Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хадамоти алоқа ва вазорати адлия ба саволҳои журналистон посух медиҳанд


Яке аз сохторҳое, ки рӯзи 28 январ нишаст барпо мекунад, Хадамоти алоқа ба раҳбарии Бег Сабур аст
Яке аз сохторҳое, ки рӯзи 28 январ нишаст барпо мекунад, Хадамоти алоқа ба раҳбарии Бег Сабур аст

Оҷонсии расмии “Ховар” мегӯяд, ки ҷадвали баргузории нишастҳои матбуотии вазорату идораҳои давлатӣ, ки қарор аст аз 28 январ шурӯъ шаванд, як рӯз пеш аз баргузориашон дар ҳамин вебсайт нашр мешаванд. Дар хабари рӯзи 25 январ гуфта мешавад, ки нишастҳои хабарӣ оид ба натиҷагирӣ аз фаъолияти сохторҳои давлатӣ дар соли 2018 аз Вазорати адлия, Хадамоти алоқа, Вазорати кишоварзӣ, КВДҶ «Тоҷикагролизинг», Академияи илмҳои кишоварзӣ ва Вазорати энергетика ва захираҳои об оғоз хоҳанд шуд.

Дар солҳои қаблӣ нишастҳои матбуотӣ бо дастури Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон ва бар асоси як ҷадвали аз пеш тарҳрезишуда баргузор мешуданд ва журналистон имкони аз қабл омода шудан ба ин нишастҳоро доштанд.

Ба иттилои Радиои Озодӣ, нақшаи нишастҳои матбуотии шурӯи соли 2019 моҳи декабр аз ҷониби Озода Раҳмон, раҳбари Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон имзо шуда, қарор аст аз 28 январ то 15 феврал идома кунад.

Нишастҳои матбуотии ҳатмии мақомоти сохторҳои давлатии Тоҷикистон бо як амри президенти Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2011 роҳандозӣ шудаанд. Ин нишастҳо соле ду бор баргузор мешаванд ва намояндагони матбуоти тоҷик танҳо дар ҳамин фурсат имкон доранд, ки саволҳои худро бо мақомот матраҳ кунанд. Дар оғози ҷорӣ шудани муқаррароти баргузоркунии нишастҳои матбуотӣ чунин нишастҳо соле чор бор баргузор мешуданд.

Журналистони тоҷик мегӯянд, ки бо вуҷуди нокофӣ ва хеле маҳдуд будани имконияти гирифтани посухи саволҳояшон, бархе сохторҳои давлатӣ дар ин нишастҳо боз ҳам талош мекунанд аз саволи журналистон фирор кунанд ва танҳо бо қироати гузориш оид ба фаъолияти солонаву нимсолаашон маҳдуд шуда толорро тарк мекунанд. Як чунин нишасти матбуотии мақомоти кумитаи зан ва оила соли 2018 мавриди интиқоди журналистон қарор гирифта буд.

Дар ҳолатҳои зиёди дигар мақомоти аввали сохторҳои давлатӣ аз ҳозир шудан дар баробари журналистон худдорӣ мекунанд ва муовину дигар мутасаддиёни худро ба ин нишастҳо мефиристанд. Ин дар ҳолест, ки бисёр вақт журналистон мехоҳанд саволҳои худро ба раҳбарони аввал бидиҳанд.

XS
SM
MD
LG