Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Исроил мегӯяд, ба нерӯҳои "Қудс"-и сипоҳи Эрон дар Сурия ҳамла кардааст


Артиши Исроил дар баёнияе гуфт, ба нерӯҳои "Қудс"-и Сипоҳи посдорони Эрон дар Сурия, ҳамла кардааст. Исроил маъмулан аз пазириши мустақими масъулияти ҳамлаҳои худ дар хоки Сурия худдорӣ кардааст, ҳарчанд фармондеҳони исроилӣ аз анҷоми "ҳазорон" ҳамла дар ду соли ахир хабар додаанд.

Баёнияи артиши Исроил субҳи душанбеи 21-уми январ, чанд соат пас аз он нашр шуд, ки Сурия ва Исроил алайҳи якдигар ҳамлаҳои ҳавоӣ ва мушакӣ анҷом дода буданд.

Дар баёнияи артиши Исроил гуфтааст, "мо ҳамла ба пойгоҳҳои вобаста ба нерӯи Қудс дар хоки Сурияро оғоз кардаем. Ба артиши Сурия ҳушдор медиҳем, аз иқдом алайҳи хок ё нерӯҳои исроилӣ худдорӣ кунад."

Фармондеҳи кулли Сипоҳи посдорони Эрон ҳафтаи гузашта дар вокуниш ба изҳороти ахири мақомҳои исроилӣ гуфт, "Эрон ончӣ дар Сурия дорад, ҳифз хоҳад кард".

Андаке пеш аз ин баёния, Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил гуфта буд, "мо як сиёсати собит дорем -- ҳамла ба пойгоҳҳои Эрон дар Сурия ва зарба задан ба ҳар он касе, ки талош мекунад ба мо зарба бизанад". Оқои Нетаняҳу таъкид кардааст, ки ин сиёсат тағйир нахоҳад кард.

Артиши Исроил рӯзи якшанбеи 20-уми январ гуфта буд, системаи зиддимушакии он кишвар, мушакеро, ки аз Сурия ба сӯи баландиҳои Ҷулон партоб шуда буд, роҳгирӣ кардааст. Хабаргузории расмии Сурия низ гузориш дода буд, ки системаи зиддимушакии он кишвар ба ҳамлаҳои ҳавоии Исроил дар минтақаҳои ҷанубӣ посух додааст.

Ҳамзамон бо ин гузоришҳо, Роми Абдураҳмон, раиси созмони Дидбони ҳуққи башар дар Сурия гуфта буд, "дар минтақае, ки мавриди ҳадафи нерӯҳои исроилӣ қарор гирифтааст, анборҳои силоҳ барои "Ҳизбуллоҳ"-и Лубон ва ҷангҷӯёни эронӣ қарор дорад".

Неруҳои артиши Исроил дар баландиҳои Ҷулон.
Неруҳои артиши Исроил дар баландиҳои Ҷулон.

Мақомҳои эронӣ ҳанӯз ба ин ҳодиса ва баёнияи нави артиши Исроил вокунише нишон надодаанд.

Ҳамлаҳои ахири Исроил ва баёнияи рӯзи душанбеи артиши Исроил чанд рӯз пас аз он нашр шуд, ки ахиран раиси пешини Ситоди кулли артиши Исроил гуфт, ки кишвараш аз соли 2017 ба ин сӯ, ба пойгоҳҳои эронӣ дар Сурия даҳҳо ҳамла кардааст.

Андаке пас аз он низ Бенятмин Нетаняҳу дар нишасти ҳукумати Исроил гуфт, "мавҷи ҳамлаҳои ахир собит мекунад, ки "мо беш аз гузашта дар талошҳо алайҳи Эрон дар Сурия қотеъ ҳастем".

Фармондеҳи кулли Сипоҳи посдорони Эрон ҳафтаи гузашта дар вокуниш ба изҳороти ахири мақомҳои исроилӣ гуфт, "Эрон ончӣ дар Сурия дорад, ҳифз хоҳад кард".

Ба ҳар ҳол, ба назар мерасад, ки сукути маъмулии мақомҳои баландпояи Исроил ва артиши он кишвар дар мавриди ҳамлаҳо ба пойгоҳҳои ба гуфтаи онҳо "эронӣ" дар хоки Сурия, шикаста шудааст.

Ҷумҳурии исломӣ мегӯяд, бо дархости ҳукумати Сурия ва барои "набард алайҳи терроризм" вориди ҷанг дар он кишвар шудааст. Аммо Исроил, ки хостори хуруҷи ҳама нерӯҳои эрони аз Сурия аст, мегӯяд, ҳадафи Теҳрон таҳкими ҳузури худ дар наздикии марзҳои Исроил ва таҳдиди он кишвар аст.

Ҷанги дохилии Сурия аз соли 2011 оғоз шудааст ва бар асари он беш аз ним миллион нафар ҷони худро аз даст додаанl ва беш аз ними аҳолии он кишвар овора шудаанд.

XS
SM
MD
LG