Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар сафари Мирзиёев ба Олмон танқиди матбуотӣ аз таъриф бештар буд


Танқиди Узбекистон дар "Шпигел"
Танқиди Узбекистон дар "Шпигел"

Бархилофи интизороти мақомоти Узбекистон аз созишнома бо оҷонсии олмонӣ, танқид дар ҷараёни сафари президент Шавкат Мирзиёев ба ин кишвар бештар аз ситоиш буд.

Дар расонаҳои олмонӣ ба муносибати сафари Мирзиёев ба ин кишвар дар бораи Узбекистон чандин мақолаи танқидӣ нашр шуд, дар ҳоле, ки Тошканд интизор дошт созишнома бо оҷонсии олмонии "GPRC German PR and Consulting Group GmbH" ситоиши Узбекстонро дар матбуот таъмин мекунад.

Бар пояи созишнома дар арафаи сафари мазкур гурӯҳе аз рӯзноманигорони олмонӣ меҳмони Узбекистон шудаанд ва барояшон ҳамаи шароити кор фароҳам буд. Ин рӯзноманигорон ҳамчунин бо мансабдорони баландпояи Узбекистон мулоқот кардаанд.

Аммо дар ҷараёни сафари президент Мирзиёев ба Олмон матлабҳое нашр шуд, ки дар онҳо "аз ситоиш дида танқид бештар аст", - мегӯяд таҳлилгари олмонӣ Эккехард Маас.

Ба гуфтаи бунёдгузор ва раҳбари GPRC German PR and Consulting Group Константина Пановко, "ҳадаф ситоиши Узбекистон набуд. Онҳо Узбекистонро бояд тавре ки ҳаст, ба Олмон муаррифӣ мекарданд". Пановко гуфт, ширкати зери раҳбарии ӯ ба муҳтавои матлабҳо ҳеч гуна таъсире нарасондааст.

Матлаби яке аз рӯзноманигорони олмонӣ Феликса Лилля, ки бо дархости оҷонсии мазкур аз Узбекистон боздид кард, "Ғуломони тилои сафед" ном дорад. Он дар асоси вохӯриҳо бо вазири меҳнати Узбекистон ​Шерзод Қудбиев ва раҳбари Форуми ҳуқуқи инсони Узбекистону Олмон таҳия ва дар яке аз нашрияҳои маъруфи олмонӣ -- Frankfurter Rundschau нашр шуд.

Таҳлилгари олмонӣ Экхард Маас мегӯяд, "мафкураи олмонӣ матлабҳои ситоиширо қабул надорад ва чунин матолиб метавонанд вокуниши баръакс диҳанд.

Узбекистон дар давоми 25 соли президентии Ислом Каримов дар сархати гузоришҳои созмонҳои байналмилалӣ ва изҳороти расонаҳои ғарбӣ дар бораи "меҳнати иҷборӣ ва нақзи ҳуқуқи инсон" қарор дошт.

Президенти нави Узбекистон Шавкат Мирзиёев дар расонаҳои олмонӣ ҳамчун "лидери ислоҳотхоҳ" муаррифӣ шуд, ки "ба тағйир ва шаффофият талош мекунад".

XS
SM
MD
LG