Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пелоси аз Трамп хост, суханронии солонааш дар Конгрессро ба таъхир андозад


Ненси Пелоси, раиси Маҷлиси Намояндагони Амрико рӯзи чаҳоршанбеи 16-уми январ дар номае аз Доналд Трамп, раиси ҷумҳури он кишвар хост, бинобар қатъи фаъолияти бахшҳое аз ҳукумати федеролӣ ва мушкили таъмини амният, суханронии солонаи худро дар Конгресс ба таъхир андозад ё матни ин суханрониро бифиристад ва дар Конгресс ҳозир нашавад.

Раиси Маҷлиси Намояндагони Амрико дар ҳоле ин мавзӯъро матраҳ кардааст, ки аз бистушаш рӯз ба ин тараф бахше аз идораҳои давлатӣ дар Америка кор намекунанд ва ҳудуди 800 ҳазор корманди давлатӣ ё ба сари кор ҳозир намешаванд ваё бемузд кор мекунанд.

Доналд Трамп хоҳони ҷудо кардани 5,7 миллиард доллар барои бунёди девори марзӣ бо Мексика аст. Аммо демократҳо бо ин дархост мухолифанд.

Ба гузориши хабаргузории "Рейтерз", қарор аст Доналд Трамп рӯзи 29-уми январ дар нишасти муштараки Маҷлиси Намояндагон ва Сенати Амрико суханронии солонаи худро ироа кунад. Дар суханронии солонаи раиси ҷумҳури Амрико аъзои Сенат, Маҷлиси Намояндагон, аъзои Додгоҳи олии Амрико ва дипломатҳои хориҷӣ иштирок мекунанд.

Ненси Пелоси дар номаи худ гуфтааст, бинобар ин ки, ки теъдоде аз кормандони вазорати амнияти дохилӣ ва пулиси махфӣ, ки масъулияти ҳифозат аз мақомҳоро ба ӯҳда доранд, ба сабаби қатъи фаъолияти бахше ниҳодҳои ҳукуматӣ кор намекунанд, наметавон амнияти ин маросимро таъмин кард.

Раиси Маҷлиси Намояндагон дар номаи худ навиштааст, "мутаассифона, бинобар нигарониҳои амниятӣ ва дар сурате, ки идораҳои давлатӣ то ҳафтаи оянда бозкушоӣ нашаванд, пешниҳод мекунам барои таъйини як рӯзи муносиби дигар пас аз бозкушоии давлат барои замони суханронии солона музокира кунем ё ин, ки матни суханронии солонаи худро барои қироат ба Конгресс фиристед."

Хонум Пелоси ҳамчунин ба хабарнигорон гуфтааст, агар Доналд Трамп натавонад суханронии солонаи худро бинобар сабабҳои зикршуда ба таъхир андозад, метавонад ин паёми худро аз дафтараш дар Кохи Сафед анҷом диҳад. Тибқи гузориш, ҳанӯз Кохи Сафед ба ин номаи Ненси Пелоси посух надодааст.

Аммо дар вокуниш ба ин номаи Пелоси, вазири амнияти дохилии Амрико дар "Твиттер"-и худ навиштааст, "вазорати дохилӣ ва пулиси махфӣ омодаанд то вазифаи муҳофизат аз раиси ҷумҳури Амрикоро дар суханронии солона бар ӯҳда бигиранд."

Дар ҳамин ҳол, як намояндаи Маҷлиси Намояндагон ва аз муттаҳидони ҷумҳурихоҳон дар Конгресс гуфтааст, номаи Ненси Пелоси баёнгари он аст, ки демократҳо фаъолияташонро ба ҷои хизмат ба кишвар, ба муқобила бо раиси ҷумҳур равона кардаанд.

Ихтилофи Доналд Трамп бо демократҳо дар Конгресси Амрико дар масъалаи ҷудо кардани будҷа барои сохтани девор дар марз бо Мексика боис шудааст, ки бахшҳое аз ҳукумати федералӣ аз фаъолият монад.

Доналд Трамп хоҳони ҷудо кардани 5,7 миллиард доллар барои бунёди ин девор аст. Аммо демократҳо бо ин дархост мухолифанд. Гуфта мешавад, ки ин ихтилофҳо боис шудааст, ки 800 ҳазор корманди давлат сари кор нараванд ё маош дарёфт накунанд.

XS
SM
MD
LG