Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти як зан бо гумони ба ВИЧ гирифтор кардани марде дар Хуҷанд


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Як зани 27-сола дар шаҳри Хуҷанд бо иттиҳоми ба вируси норасоии масунияти бадан мубтало кардани марде боздошт шудааст. Аз ин зан ва мард ба далоили ахлоқӣ ва, ҳамчунин, халал ворид накардан ба ҷараёни тафтишот ном бурда намешавад.

Мақомоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 5-уми январ гуфтанд, ин зан дар пайи як амалиёти фаврӣ-ҷустуҷӯӣ дастгир шуда, феълан дар боздоштгоҳ аст. Ба иттилои манбаъ, гумонбар гирифтори бемории норасоии масунияти бадан буда, номаш дар Маркази пешгирӣ ва мубориза бо ВИЧ дар вилояти Суғд расман сабт шудааст.

“Ӯ новобаста аз ин ки дар бораи бемор буданаш ва хатари он огоҳинома гирифта буд, аз моҳи май то сентябри соли 2018 дидаву дониста бо сокини 20-солаи шаҳри Хуҷанд иртиботи ҷинсӣ карда ва ӯро ба бемории ВИЧ гирифтор намудааст”, - гуфтан дар ВКД.

Дар ҳоли ҳозир мавқеи тарафи гумонбар дастрас нест.

Мақомот мегӯянд, дар робита ба ин қазия парвандаи ҷиноӣ боз шуда ва ва таҳқиқ идома дорад.

Аз ин пеш, дар моҳи октябри соли 2018 мақомот дар шаҳри Душанбе як сокини 31-соларо бо гумони ба вируси норасоии масунияти бадан мубтало намуданди дигарон боздошт карданд.

Тобистони соли гузашта як зан дар ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон бо ҷурми ба вируси норасоии масунияти бадан гирифтор кардани даҳ мард як сол зиндонӣ шуда буд.

XS
SM
MD
LG