Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

HRW аз ИА хост, ки раҳоии Азимҷон Аскаровро талаб кунад


Азимҷон Аскаров
Азимҷон Аскаров

Созмони байналмилалии Human Rights Watch аз Иттиҳоди Аврупо даьват кард: ки барои раҳоии Азимҷон Аскаров, ҳомии ҳуқуқи маҳкум ба ҳабси абад дар Қирғизистон садо баланд кунад.

Муроҷиати Human Rights Watch ба Иттиыоди Аврупо рӯзи 6 декабр, пеш аз баргузории конфронси «Иттиҳоди Аврупо – Қирғизистон» нашр шуд. Конфрон ба 10-уми декабр барномарезӣ шудааст. Дар номаи созмон омадааст, ки Аскаров аз соли 2010 ғайриқонунӣ дар зиндон аст. Созмон гуфтааст, ки сарфи назар аз талаби Кумитаи ҳуқуқи инсони СММ соли 2016, Қирғизистон Аскаровро озод накард.

Азимҷон Аскаров бо айбномаи ташкили бетартибиҳо ва даст доштан дар куштори корманди пулис дар ҷараёни даргирии байниқавмии қирғизҳо ва узбектаборон дар моҳи июни соли 2010 ба ҳабси якумрӣ маҳкум шуд.

Моҳи апрели соли 2016 Кумитаи ҳуқуқи инсони СММ аз мақомоти Қирғизистон бозбинии парвандаи Аскаровро дархост кард. Кумита гуфт, Аскаров ғайриқонунӣ боздошту шиканҷа шуда, дар шароити хеле бад нигаҳдорӣ мешавад.

Дертар додгоҳи вилояти Чуйи Қирғизистон парвандаи ҳомии ҳуқуқро дубора баррасӣ кард, вале ҳукми зинаи аввалии додгоҳро бетағйир гузошт.

XS
SM
MD
LG