтари Додситони кулл, сарпарасти ин мақом хоҳад шуд. Оқои Уайтекер қаблан додситони яке аз иёлатҳои Амрико буд. Доналд Трамп дар "Твиттер"-и худ зимни қадрдонӣ аз хизматҳои оқои Сешнс, хабар додааст, ки дар оянда додситони нави Амрикоро муаррифӣ хоҳад кард.

Хабаргузории CNN мегӯяд, ки худи оқои Трамп шахсан бо Додситони кулл тамос нагирифтааст, то истеъфо диҳад, балки раиси дафтари Кохи Сафед чунин дархостеро аз ҷониби раиси ҷумҳур матраҳ кардааст. Ин шабака дар айни ҳол, дар зернависи худ овардааст, ки Додситони кулл "ихроҷ" шудааст.

Сешнс, ки дар як соли гузашта робита на чандон гарме бо раиси ҷумҳур Трамп дошт, пас аз ҷанҷоли марбут ба ҳамкории Ситоди интихоботии оқои Трамп бо Русия, худро аз таҳқиқот дар пайванд ба ин мавзӯъ канор кашид, ки ин масъала боиси хашми раиси ҷумҳурӣ шуд.

Трамп ҳаргуна пуштибонии Ситоди интихоботии худ аз сӯи Русия дар интихоботи президентии соли 2016-ро рад кардааст. Ӯ борҳо аз Ҷефф Сешанс дар иртибот бо таҳқиқот бар сари ин парванда интиқод карда ва гуфтааст, ки чаро раҳбарии Додситонии куллро ба ӯ супурдааст.

Вай чанде қабл гуфта буд, "ман Додситони кулл надорам". Оқои Трамп дар ин мусоҳиба афзуда буд, ки аз амалкарди Сешнс бо таваҷҷуҳ ба ин, ки ӯ худашро аз таҳқиқоти марбут ба Русия канор кашидааст, бисёр норозӣ аст.

Истеъфои Сешнс дар рӯзе сурат гирифт, ки Доналд Трамп дар интихоботи миёндаварии Амрико эълони пирӯзӣ кард.

XS
SM
MD
LG