Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ду нафар барои сабқати мошинронӣ дар Душанбе дастгир шуд


Акс аз вебсайти Вазорати корҳои дохилӣ
Акс аз вебсайти Вазорати корҳои дохилӣ

Мақомоти корҳои дохилии Тоҷикистон ду нафарро бо иттиҳоми ташкили пойга ё сабқати мошинронӣ дар яке аз кӯчаҳои шаҳри Дуганбе дастгир кардаанд. Ба Фаридун Забиров ва Маъруфҷон Қурбонов аз 13 то 16 ҳазор сомонӣ ҷарима ва ду соли маҳрумӣ аз ҳаққи ронандагӣ таҳдид мекунад.

Масъулони Вазорати корҳои дохилӣ рӯзи 18-уми январ гуфтанд, Фаридун Забиров ва Маъруфҷон Қурбонов шаби 10-уми январи имсол дар хиёбони Айнии пойтахт сабқати мошинронӣ ташкил карда, “бо садои гӯшхарош ва суръати баланд оромии шаҳрвандонро халалдор намудаанд”.

“Айни замон мошини ҳарду гумонбар дар ҷаримагоҳи Бозрасии Давлатии Автомобилӣ қарор дошта, нисбат ба ронандагон бар асоси моддаи 326, иловаи 1, қисми 1-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ парванда боз шудааст”, - гуфтанд дар Вазорати корҳои дохилӣ.

Порлумони Тоҷикистон баҳори соли гузашта ҷазои ҷавононеро, ки сабқати мошинронӣ дар роҳҳои кишварро як навъ дилхушӣ медонанд, сахт кард.

Аммо ҷавононе, ки шефтаи суръати баланд ҳастанд ва аз ин роҳ “адреналин”-и худро хориҷ мекунанд, мегӯянд, таъйини ҷазо дуруст нест, чун онҳо на ҷиноят содир кардаанд ва на коре ғайриқонунӣ.

XS
SM
MD
LG