Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Коҳиши даромади Apple шохиси Dow Jones-ро ба замин зад


Бозори бурси Ню Йорк
Бозори бурси Ню Йорк

Бар асоси музоядаи рӯзи 3 январ шохиси Dow Jones беш аз 600 нуқта поён омад. Таҳлилгарони бозори бурс ин коҳишро ба камхаридор шудани саҳмияҳои Apple рабт медиҳанд. Ин ширкат чанде пеш аз эҳтимоли кам шудани даромадаш бинобар коҳиши талабот ба таҷҳизоти Apple дар Чин хабар дод.

Раҳбари Apple Ким Кук дар сӯҳбат бо шабакаи телевизионии CNBC гуфт, ки коҳиши тавони харидорӣ ба кунд шудани суръати рушди иқтисоди Чин ва ҳамчунин ташаннуҷ дар робитаҳои тиҷоратии Вашингтон ва Пекин бастагӣ дорад.

Дар пасманзари ин пешгӯӣ таваҷҷуҳи сармоягузорон ба саҳмияҳои Apple коҳиш ёфт ва онҳо маблағҳои худро ба дороиҳои камхатар гузоштанд. Рӯзи 3 январ дар оғози музояда саҳмияҳои NASDAQ беш аз 9 дар сад ва сармоягузорӣ то 749 миллиард доллар коҳиш ёфт.

Моҳи августи соли гузашта Apple бо сармоягузории 1 триллион доллар гаронтарин ширкати ИМА унвон шуда буд. Коҳиши ногаҳонии шохиси саҳҳом моҳи октябри соли гузашта оғоз шуд. Ба фарзияи Bloomberg, он замон нигарониҳо аз ҷанги тиҷоратии ИМА ва Чин шохиси саҳҳомро поён овард.

Равобити ИМА ва Чин дар пасманзари боло бурдани тарофаҳои тиҷоратӣ аз ҳарду тараф ва танқиди мақомоти ИМА аз Пекин муташаниҷ боқӣ мондааст.

Вашингтон Чинро таҳдиди стратегӣ арзёбӣ мекунад. Аввали моҳи октябр ноиби президенти ИМА Майк Пенс ҳукумати Чинро ба пешбурди сиёсати хашини низомӣ, иқтисодӣ ва маъракаи сиёсӣ муттаҳам кард, ки ба гуфтаи Пенс ҳадафаш афзоиши нуфузи Чин дар ИМА ва саросари ҷаҳон аст.

XS
SM
MD
LG