Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зариф: "Уммон аз қабл Эронро аз сафари Нетаняҳу огоҳ карда буд"


Вазири умури хориҷии Эрон Муҳаммадҷавод Зариф гуфтааст, ки кишвари салтанатии Уммон ҳукумати Эронро аз сафари Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил ба Масқат огоҳ карда буд ва Эрон низ пеш аз ин сафар, мухолифати худро бо он, ба огоҳии Уммон расонида буд.

Ин нахустин бор дар се моҳи ахир баъд аз сафари ошкори Бенямин Нетаняҳу ба Уммон аст, ки як мақоми баландпояи Эрон таъйид мекунад, ки кишвараш аз ин таҳаввули таърихӣ дар муносибатҳои Уммон ва Исроил, огоҳии қаблӣ доштааст.

Эрон ва Исроил пас аз пирӯзии Инқилоби исломӣ дар Эрон, робитаҳои дипломатии худро қатъ карданд.

Оқои Зариф ин суханонро дар мусоҳиба ба рӯзномаи "Ҳамшаҳрӣ" рӯзи сешанбеи 1-уми январ баён кардааст. Дипломати аввали Ҷумҳурии исломӣ афзудааст, ки посухи кишвараш ба Уммон ин буд, ки сафари Нетаняҳу ба Масқат "ба нафъи Уммон нест."

Дар бархе аз гузоришҳои исроилӣ ва байналмилалӣ баъд аз сафари Нетаняҳу ба Уммон, гуфта шуда буд, ки нахуствазири Исроил аз ин сафар ҳамчун канале барои додани ҳушдор ё паёмҳои дигаре бар Эрон, истифода карда бошад.

Муҳаммадҷавод Зариф дар ин мусоҳибаи худ тайид кардааст, ки пас аз сафари Нетаняҳу низ, Уммон Эронро аз ҷузъиёти ин сафар огоҳ кард, вале паёми Уммон ин буд, ки омадани нахуствазири Исроил ба Масқат "бар хилофи манфиатҳои Эрон набуда" ва низ таъкид кардааст, ки Уммон ва Эрон зарур нест дар ҳама масъалаҳо ҳамназар бошанд.

Нахуствазири Исроил дар Уммон. Акс аз бойгонӣ.
Нахуствазири Исроил дар Уммон. Акс аз бойгонӣ.

Уммон аз камшумор кишварҳои арабӣ дар Халиҷи Форс аст, ки дар 40 соли мавҷудияти Ҷумҳурии исломии Эрон муносибати ором ва бетанише бо Теҳрон доштааст ва Султон Қобус, ҳокими Уммон дар пешрафти музокироти ҳастаии Эрон ва ҳалли бархе мушкилот миёни Эрон ва Амрико, нақши муҳим ифо кардааст.

Пас аз сафари Нетаняҳу ба Масқат, Эрон аз он норозигӣ кард. Баҳром Қосимӣ, сухангӯи вазорати умури хориҷии гуфт, "кишварҳои исломии минтақа набояд таҳти фишори Кохи Сафед ба Исроил фурсати эҷоди мушкилоти нав дар минтақа бидиҳанд."

Бо вуҷуди нохушнудии Эрон, муносибатҳои Исроил ва кишварҳои шайхнишини ҳавзаи Халиҷи Форс ва дигар кишварҳои арабӣ, ки бархе аз онҳо монанди Судон дӯстони пешини Ҷумҳурии исломии Эрон будаанд, дар вақтҳои ахир рӯ ба беҳбуд ниҳода ва эҳтимол меравад, ки Нетаняҳу дар ба Баҳрайн сафар кунад.

Нахуствазири Исроил ин ҳафта дар як мусоҳибаи телевизионӣ дар Бразил гуфт, кишварҳои араб Исроилро "муттаҳиди қавӣ ва босубот дар мубориза бо Эрон медонанд" ва бо ишора ба муносибатҳои кишвараш бо Арабистони Саудӣ низ гуфт, ки "инқилобе дар робитаҳои Исроил бо кишварҳои араб ба миён омадааст."

Таҳаввулоти давраи ахири минтақа нишон медиҳад, ки Исроил бо дасти бозтар, ба важа бо такя ба ҳимояти қотеи Амрико, хостаҳои худро дар Ховари Миёна пеш мебарад ва аз ҷумла пай дар пай ба пойгоҳҳои Эрон дар Сурия ҳамла мекунад. Аммо Муҳаммадҷавод Зариф дар мусоҳибаи ахири худ ин иддаоро такрор кардааст, ки Эрон худ дар садади нобудии Исроил нест.

Эрон ва Исроил пас аз пирӯзии Инқилоби исломӣ дар Эрон, робитаҳои дипломатии худро қатъ карданд. Дар баробари таҳдидҳои мақомоти эронӣ, масъулони исроилӣ низ борҳо Эронро ҳушдор доданд, ки дар сурати талоши Теҳрон барои дастёбӣ ба силоҳи ҳастаӣ, ба Эрон ҳамла мекунанд. Вале бо гузашти чиҳил сол аз равобити сард миёни ду кишвар, на Исроил "нобуд" шуд ва на Телавив ҷуръат пайдо кард, ки ба Теҳрон ҳамла кунад.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG