Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Украина: Киштиҳои оташгирифта ба Сурия маводи сӯхт мебурданд


Яке аз ду киштии борбар, ки дар тангнои Керч оташ гирифт. 21-уми январи соли 2019
Яке аз ду киштии борбар, ки дар тангнои Керч оташ гирифт. 21-уми январи соли 2019

Ду киштии таҳти парчами Танзания, ки шоми 21-уми январ дар баҳри Сиёҳ, наздикии тангнои Керч оташ гирифта, дастикам 14 нафарро ба ҳалокат расонд, дар қочоқи сӯзишворӣ ба Сурия даст доранд. Дар ин бора Вазорати Украина дар умури қаламравҳои ишғолшуда рӯзи сешанбе бо пахши як изҳорот хабар дод.

Дар изҳорот омадааст, "бино ба маълумоти Идораи умури назорат ба дороиҳои хориҷӣ дар Вазорати молияи Амрико, киштиҳои "Венис" ва "Маэстро" аз соли 2016 ба ин тараф ба Сурия гази моеъ мебурданд."

Дар изҳорот, инчунин, гуфта мешавад, ки киштиҳо ба бандарҳои Қрими ишғолшуда низ ворид мешуданд. Вале онҳо сенсори муайянкунандаи рақами киштиҳо AIS-ро хомӯш мекарданд, то аз таҳдиди таҳримҳои байналмилалӣ канор раванд.

Гуфта мешавад, ки рӯзи 20-уми январ киштиҳо аз бандари Темрюки Русия берун омаданд. Сӯхтор ҳангоми интиқоли гази моеъ ба киштии дигар дар истгоҳи баҳрӣ, 15-километрии соҳил, ба вуқуъ пайваст.

Украина Русияро ба эҷоди таҳдиди хатар ба ҳаракати киштиҳо дар тангнои Керч муттаҳам кард.

Рӯзи гузашта дафтари матбуотии "Росморречфлот" гуфт, ки шанси зинда пайдо кардани одамон баъди ин сӯхтор дар миён нест. Ҳалокати 14 маллоҳ ва наҷот ёфтани 12 нафар тасдиқ шуд. Шаш нафар нопадид шудааст.

Ба ҳайати сарнишонони киштиҳо шаҳрвандони Туркия ва Ҳиндустон шомил буданд. Дар байни онҳо русҳо ва украиниҳо ҳузур надоштанд. Сӯхтор ба ҳаракати киштиҳо дар тангнои Керч халал ворид накард.

XS
SM
MD
LG