Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Нигоҳи манфӣ ба Русия ва Путин бештар шудааст"


Бошандагони бахши умдаи кишварҳои ҷаҳон ба Русия ва раҳбари он Владимир Путин нигоҳи манфӣ доранд, вале аксари онҳо эътироф мекунанд, ки дар даҳ соли ахир нақши Русия дар саҳнаи байналмилалӣ бештар шуд. Ин аст натиҷаи пажуҳиши Pew Research -ширкати омӯзиши афкори умум, ки дар даҳҳо кишвар анҷом дод.

Ба сурати умум, 34 дар сади пурсидашудаҳо ба Русия назари нек доранд ва 54 дар сад нигоҳи манфӣ. Арзёбии фаъолияти Путин дар саҳнаи байналмилалӣ камтар аз ин аст. Танҳо 26 дар сад ӯро мусбат арзёбӣ кардаанд. 42 дар сад ба ин назаранд, ки Русия дар масоили байналмилалӣ нақши муҳим дошт, 19 дар сад назари баръакс доданд.

Арзёбии пурсидашудаҳо дар бораи Русия ва Путин дар кишварҳои мухталиф аз якдигар фарқ мекунад.

Назари манфӣ дар давлатҳои Ғарб бартарӣ дорад. Барои намуна дар Нидерландия 79 дар сад ба Русия назари манфӣ ва 15 дар сад нигоҳи мусбат доранд. Дар Британия ин рақам 62 ба 22 аст ва дар ИМА 64 ба 21 аст. Баҳои каме беҳтар, беш аз 30 дар сад, дар Олмон ва Италия дод шуд.

Дар Япония ва Исроил низ ба Русия ва Путин бештар назари манфӣ доранд.

Дар сафи кишварҳое, ки ба Русия баҳои мусбат додаанд, Филиппин Кореяи Ҷанубӣ, Тунис, Нигерия, як қатор кишварҳои Африқо, Амрикои Лотинӣ ва Юнон ҷой доранд.

Дар Аврупо бештар намояндагони ҳизбҳои ростгаро ва популистӣ ба Путин эътимод доштаанд. Аммо маъруфияти ӯ дар байни ин гурӯҳҳо камтар аз 50 дар сад аст.

Ба сурати умум, дар чанд соли ахир, муносибат ба Путин дар кишварҳои ғарбӣ дигар нашудааст - миқёси он дар Аврпуо як каме беҳтар, вале дар ИМА бештар манфӣ шудааст.

XS
SM
MD
LG