Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Трамп дар сафари ногаҳонӣ ба Ироқ: "Амрико наметавонад пулиси ҷаҳон бимонад"


Раиси ҷумҳури Амрико рӯзи чаҳоршанбеи 26-уми декабр ба таври ногаҳонӣ барои мулоқоти солинавӣ бо сарбозони амрикоӣ, ба Ироқ рафт. Доналд Трамп зимни мулоқот бо сарбозон гуфт, "Амрико наметавонад пулиси ҷаҳон бимонад."

Раиси ҷумҳури Амрико дар идома аз тасмими худ барои хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ аз Сурия ҳимоят карда ва гуфтааст, ки бидуни таъхир ин корро анҷом хоҳанд дод.

Ба гузориши хабаргузории "Франс-пресс", Доналд Трамп ҳамчунин дар ҷараёни дидор аз пойгоҳи ҳавоии "Айн-ул-Асад" дар ғарби Бағдод гуфтааст, ки Амрико аз муддатҳо ба ин тараф барои дигар кишварҳо дар ҳоли ҷанг аст.

Дар гузашта низ раисони ҷумҳури Амрико Ҷорҷ Буш ва Барак Обама ба таври ногаҳонӣ ба Ироқ сафар карда ва бо сарбозони амрикоӣ мулоқот намуда буданд.

Вай гуфтааст, "ин одилона нест, ки ҳама бори масъулият бар дӯши мо бошад. Мо намехоҳем дигар иҷоза бидиҳем, ки дигарон аз мо сӯистифода бикунанд ва артиши беназирим моро барои муҳофизат аз худ истифода баранд."

Ин нахустин сафари Доналд Трамп ба як минтақаи ҷангӣ тайи ду соли ҳузури вай дар Кохи Сафед ва чанд рӯз пас аз эълони хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ аз Сурия аст.

Ба гузориши хабаргузории "Рейтерз", ҳавопаймои вижаи раиси ҷумҳури Амрико шоми чаҳоршанбе дар пойгоҳи ҳавоии "Айн-ул-Асад" дар ғарби Бағдод фуруд омад ва илова бар Мелания Трамп, ҳамсараш, гуруҳи хурде аз ёварон, кормандони амниятӣ ва шуморе аз хабарнигорон ӯро ҳамроҳӣ мекунанд. Гуфта шудааст, ки вай ба муддати ҳамагӣ се соат дар Ироқ монд ва сипас он кишварро тарк кардааст.

​Хабаргузориҳо менависанд, ки оқои Трамп бинобар мулоқот накардан бо нерӯҳои амрикоӣ аз оғози маъмурияти худ дар мақоми президенти Амрико дар моҳи январи соли 2017, дар артиш мавриди интиқод будааст, бавижа инки, моҳи гузашта ҳузур дар яке гуристони марбут ба кушташудаҳои Ҷанги Ҷаҳонии Аввал дар Фаронсаро бинобар бориши борон лағв кард.

Бо вуҷуди он, ки бинобар шикасти гурӯҳи "Давлати исломӣ" дар соли гузашта даргириҳо дар Ироқ камтар шудааст, вале нерӯҳои амрикоӣ ба низомиёни ироқӣ барои мубориза бо гурӯҳҳои ниманизомӣ, омӯзиш ва машварат медиҳанд. Доналд Трамп қарор аст дар роҳи бозгашт ба Амрико ҳамчунин бо нерӯҳои амрикоӣ дар як пойгоҳи ҳавоӣ дар Олмон, дидор кунад.

Хабаргузории "Рейтерз" менависад, оқои Трамп дар пайи ҷалби таваҷҷуҳи мусбат пас аз чанд рӯзи бӯҳрон бар сари тасмимоташ дар хусуси берун кашидани нерӯҳои амрикоӣ аз Сурия, коҳиши панҷоҳдарсадии 14 ҳазор сарбози ин кишвар дар Афғонистон ва фишор бар Ҷим Маттис, вазири дифоъ барои тарки мақомаш ду моҳ зудтар аз вақти эълоншуда, аст.

Бисёре аз аъзои Конгресси Амрико аз тасмими Трамп барои хуруҷи ду ҳазор сарбози амрикоӣ аз Сурия интиқод кардаанд. Оқои Трамп зимни сафари худ ба Ироқ аз ин тасмимаш дифоъ кард ва гуфт, ки ин иқдом бинобар шикасти гурӯҳи "Давлати исломӣ" имконпазир шудааст.

Дар гузашта низ раисони ҷумҳури Амрико Ҷорҷ Буш ва Барак Обама ба таври ногаҳонӣ ба Ироқ сафар карда ва бо сарбозони амрикоӣ мулоқот намуда буданд. Артиши Амрико мегӯяд, ки панҷ ҳазору 200 сарбози он кишвар дар Ироқ ҳузур доранд, ки асосан ба фаъолиятҳои омӯзишии нерӯҳои ироқӣ машғул ҳастанд.

XS
SM
MD
LG