Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шабакаи CNN Трамп ва маъмурияти ӯро ба додгоҳ кашид


Хабарнигори CNN Ҷим Акоста дар нишасти матбуотии Доналд Трамп, 7 ноябри соли 2018
Хабарнигори CNN Ҷим Акоста дар нишасти матбуотии Доналд Трамп, 7 ноябри соли 2018

Шабакаи телевизионии CNN Доналд Трамп ва маъмурияти ӯро дар заминаи бекор кардани эътиборномаи хабарнигораш Ҷим Акоста ба додгоҳ кашид. Гузарномаи Акоста баъди нишасти матбуотии президенти ИМА дар анҷоми интихоботи миёндаврӣ лағв шуд.

Дар ин нишасти матбуотӣ Ҷим Акоста, аз ҷумла суол дод, ки чаро Трамп дар суханрониҳои пеш аз интихобот муҳоҷиронро "ишғолгар" номид. Хабарнигори CNN ҳамчунин пурсид, ки оё Трамп аз бозҷӯии робитаи эҳтимолӣ бо Русия нигарон аст ё хайр.

Президент нахост ба ин суолҳо посух диҳад ва Акостаро "одами баду дағал" номид. Баъди ин нишаст эътиборномаи Акоста барои вуруд ба Кохи Сафед лағв шуд.

Сухангӯи Кохи Сафед Сара Сандерс дертар хабарнигорро ба рафтори номуносиб муттаҳам кард. Ба гуфтаи ӯ, Акоста ба духтари таҷрибаомӯзи Кохи Сафед, ки мехост микрофонро аз хабарнигор бигирад, даст расонд.

Сандерс навореро аз ин нишаст нашр кард, ки корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ онро сохта унвон карданд.

Дар аризаи додгоҳии CNN бар зидди Трамп боз панҷ нафари дигар ҳамчун ҷавобгар муаррифӣ шудаанд. Инҳо раҳбари маъмурияти Кохи Сафед Ҷон Келли, сухангӯ Сара Сандерс, ноиби раиси бахши равобити Кохи Сафед Билл Шин, раҳбари хадамоти махфӣ Ҷосеф Кланси ва афсари ин муассиса Ҷон Доу мебошанд.

CNN талаб дорад, ки эътиборномаи Ҷим Акоста фаврӣ барқарор шавад. Шабакаи телевизионӣ таъкид кардааст, ки аризаи шикоятӣ на танҳо ба хабарнигори ин шабака, балки ба ҳар хабарнигоре таъсири манфӣ дорад, ки фаъолияти мақомоти интихобиро мунъакис мекунанд.

Ин мухолифати аввалин дар байни Акоста бо Трамп нест. Дар нишасти матбуотии аввали соли 2017, то оғози фаъолияти расмии Доналд Трамп, дар мақоми раиси ҷумҳур, ӯ аз посух гуфтан ба суоли Акоста даст кашид ва гуфт, ин шабака "хабарҳои тақаллубӣ" пахш мекунад.

Раҳбарияти CNN бархӯрди президентро танқид ва аз хабарнигори худ пуштибонӣ кард.

XS
SM
MD
LG