Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мудири пешини UzMobile роҳбари Ucell таъйин шуд


Бинои Ucell дар Узбекистаон
Бинои Ucell дар Узбекистаон

Владимир Кравченко, мудири кулли пешини оператори миллии UzMobile ҳамакнун роҳбари Ucell таъйин шуд. Ширкати мобилии Ucell ахиран аз сӯи ҳукумати Узбекистон харидорӣ шуд.

Тони Грюнберг аз соли 2014 то кунун Ucell-ро мудирият мекард. Ба иттилои манбаъҳо, масъулони хориҷии Ucell сабукдӯш ва дар ивази онҳо шаҳрвандони Узбекистон ба кор таъйин шудаанд.

Владимир Кравченкои 33-сола Донишгоҳи вестминстери байналхалқии Тошкандро хатм кардааст. Ӯ моҳи марти соли 2017 мудири кулли UzMobile таъйин шуд.

Ширкати Telia (TeliaSonera-и пешин), ки сеяки саҳмияҳояш аз ҳукумати Шветсия аст, 5 декабр 94 дарсади саҳмияҳояшро ба Кумитаи давлатии Узбекистон дар умури хусисгардони моликият дар ивази $215 млн фурӯхт.

Баъди он ки сару садоҳо дар бораи порадиҳии TeliaSonera ба духтари пешини президенти Узбекистон Гулнора Каримова зиёд шуд, ширкат маҷбур гардид, ки ба вазорати адлияи ИМА наздики $1 млрд ҷарима пардозад.

Ширкати Telia 5 декабр дар сомонааш хабари фурӯхтани саҳмияҳояш ва хориҷшавиашро аз Узбекистон тасдиқ кард.

XS
SM
MD
LG