Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Нархи билетро арзон кунед, вагарна бе мусофир мемонед" ВИДЕО


Раиси Оҷонси ҳавонавардии Тоҷикистон гуфт, ба ширкати "Сомон Эйр" ва "Тоҷик Эйр" машварат додаанд, ки нархи билети парвозҳоро ба Русия поин биоранд, вагарна мусофирон аз даст хоҳанд рафт.

Тасмим шуд, ки нархи билети парвозҳо коҳиш дода шавад. Агар қаблан ба самти Русия нархи билет ҳудуди 4 ҳазор сомонӣ буд, ҳоло ҳудуди 2600 сомонӣ аст.

Икром Субҳонзода гуфт, вуҷуди чанд фурудгоҳи байналмилалӣ дар наздикии Тоҷикистон, аз ҷумла дар Узбекистону Қирғизистон, онҳоро водор кардааст, ки дар мавриди коҳиши нархи билет ба Русия чора андешанд.

"Ҳамаи мусофиронро аз даст медиҳем, агар..."

Нархи билети ҳавопаймоҳо дар Тоҷикистон дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ гаронтарин ба шумор меравад ва як мояи интиқоди муҳоҷирони корӣ – мусофирони асосии ширкатҳои ҳавопаймоӣ – аст. Қимати билетҳо асосан дар мавсими баҳору тирамоҳ, вақти сафар ва бозгашти муҳоҷирон, боло меравад.

Икром Субҳонзода
Икром Субҳонзода

Раиси Оҷонси ҳавонавардии Тоҷикистон рӯзи 11-уми феврал дар нишасти матбуотӣ гуфт, "мо бо "Тоҷик Эйр" ва "Сомон Эйр" музокирот кардем. Тасмим шуд, ки нархи билети парвозҳо коҳиш дода шавад. Агар қаблан ба самти Русия нархи билет ҳудуди 4 ҳазор сомонӣ буд, ҳоло ҳудуди 2600 сомонӣ аст. Нархи билети бозгашт аз Русия аз 1600 сомонӣ сар мешавад."

Субҳонзода афзуд, шароити нави иқтисодӣ онҳоро водор мекунад, ки барои ҳар як мусофир талош кунанд, "агар не, ҳамаи мусофиронро аз даст хоҳем дод". Ӯ гуфт, то чанд рӯзи дигар мавсими баҳории сафари муҳоҷирони тоҷик ба Русия оғоз мешавад ва ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷикистонро зарур аст барои онҳо шароити беҳтар ва нархи муносиб пешниҳод кунанд.

Мардум дар бораи нархи билет чӣ мегӯянд? Дар ин ҷо бинед:

Қимати билетҳо муҳоҷирони кории тоҷикро метарсонад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:19 0:00

"Ду ҳазор сомонӣ надорам, ки билет харам"

Дар ҳамин ҳол, баъзе аз сокинони Тоҷикистон мегӯянд, ҳатто арзиши билет бо 2600 сомонӣ, муодили 260 доллари амрикоӣ, барои онҳо гарон аст. Яке аз ҳамсуҳбатони мо дар Душанбе гуфт, барои сафар ба Маскав бо қимати 2000 сомонӣ билет ёфт, аммо дар киссаш ин миқдор пул надорад.

"Мумкин аст, тавассути қатор ё автобус равам. Ё шояд аз бонк қарз гирам ва баъди кор кардан аз Русия мефиристам. Чораи дигаре нест", - афзуд ӯ.

Қаблан Оҷонсии омори Тоҷикистон гуфта буд, ки соли гузашта арзиши билет ё хадамоти ширкатҳои ҳавопаймоии кишвар беш аз 23 дар сад гарон шудааст. Мақомот мегӯянд, аз як тараф нархи баланди сӯзишворӣ ва аз тарафи дигар таъмири ҳавопаймоҳо дар хориҷа ба арзиши билет таъсир мегузорад.

"Фарсуда будани ҳавопаймоҳо афсонае беш нест"

Пайрав Чоршанбиев
Пайрав Чоршанбиев

Пайрав Чоршанбиев, шореҳи иқтисодии нашрияи "Азия Плюс", дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, хабари поин шудани нархи билетҳо бепоя будани далели ширкатҳои ҳавопаймоӣ дар бораи гаронии сӯзишвориро собит кард.

"Акнун маълум шуд, ки ин ҳама афсона будааст ва роҳбарияти ширкатҳо танҳо ҳадафи беасос боло бурдани нархи билетҳоро доштаанд. Фарсуда будани ҳавопаймоҳо низ афсонае беш нест, зеро ҳеҷ кишвар ҳавопаймои фарсударо ба қаламрави худ роҳ намедиҳад", - шарҳ дод ӯ.

Ҳанӯз маълум нест, ширкатҳо аз кадом тариқ нархи билетҳоро, ба қавли раиси Оҷонсии ҳавонавардии Тоҷикистон, поин овардаанд. Алишер Рустамов, муовини пешини раиси ширкати "Сомон Эйр", рӯзи 11-уми феврал дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, "шояд ин мавзӯъ ба мушкили идорӣ вобаста аст ва ё шояд ба ширкатҳои миёнарави билетфурӯшӣ."

"Бояд ширкатҳо бигӯянд, ки..."

Алишер Рустамов
Алишер Рустамов

"Вале мусаллам аст, ки касе парвои мусофирро надорад. Ҳам "Сомон Эйр" ва ҳам "Тоҷик Эйр" мустақим билет низ мефурӯшанд. Аммо нарх ҳамон аст. Худи масъулони ширкатҳо бояд шарҳ диҳанд, ки аз кадом роҳ нархи билетҳоро паст кардаанд", - афзуд ӯ.

Бо ин ҳол, мавсими баҳории сафари муҳоҷирон ба Русия наздик аст ва ҳар рӯз даҳҳо нафар дар Интернет ва ё дар паси дари билетфурӯшиҳо чиптаи арзон мекобанд.

Баъзе аз муҳоҷирон барои худро ба Русия расондан аз мусофирбар ва ё фурудгоҳҳои Тошканду Бишкек низ истифода мекунанд, ки харҷи камтар доштааст. Бархеи дигар мегӯянд, мунтазири корфармое ҳастанд, ки харҷи роҳи онҳоро бидиҳад. Ҳар сол то як миллион аҳолии қобили кори Тоҷикистон ба ҷустуҷӯи кор ба Русияву Қазоқистон ва кишварҳои дигар мераванд.

XS
SM
MD
LG