Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Канада ба духтари фирорӣ аз Арабистони Саудӣ паноҳандагӣ дод


Раҳаф Муҳаммади 18-сола
Раҳаф Муҳаммади 18-сола

Нахуствазири Канада духтари ҷавон аз Арабистони Саудиро ба ҳайси паноҳанда қабул кард. Раҳаф Муҳаммад Ал-Қунуни ҳаждаҳсола иддао дорад, ки ба хотири бадрафтории хонаводааш аз Арабистони Саудӣ фирор намудааст.

Ҷастин Трюдо, нахуствазири Канада, рӯзи 11-уми январ гуфт, онҳо дар ҳимоят аз ҳуқуқи башар ва бахусус ҳуқуқи занон дар ҷаҳон истодаанд. Вай афзуд, “идораи кор бо муҳоҷирони Созмони Милали Муттаҳид аз мо тақозо кард, ки Раҳаф Муҳаммадро ба ҳайси паноҳанда бипазирем. Мо ин тақозоро қабул кардем ва паноҳандагии ӯро манзур намудем.”

Ал-Қунун рӯзи 5-уми январи имсол аз Кувайт, ки ҳамроҳи хонаводааш ба онҷо рафта буд, фирор кард ва мехост, аз тариқи Тайиланд ба Австралия сафар кунад. Вале ба маҳзи фуруд омаданаш дар шаҳри Бангкок кормандони сафорати Арабистони Саудӣ шиносномаи ӯро гирифтанд. Дипломати Саудӣ гӯиё ба Раҳаф гуфтааст, ки хонаводааш розӣ нестанд, ӯ ба Австралия сафар кунад ва бинобар ин, бояд ба Кувайт баргардад.

Духтар дертар дар меҳмонсарои фурудгоҳи Бангкок худро бандӣ кард, то ба Кувайт ихроҷаш накунанд. Мақомоти Тайиланд баъд аз як шабонарӯзи гуфтугӯ эълон карданд, ки ӯро ба Кувайт ихроҷ намекунанд. Духтар ҳамроҳ бо намояндагони Созмони Милали Муттаҳид фурудгоҳро тарк кард.

Раҳаф қаблан дар суҳбат бо Би-би-сӣ гуфтааст, ки аз Ислом рӯй гардондааст ва дар сурати бозгашт ба хона “ӯро марг мунтазир аст”.

Дар Арабистони Саудӣ бо вуҷуди баъзе аз сабукиҳо занон ҳанӯз ҳам бо маҳдудиятҳои сахт рӯбарӯянд.

XS
SM
MD
LG