Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Парвандаи ҷиноӣ алайҳи Абдуллоев баъди як рӯзи барканорӣ. ВИДЕО


Ихтиёр Абдуллоев

Манобеи наздик ба ҳукумати Узбекистон гуфтанд, ки зидди раҳбари барканоршудаи Хадамоти амнияти давлатии ин кишвар Ихтиёр Абдуллоев парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Ихтиёр Абдуллоев баъди он ба "ғазаб"-и президент Мирзиёев гирифтор шуд, ки ошкор гашт, Хадамоти амнияти давлатӣ суҳбатҳои телефонии хонаводаи ӯро гӯш карда, аъзои ин хонадонро таҳти назорат қарор додааст.

Абдуллоеви 53-сола баъди беш аз як соли кор дар ин мақом рӯзи 11-уми феврал барканор шуд. Расонаҳои Узбекистон далели барканории ӯро ба “вазъи нохуби саломатиаш” рабт доданд.

Аммо ба қавли як мансабдори узбек, ки нахост номаш ифшо шавад, Ихтиёр Абдуллоев баъи боздошти даҳҳо зертобеаш аз мақом ронда шудааст. Дар ҳоли ҳозир, гумон меравад, ӯ дар “роҳандозии ҷиноятҳои иқтисодӣ” даст дошта бошад.

Ду манбаи дигар гуфтанд, зидди раиси барканоршудаи Хадамоти амнияти давлатии Узбекистон ҳанӯз рӯзи 8-уми феврал бо бандҳои “сӯистифода аз мақом” ва “гирифтану додани ришва” парванда боз шуда буд.

Ҳамсуҳбатони бахши узбекии Радиои Озодӣ мегӯянд, ба боз шудани парвандаи ҷиноӣ зидди Абдуллоев баёноти кормандони пешини Хадамоти амнияти давлатии Узбекистон, аз ҷумла собиқ муовини аввали ӯ Ҷаҳонгир Эгамов сабаб шудааст.

Як манбаи наздик ба ҳукумати Узбекистон хабар дод, ки аз 10-уми январ то 11-уми феврали имсол ҳудуди 100 корманди Хадамоти амнияти давлатии Узбекистон боздошт шуда, алайҳи онҳо парвандаи ҷиноӣ боз гаштааст.

Ба қавли мусоҳибони бахши узбекии Радиои Озодӣ, Ихтиёр Абдуллоев баъди он ба "ғазаб"-и президент Шавкат Мирзиёев гирифтор шуд, ки ошкор гашт, Хадамоти амнияти давлатӣ суҳбатҳои телефонии хонаводаи ӯро гӯш карда, аъзои ин хонадонро таҳти назорат қарор додааст.

Мақомот ин хабарро тасдиқ ё такзиб накардаанд. Аммо дар Додситонии кулли Узбекистон рӯзи 11-уми феврал ба хабарнигори Радиои Озодӣ гуфтанд, ки “дар ин маврид ҳеч иттилоъ надоранд”.

Абдусалом Азизов раиси хадамоти амнияти милии Узбекистон таъйин шуд
лутфан мунтазир бошед

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:03:05 0:00

Баъзе аз мансабдорони узбек мегӯянд, раиси ҷумҳури Узбекистон Шавкат Мирзиёев аввали имсол барои таҳти назорати шахсии худ гирифтани “ҳолу ҳавои дохили” Хадамоти амнияти давлатӣ иқдом кардааст. Мирзиёев рӯзи 2-юми феврал қудояш Ботир Турсоновро муовини раиси Хадамоти амният таъйин кард.

Генрал Турсунов ба ҷои Ҷаҳонгир Эгамови 46-сола омад, ки дар ин мақом ҳамагӣ ёздаҳ моҳ кор карда буд. Вай моҳи декабри соли гузашта аз мақом барканор ва моҳи январи имсол дастгир шуд.

Зидди Ҷаҳонгир Эгамов ба мисли кормандони дигари боздоштшудаи Хадамоти амнияти давлатӣ парванда боз кардаанд. Манобеи бахши узбекии Радиои Озодӣ мегӯянд, онҳо ба сӯиистифода аз мақом ва гирифтану додани ришва айбдор мешаванд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG