Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тереза Мэй боварии порлумони Бритониёро ба даст овард


Нахуствазири Британия Тереза Мэй
Нахуствазири Британия Тереза Мэй

Сарвазири Бритониё Тереза Мэй эътимоди аксари вакилони порлумони кишварашро ба даст овард. 306 вакили порлумон ба Мэй изҳори нобоварӣ карда, 326 вакил бар зидди истеъфои ӯ раъй доданд.

Пешниҳоди изҳори нобоварӣ ба Мэйро раҳбари Ҳизби мухолифи коргари Бритониё Ҷереми Корбин ба порлумон ироа карда буд. Ин пешниҳод дар ҳоле ба миён омад, ки порлумон созишномаи ҳукумати Мэйро барои бурунрафти Бритониё аз Иттиҳоди Аврупо (ИА) напазируфт. 432 вакил зидди созиши бо Брюссел мухолифат карданд.

Раъйгирии рӯзи сешанбе бузургтарин бохти як сарвазири Бритониё дар дар 95 соли ахир буд. Мэй талош кард, вакилон аз ин созишнома, ки баъди музокиротҳои тӯлонӣ ба даст омад, пуштибонӣ кунанд.

Интизор меравад, Мэй рӯзи панҷшанбе машваратро бо раҳбарони ҷиноҳҳои порлумонӣ дар бораи шартҳои эҳтимолии "нақшаи дувум" оғоз кунад. Эҳтимол аст, 21 январ дар робита ба стратегияи нави бурунрафти Бритониё аз ИА дубора дар порлумон раъйгирӣ шавад.

Агар ин бор низ нақшаи ҳукумат қабул нашавад, порлумони Бритониё эҳтимол аст, раванди бурунрафт аз ИА-ро зери назорат гирифта, барои созишномаи нав худаш талош кунад. Дар ғайри сурат, Бритониё маҷбур мешавад, Иттиҳоди Аврупоро бидуни созиш тарк кунад.

XS
SM
MD
LG