Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бе "истон". Пешниҳоди табдили номи Қазоқистон ба Ҷумҳурии Қазоқӣ


Вакили порлумони Қазоқистон Озод Перуашев
Вакили порлумони Қазоқистон Озод Перуашев

Дар Қазоқистон талаб доранд, ки пасванди “истон” (стан) аз номи ин кишвар ҳазф карда шавад. Озод Перуашев, вакили порлумони Қазоқистон, рӯзи 23-юми январ аз нахуствазири он кишвар хостааст, Қазоқистонро расман ба Ҷумҳурии Қазоқӣ табдил диҳанд.

Феликс Қулов, яке аз сиёсатмадорони қирғиз, низ панҷ соли пеш пешниҳод карда буд, ки кишвараш “Қирғиз Ел Республика” ном гирад.

Перуашев дар як дархости депутатӣ ба нахуствазири Қазоқистон гуфтааст, соли 2020 аз ташкили ин кишвари Осиёи Марказӣ 100 сол мегузарад ва бояд ин сана "сазовор таҷлил карда шавад". Вай афзудааст, "вақти он расида, ки пешниҳоди Нурсултон Назарбоев дар бораи иваз кардани номи ҷумҳурӣ дар амал татбиқ гардад."

Нурсултон Назарбоев, раиси ҷумҳури Қазоқистон, ки дар кишвараш бо номи “элбаси” низ маъруф аст, моҳи феврали соли 2014 дар шаҳри Атирау пешниҳод карда буд, пасванди "истон" аз номи ҷумҳурии зери раҳбарии ӯ бардошта шавад. Ва он замон пешниҳоди табдили номи Қазоқистон ба "Қазақ ели" ё Замини Қазоқ садо дод.

Нурсултон Назарбоев
Нурсултон Назарбоев

Ин хабар дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳси гармро барпо кард ва тарафдорону мухолифони пешниҳодро дар ду сангар қарор дод. Дар дархости депутатии Озод Перуашев ба нахуствазири Қазоқистон гуфта шудааст, ки бозгашт ба номи аслӣ ё аввалияи Қазоқ "натанҳо адолати таърихиро барқарор мекунад, балки иттиҳод ва рафоқати ҳамватанон ва намояндагони миллатҳоро дар кишвар бештар менамояд".

Пешниҳоди табдили номи Қазоқистон аз ин пеш дар соли 2010 аз тарафи миллатгароёни қазоқ таҳти сарварии Ҳасан Кожахмет дар анҷумани нерӯҳои натсионал-патриоти ин кишвар садо дода буд. Вай гуфта буд, "Қазоқистон" бояд ба "Давлати Қазоқ" табдил дода шавад ва кишвар аз зери султаи Русия барояд.

Тақрибан дар ҳамин давра тундгарои рус Николай Левашов дар чанд мусоҳибааш эълом дошт, ки миллати “қазоқ”-ро болшевикҳо ихтироъ карданд ва номи “Казахстан” аз “Казачий Стан” ё ситоди казакҳо пайдо шудааст. Дар ҳамин давра дар Русия филми мустанаде нашр шуд, ки бино бар он Қазоқистон то соли 1936 дар санадҳои давлатӣ ва ҳизбӣ “Казакская ССР” навишта мешуд.

Феликс Қулов
Феликс Қулов

Аммо танҳо Қазоқистон нест, ки мехоҳад пасванди “истон”-ро аз номи худ қайчӣ занад. Феликс Қулов, яке аз сиёсатмадорони қирғиз, низ панҷ соли пеш пешниҳод карда буд, ки кишвараш “Қирғиз Ел Республика” ном гирад. Қулов гуфта буд, пасванди "истон” (стан) ба обрӯи кишвараш латма мезанад.

Панҷ кишвари Осиёи Марказӣ ва Ҳиндустону Покистон ва Афғонистон дар номи худ пасванди “истон” доранд. “Истон” дар фарҳанги забони тоҷикӣ ба унвони пасванди исмсоз тавсиф шудаст, ки ба калима маънои афзунии он чизро дар ҷое медиҳад. Ба мисли гулистон, кӯҳистон ва чаманистон.

Дар Ғарб кишварҳои Осиёи Марказиро маҳз бо ҳамин "бренд" мешиносанд. Ҳатто бо афзун шудани масоили ришвату фасод дар ин кишварҳо баъзан минтақаро "Корруптистан" ё "Корруптистон" ҳам ном мебаранд.

XS
SM
MD
LG