Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз сиёсати дохилӣ то хориҷӣ. Суханронии Трамп дар Конгресс


Доналд Трамп
Доналд Трамп

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико шоми сешанбе (ба вақти Амрико), паёми солонаи худро ба Конгресси он кишвар ироа кард. Дар ин суханронӣ, ки ҳудуди якуним соат идома кард, аъзои кобинаи Доналд Трамп, додрасҳои Додгоҳи олии он кишвар ва мақомҳои баландпояи низомии ИМА, низ иштирок доштанд.

Сиёсати дохилӣ

Раиси ҷумҳури Амрико дар суханронии солонаи худ дар Конгресси Амрико хостори ҳамкориҳои фароҳизбӣ дар кишвараш шуд, вазъияти иқтисодиро ситоиш кард ва ба зарурати бунёди девор дар марз бо Мексика таъкид намуд.​

Трамп қарор буд рӯзи 29-уми январ дар Конгресс суханронӣ кунад, вале раиси Маҷлиси намояндагон Ненсӣ Пелосӣ нагузошт, ки ин маросим баргузор шавад.

Оқои Трамп дар дувумин суханронии солонааш дар Конгресс гуфт, авлавияти ҳукумати ӯ кор кардан ба нафъи ҳама мардуми Амрико аст. Трамп аз вазъияти иқтисодӣ дар кишвараш ситоиш кард ва гуфт, "як мӯъҷизаи иқтисодӣ" дар ҳоли рух додан дар Амрико аст ва танҳо чизе, ки мумкин аст пеши онро бигирад, "ҷангҳои аблаҳона" ё "таҳқиқоти ҳизбии хандаовар" аст.

Ба назар мерасад, ишораи раиси ҷумҳури Амрико ба таҳқиқоте аст, ки дар ҳоли ҳозир аз сӯи муфаттиши вижаи додситонӣ дар мавриди "дахолатҳои Русия" дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар соли 2016, ҷараён дорад. Русия аз сӯи ниҳодҳои истихоборотии Амрико муттаҳам шудаааст, ки ба тарафдорӣ аз Доналд Трамп дар интихоботи Амрико дахолат кардааст. Доналд Трамп ин гуна иттиҳомотро радд кардааст.

Ихтилофҳо бар сари девори марзӣ

Доналд Трамп бо ишора ба фиристодани нерӯҳои нави низомии кишвараш ба марзи Мексика мегӯяд, онҳо қарор аст ҷилави мавҷи наве аз "юриши азим"-и муҳоҷирони ғайриқонуниро бигиранд. Вазорати дифои Амрико рӯзи ҷумъаи гузашта эълон кард, ки барои ҳимоя аз сарҳад, 3750 сарбоз ба марзи Амрико ва Мексика мефиристад.

Ихтилоф байни Трамп ва демократҳо то ҳанӯз фурӯкаш нашудааст.
Ихтилоф байни Трамп ва демократҳо то ҳанӯз фурӯкаш нашудааст.

Оқои Трамп бори дигар ба зарурати тақвияти марзҳои ҷанубии Амрико таъкид кард ва аз "ҷароим" ва "ҷиноят"-ҳое сухан гуфт, ки аз сӯи табаҳкорон анҷом мешавад. "Мо барои таъсиси як системаи муҳоҷиратӣ, ки зиндагӣ ҷойҳои кории шаҳрвандони амрикоиро ба хатар наандозад, масъулияти ахлоқӣ дорем",-гуфт оқои Трамп.

Байни Трамп ва демократҳо, ки дар Маҷлиси Намояндагони Амрико аксариятро ташкил медиҳанд, дар бораи шакли назорат аз марзҳои ҷанубии он кишвар, ихтилофоти амиқ вуҷуд дорад. Яке аз ихтилофоти асосӣ, ин талаби ҷудо кардани 5,7 миллиард доллар барои бунёди девор мебошад. Аммо демократҳо бо ҷудо кардани ин маблағ аз будҷа барои бунёди девор мухолиф ҳастанд.

Президенти Амрико бори дигар таъкид кард, ки кишвараш дар муқобили сиёсатҳои молӣ ва иқтисодии Чин вокуниш нишон хоҳад.

Сиёсати хориҷӣ

Доналд Трамп дар бахшҳое аз суханронии солонаи худ ба сиёсати хориҷии ҳукуматаш пардохт ва дар мавриди Эрон, Венесуэла, раванди набард алайҳи гурӯҳи "Давлати исломӣ", Кореяи шимолӣ, коҳиши нерӯҳои амрикоӣ дар Сурия ва Афғонистон ва масоили дигар сухан гуфт.

Трамп аз Николас Мадуро тақозо кард, ки қудратро ба раҳбари мухолифон Хуан Гуайдо вогузор кунад.
Трамп аз Николас Мадуро тақозо кард, ки қудратро ба раҳбари мухолифон Хуан Гуайдо вогузор кунад.

Раиси ҷумҳури Амрико аз ҷумла, ба коҳиши ҳузури низомии кишвараш дар Афғонистон ва Сурия таъкид кард. Ӯ ҳамчунин гуфт, ки дар авохири моҳи ҷорӣ дар Ветнам бо раҳбари Кореяи шимолӣ Ким Чен Ун мулоқот хоҳад кард. Мулоқоти аввали Доналд Трамп ва Ким Чен Ун соли гузашта дар Сингапур баргузор шуда буд.

Раиси ҷумҳури Амрико дар суханронии худ аз сиёсатҳои ҳукумати Эрон интиқод кард ва онро "бузургтарин" пуштибонӣ терроризм дар ҷаҳон хонд. Оқои Трамп дар паёми худ аз раиси ҷумҳури Венесуэла Николас Мадуро тақозо кард, ки қудратро ба раҳбари мухолифон Хуан Гуайдо вогузор кунад. Ӯ афзуд, ки Амрико дар паҳлӯи мардуми Венесуэла хоҳад истод.

Паёме, ки ба таъхир афтод

Суханронии президент дар шароите ироа шуд, ки ихтилофҳои дохилии миёни демократҳои Конгресс ва президент дар ҳоли афзоиш аст.

Суханронии президент чанд рӯз баъди хатми мутаваққифшавии кори ҳукумати Амрико баргузор шуд, ки 35 рӯз идома дошт ва тӯлонитарин дар таърихи ин кишвар буд. Ҳукумат баъди он аз кор монд, ки ҳарду палатаи Конгресс аз маблағгузории яке аз тарҳҳои баҳсбарангези президент – бунёди девор дар хати марз бо Мексика худдорӣ кард.

Трамп бовар дорад, ки ин марз макони қочоқи маводи мухаддир ва ҳам убури ғайриқонунии муҳоҷирон аз кишвари ҳамсоя шудааст. Созиши фаъол кардани кори ҳукумат то 15 феврал идома мекунад ва Трамп таҳдид кардааст, ки агар Конгресс бо тахсиси 5,7 миллиард доллар маблағ розӣ нашуд, дар кишвар ҳолати фавқулодда эълон мекунад.

Трамп қарор буд рӯзи 29-уми январ дар Конгресс суханронӣ кунад, вале раиси Маҷлиси намояндагон Ненсӣ Пелосӣ нагузошт, ки ин маросим баргузор шавад.

XS
SM
MD
LG