Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Британия додани раводид ба олигархҳоро қатъ мекунад


Акси тасвирӣ

Аз 7-уми декабр бо ҳадафи ҷилавгирӣ аз пулшӯӣ Британия ироаи раводиди сармоягузорӣ ба хориҷиёни сарватмандро қатъ мекунад. Додани виза эҳтимол соли 2019 дубора аз сар гиифта мешавад. Дар ин бора Bloomberg рӯзи шашуми декабр бо такя ба Вазорати умури дохилии Британия хабар дод.

Раводиди "тиллоӣ" асосан ба хориҷиҳое дода мешуд, ки ба иқтисоди Британия на кам аз 2 миллион фунт стерлинг (2,5 миллион доллар) сармоягузорӣ кунанд.

Қаблан хабар дода шуд, ки Лондон мехоҳад раванди дарёфти "визаи тиллоӣ"-ро шадидтар кунад. Ба тартиби нав, гирифтани виза талаботе мисли тафтиши молӣ ва манфиатҳои тиҷоратии довталаб ворид мешавад. Бондҳои давлатӣ, ки ҳаққи иқомат дар ин кишварро таъмин мекунад, аз рӯйхати самоягузориҳо соқит мешаванд.

Ҳамчунин, довталабон бояд исбот кунанд, ки маблағи сармоягузорӣ то замони дархости раводид ду сол дар ихтиёри онҳо буд.

Мақомоти Британия ҳамчунин тасмим гирифтаанд, тамоми раводидҳоеро, ки то соли 2015 ироа шудаанд, мавриди санҷиш қарор диҳанд.

Bloomberg мегӯяд, ин дигаргунӣ аз ҳама беш ба олигархҳои рус таъсир мерасонад. Баҳори имсол мақомоти Британия раводиди сармоягузор Роман Абрамовичро тамдид накарданд. Қаблан дар сомонаи порлумони Британия дар бораи "пулҳои чиркин" аз Русия гузориш пахш шуд. Муаллифони ин гузориш даъват карданд, ки абзори фишори молӣ ба президенти Русия Владимир Путин ва атрофиёнаш бештар истифода шавад.

Видеоҳои охирин

90 дар сади занони тоҷик аз шавҳари худ метарсидаанд
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:03:53 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG