Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Орои интихоботи порлумонӣ дар пойтахти Афғонистон ботил эълон шуд


Комиссияи шикоятҳои интихоботии Афғонистон пас аз баррасиҳои "зиёд ва дақиқ", орои интихобот дар ҳавзаи Кобулро ботил эълон кард. Ба назар мерасад, ки бо ботил эълон шудани орои интихоботӣ дар ҳавзаи Кобул, Афғонистон дар рӯбарӯи боз як бӯҳрони сиёсӣ қарор хоҳад гирифт.

Масъулони Комиссияи шикоятҳои интихоботии Афғонистон рӯзи 6-уми декабр зимни нишасти хабарӣ гуфтанд, ки раъйҳои интихоботи порлумонӣ дар ҳавзаи Кобул ботил аст ва бо тасмими Комиссияи мустақили интихобот, раъйдиҳӣ бояд дигарбора баргузор шавад.

Интихоботи порлумонӣ дар Афғонистон рӯзи 20-уми октябр баргузор шуд ва ҳузури аз ҳама зиёди мардум дар Кобул сабт шуда буд.

Алиризо Рӯҳонӣ, сухангӯи Комиссияи шикоятҳои интихоботии Афғонистон рӯзи 6-уми декабр зимни нишасти хабарӣ гуфт, ки бинобар 24 далели ҳуқуқӣ, ин тасмим гирифта шуд. Ӯ афзудааст, ки дар ин ҳавза тақаллуби густурда сурат гирифтааст. То ба ҳол масъулони Комиссияи мустақили интихоботи Афғонистон дар ин маврид изҳори назар накардаанд.

Дар порлумони Афғонистон барои вилояти Кобул 33 курсӣ - 9 то барои занон ва 24-тои боқимонда барои мардон дар назар гирифта шудааст. Барои ба даст овардани ин курсиҳо, ҳудуди 800 нафар худро номзад карда буданд.

Қабл аз ин ҳам ниҳодҳои нозири интихобот низ гуфта буданд, ки тақаллубҳои густурда дар интихоботи Маҷлиси намояндагон дар Кобул сурат гирифтааст ва боздошту зери пайгард қарор гирифтани бархе аз аъзои комиссияи интихоботӣ дар ин ҳавза дар пайванд бо ин тақаллуб, нишон медиҳад, ки ин интихобот эътибор надорад.

Интихоботи порлумонӣ дар Афғонистон рӯзи 20-уми октябр баргузор шуд ва ҳузури аз ҳама зиёди мардум дар Кобул сабт шуда буд. Қарор буд натиҷаҳои ниҳоии интихоботи порлумонии Афғонистон дар моҳи декабр эълон шавад.

Интихоботи порлумонии Афғонистон қарор буд соли 2015 баргузор шавад, вале ба сабаби баҳсҳо сари ислоҳот дар низоми интихоботӣ ва ба ихтиёри нерӯҳои Афғонистон додани масъулияти таъмини амният дар охири соли 2014, ин корзори сиёсиро то имсол ба таъхир андохтанд.

Барои 249 курсии Вулуси Ҷирга ва ё порлумони Афғонистон бештар аз 2500 нафар ва аксаран номзадҳои мустақил рақобат карда буданд, ки дар миёни онҳо 417 зан низ буд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG