Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Футболбози шинохтаи тоҷик Дилшод Восиев аз "Истиқлол" рафт


Дилшод Восиев, капитани собиқи «Истиқлол» ва узви дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон, ки яке аз футболбозони серунвонтарин дар таърихи футболи тоҷик ба шумор меравад, карйераи бозигариашро дар бошгоҳи Душанбе ба итмом расонид.

Дар ин бора сомонаи расмии бошгоҳи футболи «Истиқлол» хабар додааст. Ба иттилои манбаъ, ҳамлагари маъруф Дилшод Восиев баъди даҳ соли ҳунарнамоии худ дар ҳайати «Истиқлол», аз ин бошгоҳ рафт ва феълан бозигари озод мебошад.

Дилшод Восиев дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки дар дастаи «Истиқлол» даҳ мавсим бозӣ карда, соҳиби унвону ҷоизаҳои зиёд шуд. Ӯ мегӯяд, дар ин бошгоҳ беҳтарин солҳои ӯ дар футбол гузаштааст ва ҳамчун футболбоз маҳз дар «Истиқлол» камол ёфт.

"Аз ҳамаи аъзои бошгоҳ, ҳамкасбону мураббиён барои дастгириашон миннатдорам. Ҳамчун бозигари озод интизори даъват аз бошгоҳҳои дигар мебошам. Ман ҳанӯз нерӯи зиёд дорам ва карйераи бозигариамро идома медиҳам”, -гуфт Дилшод Восиеви 30-сола ба Радиои Озодӣ.

Ба иттилои дафтари матбуоти бошгоҳи футболи “Истиқлол”, роҳбарияти бошгоҳ пеш аз оғози мавсими нав ҳамасола ҳайати дастаро аз ҳисоби бозигарони ҷавону моҳир пурра мекунад. Аз ин рӯ, роҳбарияти бошгоҳ ба Дилшод Восиев барои хидматҳои бузургаш дар тӯли даҳ сол дар даста изҳори сипос намуда, ба ӯ дар оянда муваффақият таманно кардааст.

Дилшод Восиев аз оғози соли 2009 дар «Истиқлол» бозӣ мекард. Дар ин муддат ӯ ду бор (2012, 2013) беҳтарин бозигари Тоҷикистон ва се бор (2012, 2014, 2017) беҳтарин нишонзани мусобиқоти қаҳрамонии кишвар шудааст.

Ӯ ҳамроҳ бо дастаи қаҳрамони ҳафткаратаи Тоҷикистон дар бисёр мусобиқоти дохили кишвар ғолиб шуда, инчунин барандаи Ҷоми президенти АФК-2012 ва финалисти дукаратаи Ҷоми АФК (2015, 2017) гардидааст.

Дилшод Восиев, инчунин дар ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон соли 2006 ғолиби Ҷоми даъвати АФК гардида, дар ин мусобиқот бо медалҳои нуқра (2008) ва биринҷӣ (2010) мукофотонида шудааст.

XS
SM
MD
LG