Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Паноҳҷӯи эронии маҳбус дар як ҷазира барандаи ҷоизаи адабии Австралия шуд


Беҳрӯз Бучонӣ (аз чап аввал)

Як паноҳҷӯ ва рӯзноманигори курди эронӣ яке аз муҳимтарин ҷоизаҳои адабии Австралияро аз они худ кард. Аммо аз сабаби он, ки ӯ дар боздоштгоҳи ҷазираи Манус нигаҳдорӣ мешавад ва ҳақ надорад ба қаламрави Австралия ворид шавад, натавонист дар маросими тавзеи ҷоизаҳо ҳузур ёбад.

Беҳрӯз Бучонӣ номи барандаи ин давраи ҷоизаи адабии Виктория дар Мелбурни Австралия аст. Ин ҷоиза сад ҳазор доллари Австралия, муодили 73 ҳазордоллари амрикоӣ, арзиш нақдӣ дорад. Оқои Бучонӣ китоби худ бо номи "Ҳеҷ дӯсте ҷуз кӯҳҳо"-ро дар зиндони ҷазираи Манус навиштааст. Ҷое, ки вай бо беш аз ҳазор паноҳҷӯи дигаре, ки мехостанд худро ба Австралия бирасонанд, аз соли 2013 ба ин тараф дар боздошт аст.

Ношири китоби оқои Бучонӣ гуфтааст, ки ӯ тариқи WatsApp китоби худро навишта ва онро ба хориҷ аз ҷазираи Манус фиристодааст.

"Ҳеҷ дӯсте ҷуз кӯҳҳо" ба унвони беҳтарин китоби ғайридостонӣ интихоб шудааст. Беҳрӯз Бучонӣ гуфтааст, ки аз дарёфти ин ҷоиза "эҳсоси зиддунақиз" дорад, зеро намехоҳад ин муваффақиятро дар ҷое ҷашн бигирад, ки шоҳиди ранҷҳои бисёре аз одамҳо дар атрофи худ аст.

Вай изҳор дошт, "ман ин китобро барои ҷоиза нанавиштам. Ҳадафи аслиам ҳамеша мардуми Австралия ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон буд, ки воқеан мутаваҷҷеҳ шаванд, ин низом чигуна инсонҳои бегуноҳро дар Манус (паноҳгоҳ) шаш сол аст, ки шиканҷа мекунад. Ман умедворам, ки ин ҷоиза сабаби таваҷҷуҳи бештар ба шароити мо, эҷоди тағйир ва поёни ин сиёсатҳои ваҳшиёна шавад."

Ин нависанда дар ниҳоят таъкид кард, "озодии моро ба мо баргардонед. Мо ҳеҷ ҷинояте содир накардаем. Мо фақат паноҳҷӯем."

Ношири китоби оқои Бучонӣ гуфтааст, ки ӯ тариқи WatsApp китоби худро навишта, онро ба хориҷ аз ҷазираи Манус фиристодааст. Китобро Умед Тавфиқиён ва Мунис Мансубӣ ба забони англисӣ тарҷума кардаанд.

Ҷазираи Манус --ҷое, ки паноҳҷӯён нигаҳдорӣ мешаванд.
Ҷазираи Манус --ҷое, ки паноҳҷӯён нигаҳдорӣ мешаванд.

Ҷазираи Манус ба сарзамини Папуа Гвинеяи Нав тааллуқ дорад. Аммо Автралия аз соли 2013 ба ин тараф онро ба боздоштгоҳи паноҳҷӯёне табдил кардааст, ки талош мекунанд худро бо қаиқҳо ба ин кишвар расонанд.

Ин сиёсати ҳукумати Австралия бо мухолифати густурдаи фаъолони ҳуқуқи башар рӯбарӯ шудааст, ки онро нақзи ҳуқуқи инсонии паноҳҷӯён медонанд. Мухолифони ин иқдоми ҳукумати Австралия то ба ҳол чандин бор дар шаҳрҳои калони он кишвар раҳпаймоиҳои эътирозӣ баргузор карданд.

Дар ин муддат гузоришҳои бисёре аз шароити ногувори паноҳҷӯён дар ҷазираи Манус мунташир шудааст. Ин шароит ва вазъи сангин ба марги беш аз даҳ паноҳҷӯ анҷомид ва дар ин байн теъдоде низ худкушӣ кардаанд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG