Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарнигори рус гуфт, ӯро таҷовуз кардаанд


Акс аз бойгонист.

Екатерина Фёдорова, хабарнигори вебсайти ”Сибир.реалии” дар шаҳри Владивостоки Русия, ки бо Радиои Озодӣ ҳамкорӣ мекунад, Алексей Мигунов, яке аз муассисони медиаҳолдинги “PrimaMedia”- ро ба таҷовузи ҷинсӣ муттаҳам кард. Ӯ дар саҳифаи хусусиаш дар Фейсбук навишт, ки ҳодиса рӯзи 13-уми октябр дар хонаи худи хабарнигор сурат гирифтааст.

Ба гуфтаи хабарнигор, ӯ бо Алексей Мигунов аз соли 2015 ошност ва ӯ ҳамеша меҳрубон ва марди дурусткор будааст. Екатерина Фёдорова навиштааст, ки 13-уми октябри соли 2018 ба Мигунов пешниҳод кард, барои баррасии пешниҳоди ӯ, яъне гирифтани қарз (дар ин бора Екатерина дар навиштаи дигараш дар Фейсбук суҳбат кардааст), бо ҳам мулоқот дошта бошанд.

Мулоқот дар як қаҳвахона баргузор шудааст. «Ӯ барои худаш ва ман машруботи қавӣ хост. Ман рад кардам ва хостам фаҳмонам, ки ман аслан, машруботи қавӣ нахӯрдаам ва алъон ҳам намехӯрам», навиштааст, Екатерина Фёдорова.

Баъдан ба қавли хабарнигор, Алексей Мигунов, ки маст буд, ӯро ба хонааш гусел кардааст. «Бо расидан ба даромадгоҳи хона, ӯ маро озор дод ва ғаризаи қурбонӣ дар ман бедор шуд» - омадааст, дар навиштаи Екатерина Фёдорова дар Фейсбук.

Дар идомаи ҳодиса ба қавли хабарнигор дар дохили хона, Алексей Мигунов, «бо истифода аз зӯр» лаби ӯро хуншор, либосашро пора ва таҷовуз кардааст. Екатерина Фёдорова, баъди ҳодиса осебҳои баданашро акс гирифтааст ва ин аксҳо дар ихтиёри бахши русии Радиои Озодӣ ҳаст.

Бо вуҷуди ин ҳодиса, хабарнигор барои ташхиси тиббӣ нарафтааст ва ба пулис ҳам муроҷиат накардааст. Ӯ ба хабарнигори «СибирРеалии» гуфтааст:

«Ман бисёр тарсидам ва дар ҳолати шок қарор доштам. То ин вақт метарсидам, ки ба ман садамаи зиёдтар мезанад. Агар аз ӯ шикоят кунам, посух чӣ мешавад. Мигунов қудратманд аст, соҳиби медиаҳолдинг мебошад, пул ва восита дорад. Ман худам ӯро ба хона роҳ додам, кӣ ба ман бовар мекунад? Ҳамчунин муносибат бо ҷабрдидагон аз зӯроварӣ дар пулис маълум аст. Муносибати ғайриинсонӣ ва таҳвинозмез. Ман ҳеҷ имконе барои мубориза бо ӯ надоштам. Ба ман зарур буд, ки ба худ биёям. Аз назари бемориҳои ҷинсӣ ташхис кунам, ҷое амне барои пинҳон шудану фаромӯш кардан ёбам.»

Екатерина Фёдорова мегӯяд, дар сурати зарурат ба додгоҳ муроҷиат мекунад. Хабарнигор рӯзи 14-уми октябр бо Олга Карчевская яке аз ҳамкасбони шиносаш вохӯрдааст ва ӯ дар бораи лаби захмӣ ва “рафтори асабониаш” пурсидааст.

Олга Карчевская ба хабарнигори “СибирРеалии” гуфтааст, ки ҳангоми мулоқот Екатерина дар ҳоли “шок” буд ва ба ӯ дар бораи ҳодиса гуфт, аммо номеро набурд.

“Ӯ гуфт, ки он фард, бисёр бонуфуз аст ва намехоҳад, зидди ӯ бархезад, чун сахт метарсад” - гуфтааст, Карчевская. Ин хабарнигор ба Екатерина Фёдорова тавсия додааст, ки ба пулис муроҷиат кунад ва осори зӯровариро акс бигирад, аммо ҷабрдида “ҳеҷ қудрати анҷоми ин корро надоштааст.”

Екатерина Фёдорова, рӯзи 15-уми октябр ба Алексей Мигунов навиштааст, ки ҳодисаи рухдода зӯроварӣ буд. Аммо Алексей Мигунов навиштааст, ки хабарнигор «низ лаби ӯро газидааст». Нусхаи мукотибаи телефонии онҳо дар ихтиёри бахши русии Радиои Озодӣ ҳаст.

Алексей Мигунов ба хабарнигори «СибирРеалии» гуфт, бо мавқеи Екатерина Фёдорова мувофиқ нест ва иддаоҳо нисбати худро шарҳ надод. Баъди ин Алексей Мигунов дар саҳифааш дар Фейсбук навишт, ки «ҳеҷ гуна зӯроварӣ ва таҷовузи ҷинсӣ набуд». Суханони хабарнигорро «дасткории фактҳо, бофта ва дурӯғ номид».

Ба ақидаи Алексей Мигунов, мумкин аст, ҳадаф, беобрӯ кардани ширкате бошад, ки ӯ яке аз муассисонаш аст ва навиштааст, ки бо ҳуқуқдонҳо имкони посух бо «амалкардҳои ҳуқуқӣ»- ро баррасӣ мекунад.

Екатерина Фёдорова, раҳбари тарҳи «Феминологи» дар вебсайти «СибирРеалии» аст. Вебсайти мазкур, як тарҳи бахши русии Радиои Озодӣ аст, ки асосан дар бораи ҳаёти иҷтимоиву сиёсиву иқтисодии Сибир, як минтақаи бепаҳнои Русия нақл мекунад. Ӯ аз моҳи ноябри соли 2018 бо Радиои Озодӣ ҳамкорӣ дорад.

Алексей Мигунов, муовини муовини мудир ва айни замон яке аз муассисони медиаҳолдинги «PrimaMedia” аст. Ин шабака дар 11 минтақаи Русия фаъолият дорад. Алексей Мигунов, солҳои 2011-2016 узви Кумиссиёни марказии интихоботи Русия дар минтақа буд. Соли 2014 узви шӯрои ҷамъиятии бунёди дастгирии расонаҳои мустақил ва минтақавӣ бо номи “Ҳақиқат ва адолат” аст.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG