Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кумитаи тафтишот: Мусофире, ки парвози ҳавопаймо ба Афғонистонро талаб кард, боздошт нашудааст


Даромадгоҳи фурудгоҳи Ханти-Мансийск
Даромадгоҳи фурудгоҳи Ханти-Мансийск

Кумитаи тафтишоти Русия хабарҳо дар бораи боздошт шудани мусофиреро, ки парвози ҳавопаймо ба Афғонистонро талаб карда буд, рад кард. Дар изҳороти ахири ин ниҳоди қудратӣ гуфта мешавад, ки гумонбар дар ғасби ҳавопаймо дар дохили ҳавопаймо ҳамроҳ бо дигар мусофирон қарор дорад.

Чанде пеш хабаргузориҳои русӣ гуфтанд, ки як мусофири 41-солаи шаҳрванди Русия дар ҳавопаймои хатсайри Сургут-Маскав талаб кард, ки ҳавопаймо ба самти Афғонистон парвоз кунад.

РИА Новости бо истинод ба манбаи беномаш гуфт, ки ходимони экипаж тавонистанд бо баҳонаи сӯхтгирӣ ҳавопайморо дар фурудгоҳи Ханти-Манскийск фуруд оранд. Ин манбаъ гуфтааст, ки мусофир маст буд. РЕН ТВ навишт, ки марди ҳавопайморо “ғасбкарда” мусаллаҳ буд. ТАСС бо такя ба хадамоти изтирорӣ навишт, ки дар дохили ҳавопаймо ҳодисаи “авбошӣ” рух додааст. Фарзияи дигар ҳам вуҷуд дорад, ки мард метавонад мушкилоти равонӣ дошта бошад. Интерфакс навиштааст, ки ин мард дар гузашта ҳам барои содир кардани қонуншиканиҳои маъмурӣ дар ҳолати мастӣ борҳо боздошт шудааст.

Дар дохили ҳавопаймо беш аз 70 мусофир, аз ҷумла панҷ кӯдак ва 7 узви экипаж қарор доштанд. Ба навиштаи Телеграм-канали "Мэш", дар дохили ҳавопаймо ҳама орому сокит аст ва халабон баъди фуруд овардани ҳавопаймо ба мусофирон гуфтааст, ки ором бошанд ва ҳавопаймо барои сӯхтгирӣ дар фурудгоҳи Ханти-Мансийск нишастааст.

Дар фурудгоҳи Ханти-Манскийск хадамоти изтирорӣ ва полис ҷамъ шудаанд.

ТАСС бо такя ба манбаааш дар сохторҳои қудратӣ мегӯяд, ки ба ин мард метавонанд бар асоси моддаи «Дуздии ҳавопаймо ваё киштӣ” айб эълон кунанд.

XS
SM
MD
LG