Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарҳои радиои деҳа. Аз эълони говҳои гумшуда то киштукор


Деҳаи дурдасти Сусамур дар вилояти Чуйи Қирғизистон радиои ғайриоддие дорад. То чанд вақт пеш хабарҳои рустои дигар ба ин деҳа аз даҳон мерасиданд. Бо таъсиси радиои Сусамур FM вазъ дигар шуд, ҳоло хабари деҳаи дигарро дар Сусамур аз радиои деҳа мешунаванд. Хабарҳо ҳам аз зиндагии мардум ва аҳволи деҳот аст.

“Муҳимтарин бахши кори мо ин аст, ки хабарҳои деҳотро ба мардум мерасонем. Мекӯшем, ки зуд кор кунем ва хабарҳои дурустро бирасонем. Асосан ба масоили иҷтимоӣ дар русто ба мисли оби пок, партобҳо ва вазъи ҳаво тамаркуз мекунем”, -мегӯяд Ойзода Калканбекова, мудири Сусамур FM.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Хабарҳои радиои деҳа. Аз эълони говҳои гумшуда то роҳҳои киштукор
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:00 0:00

Дар баробари хабарҳо дар бораи гови гумшудаи сокине дар ин радио, мусиқӣ ва хабарҳои варзишӣ ҳам нашр мешаванд. Аксари кормандони радио ихтиёриён ҳастанд ва корро аз сифр шуруъ кардаанд.

“Мо аввал намедонистем, чӣ гуна кор кунем. Баъдан хабарнигорони маъруф ба инҷо омада, ба мо нишон доданд, ки чӣ гуна садоро сабт кунем ва чӣ гуна қабл аз пахши барнома онро таҳрир кунем”, – мегӯяд Анорбек Кукуков, ки ба ҳайси муҷрӣ кор мекунад.

​Радио дар ду утоқи хурди мактаби деҳа ҷойгир аст. Онро бо кумаки сармоягузорон ва созмонҳои ғайриҳукуматӣ таъсис додаанд. Ҳавасмандони омӯзиш дар радио ҳам кам нестанд.

Ойзода Калканбекова
Ойзода Калканбекова

“Асосан он муҳассилоне, ки ба журнализм ва кор дар радио ҳавас доранд, ба инҷо меоянд, то шеваи мусоҳиба, таҳрири садо ва навиштани матнро ёд бигиранд”, – мегӯяд Ойзода Калканбекова.

Зоҳиран кори радио ба садҳо нафар аз мардуми деҳа маъқул аст. Онҳо хостаанд, ки барномаҳои иловагӣ дар бораи кишоварзӣ, иқтисод ва фарҳанг нашр шавад. Ҳоло ба рустои Сусамур интернети баландсуръат оварданӣ ҳастанд, то аз тариқи радио садояшонро ба гӯши бақияи Қирғизистон ва ҷаҳон бирасонанд.

XS
SM
MD
LG