Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дардисарҳои "паймони шифоҳӣ" дар ҷомеаи Тоҷикистон. ВИДЕО


Бисёре аз сокинон ҳанӯз ба ваъдаҳои шифоҳӣ ё даҳонӣ бовар мекунанд ва барои қонунӣ кардани муомилот ва додугирифтҳои худ талош наменамоянд. Ин ҳолат дар ниҳоят онҳоеро, ки ба ваъдаҳои шифоҳӣ эътимод мекунанд, то ба толори додгоҳ мебарад ва ҳатто ба маҳбас мекашонад.

Умаралӣ Қурбоналиев, собиқ сарчӯпони хоҷагии зотпарварии "Ҳисор" дар ноҳияи Фархор, яке аз онҳоест, ки то рӯзи ҳабс ба ваъдаи шифоҳии роҳбарияти хоҷагӣ эътимод дошт. Ин сокини Фархор мегӯяд, тайи як созиши шифоҳӣ бо ин хоҷагии зотпараварӣ ба кор даромад ва ҳеҷ санаде дар ин робита имзо накарда буд.

Шуморе аз сокинон дар деҳот вақте баҳсҳояшон дар масоили гуногун ба мақомоти интизомӣ кашида мешавад, ҳини пурсиш мегӯянд, ки онҳо аз як мақомдори маҳаллӣ ё нафаре дигар шифоҳӣ иҷозат дарёфт карда буданд.

Ба нақли Умаралӣ Қурбоналиев, масоили пешомадаро шифоҳӣ ҳаллу фасл мекарданд ва барои мисол, агар гӯсфанде талаф меёфт, онро ба хоҷагӣ таслим мекард ва дар дафтари худаш сабт мекард. Мегӯяд, ҳарчанд тартиби додани санадро тақозо мекард, масъулини хоҷагии зотпарварӣ ӯро ҳар вақт мутмаин месохтанд, ки "ҳамааш дуруст аст" ва санадро дар фурсати муносиб омода мекунанд ва барои ӯ мушкиле пеш нахоҳад омад.

Ӯ бо раҳбарияти хоҷагии зотпарварии "Ҳисор" ба таври шифоҳӣ ба тавофуқ расида буд, ки ҳар моҳ ба ҷои маош, як гӯсфанд дарёфт мекунад. Аммо мегӯяд, ин ҳама эътимод ва созиши шифоҳӣ балои сараш шуд ва ӯро барои "исрофкорӣ" гунаҳкор карданд ва дар ниҳоят барои ду сол зиндонӣ намуданд.

Афроде, ки дар гузашта дучори чунин мушкил шудаанд, мегӯянд, бархе мақомдорон аз ноогоҳии мардум истифода карда, тарафи дигарро дар вазъе мегузоранд, ки барои исботи ҳақ будани худ ҳуҷҷате дар даст надорад ва мағлуби баҳсҳои додгоҳӣ мешавад.

Дардисарҳои "паймони шифоҳӣ" дар ҷомеаи Тоҷикистон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:53 0:00

Зафар Холов, як сокини Кӯлоб, ки замоне бо Рустам Темуров, сардори пешини шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Ховалинг баҳси пулӣ дошт, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, замони тафтиши парвандааш дар додситонии Кӯлоб ба ӯ ваъда доданд, ки агар аз гуноҳи тарафи айбдоршаванда гузарад, муфаттиши додситонӣ пулашро гирифта медиҳад.

Зафар Холов мегӯяд, ба ин бовар, ки додситон "чашми қонун" аст, аз даъво алайҳи Рустам Темуров гузашт, то пулу хонаашро пас бигирад. Ӯ мегӯяд, аммо эътимоди шифоҳӣ ба зарари ӯ анҷомид ва то ҳол пулашро гирифта наметавонад.

Зафар Холов, сокини шаҳри Кӯлоб.
Зафар Холов, сокини шаҳри Кӯлоб.

"Додситони шаҳр гуфт, ки аз гуноҳаш гузар, мо худамон пулатро гирифта медиҳем ва ба суханҳои онҳо бовар кардам. Каллаам кор накард, ки забонхат гирам. Дар охир на пулро гирифтам ва на хонаро",-гуфт мусоҳиби мо.

Вале бархе аз сокиноне, ки чунин таҷрибаҳоро аз сар гузарониданд, мегӯянд, дар сурати доштани маблағ, он ваъдаҳо амалӣ мешавад ва дар ғайри он ба зарари худи даъвогар анҷом меёбад.

Акрам Абдуллоев, сокини маҳаллаи "Чармгари Поён"-и шаҳри Кӯлоб мегӯяд, соли 2010 хонаашро сел бурд ва мақомот ба ӯ на замин доданд ва на хона. Ба иддаои Абдуллоев, нӯҳ сол мешавад, ки дар ҳукумати шаҳр ба ӯ замин ваъда мекунанд, вале ҳеч кӯмак накарданд.

Ҳоло дар бештари манотиқи кишвар сокинон дар баҳсҳои марбут ба замин ва масоили дигар замоне корашон то дари мақомоти интизомӣ кашида мешавад ва ҳини пурсиш мегӯянд, ки онҳо аз як мақомдори маҳаллӣ ё нафаре дигар шифоҳӣ иҷозат дарёфт карда буданд.

XS
SM
MD
LG