Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Духтарони Илҳом Алиев дар Британия ба пулшӯӣ муттаҳам шуданд


Илҳом Алиев бо духтаронаш Лайло ва Орзу
Илҳом Алиев бо духтаронаш Лайло ва Орзу

Додгоҳи Британия тасдиқ кард, ки духтарони Илҳом Алиев - президенти Озарбойҷон - ба эҳтимоли қавӣ дар пулшӯӣ даст доранд. Дар ин бора нашрияи The Guardian рӯзи 21-уми декабр хабар дод. Кӯшиши Лайло ва Орзу Алиеваҳо барои харидани амлоки "люкс" ба маблағи 60 миллион фунт стерлинг шубҳаи муфаттишони Британияро барангехт.

Ба навиштаи The Guardian, сухан дар бораи ду хона дар минтақаи Найтсбриҷи Лондон аст, ки дар наздикии қасри Букингем, маҳалли зисти маликаи Британия ҷойгир шудаанд.

Духтарҳои Алиев барои ба даст овардани хонаҳо аз ширкати офшорие истифода карданд, ки ҳуқуқдони британиягӣ Холид Шариф аз ширкати Mossaсk Foseca харида буд.

Муомилот соли 2016, баъди нашри "Авроқи Панама" ва таҳқиқи фаъолияти Mossaсk Fonseca, лағв шуд. Дар ин замина хонаводаи Алиев ба даст доштан дар шустушӯи маблағҳои бузург гумонбар шуд.

Гуфта мешавад, ки додгоҳ Холид Шарифро барои тафтиш накардани манбаи пулҳои Алиеваҳо ба пардохти 45 ҳазор фунт стерлинг муваззаф кард. Бар пояи қонунҳои Британия, ин гуна тафтишҳо ҳатмӣ ҳастанд, агар муддаии хариди амлок дар ин кишвар ба гунае ба сиёсат рабт дошта бошад. Ба маълумоти тафтишот, Шариф ин корро накард ва танҳо ба ёвараш дастур дод, то нависад, ки духтарони Алиев ба сиёсат рабт надоранд.

Соли 2016, баъди фошкориҳои "Авроқи Панама" ва бозҷӯии Mossaсk Fonseca, хонаводаи Алиев ба истифодаи шабакаи ширкатҳои офшорӣ барои хариди хона дар Лондон, Маскав, Дубай ва Прага гумонбар шуд.

Бинобар телеграммаи Департаменти давлатии Амрико аз соли 2010, дипломатҳои амрикоӣ дар Боку Озарбойҷонро "давлати феодалӣ" номиданд, ки иқтисодаш қариб пурра аз тарафи одамони марбут ба Илҳом Алиев идора мешавад.

Алиев қудрати Озарбойҷонро соли 2003, баъди марги падараш Ҳайдар Алиев, ки солҳо раҳбари ин кишвар буд, ба мерос гирифт.

XS
SM
MD
LG