Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Амрико алайҳи муҳоҷирон аз гази ашковар истифода шуд


Муҳоҷирон дар марзи Мексика
Муҳоҷирон дар марзи Мексика

Марзбонҳои ИМА бо ҳадафи пароканда кардани муҳоҷирон дар марзи Мексика аз гази ашковар истифода карданд. Дар ин бора хабаргузории Associated Press рӯзи 2 январ гузориш дод. Ба гуфтаи хабаргузорӣ, ҳудудан 150 нафар мехостанд марзро дар минтақаи Тихуан убур кунанд.

Хадамоти марзбониву гумрукии ИМА гуфт, ки гази ашковарро барои дифоъ аз худ ба кор бурданд. Марзбонҳо мегӯянд, ки муҳоҷирон ба тарафи онҳо санг партофтанд. Ба ғайр аз ин, онҳо хостанд якчанд кӯдакро аз монеаи марзӣ ба тарафи ИМА партоянд. 25 нафар боздошт шудааст.

Хабарнигори Associated Press мегӯяд, ки муҳоҷирон баъди истифодаи гази ашковар ба сӯи марзбонҳо санг партофтанд.

Муҳоҷирон мегӯянд, ки онҳо бо корвони Гондурас моҳи декабри соли 2018 ба марз расиданд. Бахши умдаи онҳо дар минтақаи Тихуан имкони дархости паноҳандагии сиёсӣ дар ИМА-ро интизоранд. Аммо бинобар теъдоди зиёди паноҳҷӯён мумкин ин раванд якчанд моҳро дар бар бигирад.

Муқовимати президенти ИМА Доналд Трамп бо демократҳо дар Конгресс дар робита ба сармоягузории девор дар марзи Мексика, ки Кохи сафед бар сари сохтмони он пофишорӣ дорад, ба қатъ шудани қисме аз фаъолиятҳои ҳукумат расонд. Чаҳоряки идораҳои давлатӣ корро муваққатан қатъ карданд.

XS
SM
MD
LG