Пайвандҳои дастрасӣ

Таркиш дар ҷанубу шарқи Эрон се нафарро қурбон кард


Саҳнаи таркиши 6 декабр дар Чорбаҳори Эрон

Телевизиони давлатии Эрон гуфт, ки аз таркиши бомбае дар шаҳри бандарии Чобаҳор, воқеъ дар ҷанубу шарқи кишвар, дастикам се нафар кушта ва чанд тани дигар захмӣ шуд.

Гузоришҳо мегӯянд, ки таркиши рӯзи 6 декабр дар наздикии идораи пулис ба вуқуъ пайваст.

Хабаргузории давлатии Эрон - IRNA аз қавли манбаи номаълум гуфтааст, ки ба эҳтмоли қавӣ бомба "ҳамлаи интиҳорӣ" ва ҳадаф идораи пулис буд. Ба гуфтаи ин манбаъ, баъди таркиш садои тирандозӣ дар минтақа шунида мешуд.

Масъулияти ҳамларо то ҳол касе бар дӯш нагиифтааст.

Чобаҳор шаҳри бандарии калидӣ дар 100 километрии марзи Эрон бо Покистон ҷойгир аст.

Гузоришҳои видеоӣ

Сел дар вилояти Бағлони Афғонистон садҳо хонаро вайрон кард
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:15 0:00
XS
SM
MD
LG