Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Изҳороти вазири меҳнат модарони серфарзандро ба шӯр овард


Занҳои қазоқ аз деҳкадае дар марзи Узбекистон
Занҳои қазоқ аз деҳкадае дар марзи Узбекистон

Модарони серфарзанди Қазоқистон аз президент Нурсултон Назарбоев даъват карданд, ки вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоиро барканор кунад. Мадина Абилқосимова ахиран 30-доллари давлатро ба оилаҳои соҳиби чаҳор фарзанд кумаки қобили таваҷҷуҳ номид.

"Ҳаҷми миёнаи таваррум имсол 5%-ро ташкил дод ва бинобар ин, кумакпулӣ низ афзоиш ёфт. Ин кумакпулӣ ҳар моҳ ба модароне дода мешавад, ки барои серфарзандӣ мукофотҳои давлатӣ гирифтаанд. Дар дигар кишварҳо таҷрибаи мазкур тақрибан вуҷуд надорад. Агар мо ҳаҷми солонаи онро ҳисоб кунем, чандин миллион танга мешавад", - гуфта буд Абилқосимова.

Модари серфарзанд Ирина Исобекова пас аз пахши суҳбати навбатии вазир ба президенти ин кишвар Нурсултон Назарбоев муроҷиат кард.

"Дар суҳбати нахустин мо метавонистем фикр кунем, ки ӯ ҷое иштибоҳ кард ё мо паёмашро нодуруст фаҳмидем, вале суханҳои ахири ӯ мавқеашро равшан карданд. Ӯ аз мушкили мо хеле дур аст. Ман намедонам, он ҷо кист, ки ҳаҷми кумакпулиро муайян мекунад. Онҳо ягон бор харҷи зиндагиро бо ин маблағ таҷриба карда бошанд?", - мегӯяд Исобекова.

Аз мавқеи Исобекова модарони серфарзанди дигар низ ҷонибдорӣ карданд. Онҳо ҳатто дар шабакаҳои иҷтимоӣ флешмобро ба роҳ монданд. Бархеашон видеоҳое ба навор гирифта, баъзеи дигар ҳаҷми кумакпулиро ҳисоб мекунанд.

Дар Қазоқистон оилаҳое серфарзанд шумурда мешаванд, ки чаҳор ё зиёда аз он фарзанд доранд. Занҳое, ки шаш фарзанд доранд, бо нишони давлатӣ қадрдонӣ мешаванд.

Ирина Исобекова мегӯяд, то ҳол аз давлат ҳеч гуна кумакпулие нагирифтааст, зеро натавонист ҳуҷҷатҳои лозимиро ҷамъоварӣ кунад. Ба гуфтаи ӯ, харҷи ҷамъоварии ҳуҷҷатҳо аз кумакпулӣ бештар аст. Мақомоти Қазоқистон муроҷиати модари серфарзандро ба президент то ҳол шарҳ надодаанд.

XS
SM
MD
LG