Пайвандҳои дастрасӣ

"Дӯконҳоро холӣ кунед" 15 рӯз муҳлат ба даҳҳо соҳибкори Кӯлоб. ВИДЕО


Тасмими навсозӣ ё нақшаи куллии шаҳри Кӯлоб даҳҳо тоҷирро аз дӯконҳояшон маҳрум хоҳад кард. Барои мисол, дар боғи марказии шаҳри Кӯлоб даҳсолаҳо боз мағоза ва тарабхонаҳои шахсӣ ҷойгир буд, вале мақомот рӯзи 10-уми январ ба соҳибони иншооти атрофи боғ амр додаанд, ки то 15 рӯзи дигар биноҳоро холӣ ва вайрон кунанд.

Пештар гуфта буданд, ки биноҳоро ободу зебо кунед. Баъзе бо қарз биноҳоро зебо ва муосир карданд. Акнун мегӯянд, вайрон кунед. Даҳҳо нафар бе ҷои кор мемонад

Тоҷирон мегӯянд, ҳукумати шаҳри Кӯлоб фақат амр дода, вале масъалаи пардохти ҷуброни зарарро матраҳ накардааст. Маҳмуд Азимов, яке аз тоҷирон, рӯзи 11-уми январ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки "ҳанӯз дар ҳамин ҷо ҳастем. Мунтазирем. Бубинем, ки чӣ мегӯянд."

Дар атрофи боғи фароғатии шаҳри Кӯлоб то даҳ иншооте аст, ки аз тарабхонаву идора ва марказҳои хидматрасонӣ иборатанд. Коргарони яке аз чойхонаҳо, ки аз соли 1958 мондааст, нигаронанд, баъди валангор шудани он дигар ҷойи кори муносибе пайдо нахоҳанд кард.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Соҳибкорони Кӯлоб аз тахриби дӯконҳояшон нигаронанд
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:02:30 0:00

Занҷира Саидова, яке аз коргарони чойхонаи "Марҳабо", гуфт, "аз тарафи занон илтимос мекунем, ки чойхонаро чаппа накунанд. Гузоранд, ки мо кор кунем. Барои кӯдакҳоямон нон биёбем. Ҳамаамон бевазан ҳастем."

Дар ҳукумати шаҳри Кӯлоб ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ҳудуди боғи марказӣ васеъ карда хоҳад шуд ва ҳар бинои хусусие, ки тибқи лоиҳаи бозсозӣ дар марзи боғ мемонад, тахриб мешавад. Бино ба амри шаҳрдорӣ, ки як нусхааш дар дасти Радиои Озодӣ аст, нақшаи генералӣ аз тарафи ҳукумати Тоҷикистон тасдиқ шудааст ва бояд биноҳои атрофи боғ ба ҳолати аввали худ, яъне замини холӣ баргардонда шаванд.

Занҷира Саидова
Занҷира Саидова

Ба ин монанд соҳибони дӯконҳои бозори "Саховат"-и шаҳри Кӯлоб низ амрнома дарёфт кардаанд. Мақомот гуфтаанд, ки бояд назди бозор ва даромадгоҳаш аз дӯконҳо тоза карда шавад.

Соҳибкорон мегӯянд, беш аз панҷоҳ тоҷир дар дӯконҳои назди бозор кор мекунанд ва 400 нафар аз инҷо ризқи худро меёбанд. Ҳам тоҷирони назди боғи фароғатӣ ва ҳам бозори "Саховат"-и шаҳри Кӯлоб дар ҷойи серодами шаҳр дӯкон доранд.

Муродалӣ Боймадов, раиси созмони ҳимоят ва рушди соҳибкорӣ дар бозори "Саховат", ба Радиои Озодӣ гуфт, кормандони милиса аз онҳо имзо гирифтаанд, ки то даҳ рӯзи дигар дӯконҳои худро тарк кунанд. "Пештар гуфта буданд, ки биноҳоро ободу зебо кунед. Баъзе бо қарз биноҳоро зебо ва муосир карданд. Акнун мегӯянд, вайрон кунед. Даҳҳо нафар бе ҷои кор мемонад", - афзуд Боймадов.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG