Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Навори боздошт Фаронсаро ба хашм овард


Тазоҳургаре бо парчами Фаронса
Тазоҳургаре бо парчами Фаронса

Дар пазманзари эътирозҳои саросарии маъруф ба "ҷомазардҳо" дар Фаронса, талабаҳои синфҳои болоӣ ва муаллимони литсейҳо низ даст ба тазоҳурот заданд.

Ба навиштаи хабаргузории France Press, рӯзи 6-уми декабр эътироз 280 мактабро фаро гирифт, ки талабаҳо ва муаллимонашон аз ислоҳоти маориф, аз ҷумла шадид шудани қабул ба донишгоҳҳо норозӣ ҳастанд. Дар чанд шаҳри Фаронса дар байни пулис ва эътирозгарон задухӯрд сурат гирифт.

Наворе аз литсейи Сент-Экзепюрӣ, воқеъ дар канораҳои Порис, ки дар он даҳҳо талаба баъди боздошт аз тарафи пулис дар саҳни мактаб ба зону нишастаанд, хашми корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ва мухолифини сиёсиро ба бор овард.

Аз амалкарди пулис баъзе намояндагони ҳизби ҳокими "Ба пеш" низ нороҳат шуданд. Вазири маориф Жан-Мишел Бланкер наворро "такондиҳанда" номид, аммо ҳамзамон гуфт, боздошт баъди задухӯрд бо пулис сурат гирифт, ки дар он на фақат талабаҳои литсей иштирок карданд.

Дар ҷараёни бетартибиҳо 146 нафар боздошт ва ду мошин оташ зада шуд. Нашрияи Le Mond гуфт, ки қариб ҳамаи боздоштшудаҳо ноболиғон буданд.

Интизор меравад, рӯзи шанбе "ҷомазардҳо" дубора ба кӯчаҳои Порис бароянд. Онҳо лағви молиёти маводи сӯхтро, ки ҳукумат ахиран анҷом дод, гузашти кофӣ намешуморанд.

XS
SM
MD
LG