Пайвандҳои дастрасӣ

Эрдуғон изҳороти Болтон дар бораи Сурияро "иштибоҳи бузург" хонд


Расонаҳои Туркия мегӯянд, Раҷаб Таййиб Эрдуғон, раиси ҷумҳури ин кишвар мулоқот бо Ҷон Болтон, мушовири амнияти миллии Амрикоро, ки ба Анқара сафар карда буд, ба нишонаи эътироз ба шартҳои Амрико дар бораи хуруҷи Амрико аз Сурия, лағв кард. Аммо мақомоти баландпояи Туркия фарзияҳои дигаре аз анҷом нашудани чунин мулоқотро ироа кардаанд.

Эрдуғон мулоқот бо Болтонро "лағв кард"

Ҷон Болтон як рӯз пеш аз оғози сафар ба Туркия, рӯзи якшанбеи 7-уми январ дар Исроил гуфт, Амрико замоне низомиёни худро аз Сурия берун мебарад, ки боқимонда нерӯҳои гурӯҳи "Давлати исломӣ" шикаст бихӯрад ва замонатҳои лозим ба даст ояд, ки Туркия ба курдҳои Сурия ҳамла намекунад ва онҳоро намекушад.

Бо вуҷуди анҷом нашудани мулоқот миёни раиси ҷумҳури Туркия бо мушовири амнияти миллии Амрико, оқои Эрдуғон рӯзи сешанбе таъкид кард, ки мулоқоти ояндаи ӯ бо Доналд Трамп "аҳамияти зиёде" дорад.

Суханони оқои Болтон 18 рӯз пас аз он баён шуд, ки Доналд Трамп эълом кард, ки гурӯҳи "Давлати исломӣ" шикаст хӯрдааст ва бинобар ҳамин нерӯҳои амрикоӣ аз Сурия берун мешаванд.

Арзёбӣ мешуд, ки мушовири амнияти миллии Амрико дар сафар ба Анқара бо раиси ҷумҳури Туркия мулоқот мекунад, аммо ба гузориши хабаргузории туркии "Анадолу", оқои Эрдуғон сешанбе гуфт, агар мулоқоти ӯ бо Ҷон Болтон зарурӣ буд, ҳатман анҷом мешуд.

Эрдуғон: Ҷанги курдҳо бо ДИИШ "дурӯғи маҳз аст"

Дар ҳамин ҳол, раиси ҷумҳури Туркия дар нишасти намояндагони ҳизби "Адолат ва тавсеа" изҳороти оқои Болтон дар Исроилро "иштибоҳи бузург" ва "ғайри қобили қабул" хонд. Вай курдҳои Сурияро, ки Амрико хоҳони худдории Туркия аз ҳамла ба онҳо шуд, "гурӯҳҳои террористӣ" номид.

Ба гуфтаи оқои Эрдуғон, ҷанги Ҳизби иттиҳоди демократи курдҳои Сурия ва ПКК бо гурӯҳи ДИИШ "як дурӯғи маҳз аст" ва ин иддао, ки Туркия дар Сурия ба курдҳо ҳамла мекунад, "тӯҳмати зишт ва бешармона аст".

Оқои Эрдуғон инро низ гуфт, ки кишвараш "ба зудӣ амалиёти наверо барои аз байн бурдани ҳама гурӯҳҳои террористӣ дар Сурия оғоз мекунад" ва "омодагии лозимро барои ин амалиёт" гирифтааст.

Бо вуҷуди анҷом нашудани мулоқот миёни раиси ҷумҳури Туркия бо мушовири амнияти миллии Амрико, оқои Эрдуғон сешанбе таъкид кард, ки мулоқоти ояндаи ӯ бо Доналд Трамп "аҳамияти зиёде" дорад.

Чарои мулоқоти Эрдуғон ва Болтон доир нашуд?

Мулоқоти Ҷон Болтон бо масъулони турк дар Анқара.
Мулоқоти Ҷон Болтон бо масъулони турк дар Анқара.

Ҳамзамон Иброҳим Қолин, сухангӯи раёсати ҷумҳури Туркия дар мавриди сабабҳои анҷом нашудани мулоқоти Эрдуғон бо Болтон гуфт, тақозо барои дидор (аз тарафи Амрико) ироа нашуда буд, аммо "қарори қатъӣ" вуҷуд надошт.

Ба гуфтаи оқои Қолин, худи ӯ ва дигар мақомҳои баландпояи Туркия "гуфтугӯҳои ҳамаҷониба бо оқои Болтон доштаанд", ҳар чанд, ки дар гузориши расонаҳои Туркия, лағви нишасти хабарии муштараки Иброҳим Колин бо мушовири амнияти миллии Амрико низ нишонае аз ин будааст, ки музокирот ба хубӣ пеш нарафтааст.

Аммо оқои Қолин ба хабарнигорон гуфт, "расидан ба тавофуқ миёни Туркия ва Амрико дар бораи замони хуруҷи нерӯҳои Амрико аз Сурия дар дастури кори музокирот бо оқои Болтон буд ва ҳайати амрикоӣ гуфтааст, ки ин амр ба ҷои 60 то 100 рӯз, дар 120 рӯз анҷом мешавад, яъне чанд рӯз бештар, ки чандон муҳим нест".

Иброҳим Қолин изҳор дошт, муҳим ин аст, ки "сарнавишти пойгоҳҳои амрикоӣ ва таҷҳизоти ҷангии Воҳидҳои мудофеи халқ бо он хароҷоти ҳангуфте, ки дошт, кай ва чигуна тамом мешавад". Вай гуфт, агар кишвараш ба амалиёт дар Сурия тасмим бигирад, "аз касе иҷоза намегирад", аммо "ҳамеша алоқаманд ба ҳамоҳангӣ бо муттаҳидон аст".

Доналд Трамп ва Ҷон Болтон таъкид кардаанд, ки Туркия набояд бидуни ҳамоҳангӣ бо Амрико ба амалиёти низомӣ дар Сурия даст бизанад. Дар ин миён, раҳбари Ҳизби демократии Сурия, ки нерӯҳои он муттаҳиди Амрико буда ва афсарони амрикоӣ онҳоро барои ҷанг бо ДИИШ дар Сурия омӯзиши низомӣ дода буданд, сешанбе гуфт, агар Туркия амалиёти наверо дар шарқи Фурот оғоз кунад, курдҳо омодаи муқобила ҳастанд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG