Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ҷашни анор"-и афғонӣ дар Душанбе. ВИДЕО


Афғонистон мехоҳад, ки навъҳои гуногуни меваҳои хушмаззаи худро ба бозорҳои минтақа пешниҳод кунад.

Ба ин манзур бо ибтикори атташеи тиҷоратии сафорати Ҷумҳурии исломии Афғонистон дар Душанбе "Ҷашни анор" баргузор гардид. Масъулони сафорати Афғонистон ҳадаф аз роҳандозии ин ҷашнвораро "огоҳӣ додан дар мавриди фурсатҳои сармоягузорӣ дар Афғонистон ва тавсеаи содироти маҳсулоти зироатӣ" гуфтанд.

Дар ин барнома, ки рӯзи ҷумъаи 23-юми ноябр дар толори "Ҳафт авранг"-и сафорати Афғонистон дар Душанбе баргузор шуд, намояндагони ҳукумати Тоҷикистон, сафоратхонаҳои муқими Душанбе, созмонҳои байналмилалӣ ва ширкатҳо ва тоҷирони тоҷик даъват шуда буданд.

Саид Маъсум Бадахш, сарпарасти сафорати Афғонистон дар Душанбе дар ин ҳамоиш аз сафирони хориҷӣ даъват кард, ки тоҷирони кишварҳояшонро барои сармоягузорӣ ва тиҷорат бо Афғонистон ташвиқ кунанд.

Анор яке аз меваҳои машҳури Афғонистон аст, ки шӯҳрати ҷаҳонӣ дорад. Дар Афғонистон ба гуфтаи масъулон, ҳудуди 48 навъи анор вуҷуд дорад ва бештари боғҳои анор дар Балх, Қандаҳор, Тошқурғони вилояти Самангон, минтақаи Такоби вилоияти Кописо ҷойгир мебошанд. Анори Афғонистон дорои кайфияти олӣ буда ва дар бозорҳои хориҷӣ ва дохилӣ аз ҷумлаи меваҳои боарзиш ба шумор меравад.

Ҷашни анори афғонӣ дар Душанбе
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:39 0:00

XS
SM
MD
LG