Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар 10 сол 36 зан дар Қафқози Шимолӣ қурбонии "куштори номусӣ" шуд


Қурбонии куштори номусӣ
Қурбонии куштори номусӣ

Сиёсатшиносе аз минтақаи Ростов-на-Дону бо ҳафтод сокини Доғистон, Ингушистон ва Чеченистон дар мавзӯи мамнуъи "кушторҳои номусӣ" сӯҳбат кардааст. Натиҷаи ин сӯҳбатҳо дар гузориши Бунёди Ҳолландии "Ибтикори ҳуқуқӣ" рӯзи 6 декабр нашр шуд. Муаллифони гузориш муътақиданд, ки масъалаи "кушторҳои номусӣ" фаротар аз намунаҳоест, ки дар гузориш овардаанд. Ҷомеа ва мақомоти ҳукуматӣ дар баробари ин мушкилот хомушӣ ихтиёр мекунанд.

Таҳқиқи номзади улуми сиёсӣ Саида Сироҷиддинова - раҳбари маркази омузиши мушкилоти минтақавии Қафқоз, 33 мавриди "кушторҳои номусӣ"-ро ошкор кард. Дар натиҷаи ин ҷиноятҳо 39 нафар, ки 36 нафари онҳо занҳо буданд, кушта шуданд.

Дар се маврид занҳо ва мардҳо кушта шуданд. Дар як маврид сокини Ингушистон се зан - хоҳарзодааш ва ду духтари ӯро ба қатл расонд. Дар ҳодисаи дигар сокини Ингушистон духтарони 17 ва 19 солаи худро кушт.

Аз 33 мавриди "куштори номусӣ" 22 ҳодиса дар Доғистон, 2 маврид дар Ингушистон ва 9 ҳодиса дар Чеченистон рух додааст. Доғистон дар робита ба "кушторҳои номусӣ" дар ҷойи аввал қарор дорад, аммо на барои он ки дар ин қаламрав чунин ҳодисаҳо бештар ба вуқуъ мепавандад, балки мақомот ба онҳо вокуниш нишон медиҳанд ва тафтиш мекунанд.

Ба маълумоти Созмони Милали Муттаҳид ҳамасола дар ҷаҳон дастикам 5 ҳазор "куштори номусӣ" анҷом мешавад.

XS
SM
MD
LG