Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тағйироти кадрӣ дар Вазорати молия ва Дастгоҳи президент


Ҷамшед Нурмаҳмадиён
Ҷамшед Нурмаҳмадиён

Дар Вазорати молия ва Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон чанд тағйироти кадрӣ сурат гирифт. Бино ба қарорҳои ҳукумати Тоҷикистон, ки рӯзи 22-юми январ нашр шуд, Ҷамшед Нурмаҳмадиён "бо сабаби ба кори дигар гузаштан" аз вазифаи муовини вазири молия озод гардид. Нурмаҳмадиён 46 сол дошта, қаблан дар Оҷонси рушди коғазҳои қиматбаҳо кор кардааст. Аз моҳи марти соли 2015 муовини вазири молия буд. Ҳоло Абдураҳмон Ҳалимзод ва Карим Гулмуродзода муовинони нави вазири молия муаррифӣ шуданд. Гулмуродзода то ин дам муовини раиси Кумитаи андози Тоҷикистон буд. Аммо ҳанӯз маълум нест, ки Ҷамшед Нурмаҳмадиён ба кадом мақом таъйин шудааст. Бино ба қарорҳои дигари ҳукумат, Аъламхон Наимӣ сардори раёсати молия, Лутфия Абдухолиқзода сардори раёсати илм ва Суннатулло Мирзозода сардори раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон таъйин шудаанд. Хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон гуфт, рӯзи сешанбе дар идораи Хоҷагии манзиливу коммуналӣ, Маркази миллии қонунгузорӣ ва Вазорати саноат низ баъзе тағйироти кадрӣ сурат гирифтааст.

XS
SM
MD
LG