Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хайрулло Мирсаидов Гурҷистонро тарк кард ва ба Аврупо рафт


Акс аз бойгонии Хайрулло Мирсаидов

Хайрулло Мирсаидов – хабарнигор ва раҳбари КВН-и Тоҷикистон – Гурҷистонро ба қасди Аврупо тарк кардааст. Ӯ рӯзи 12-уми феврал дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, феълан дар яке аз шаҳрҳои аврупоӣ қарор дорад.

Додгоҳи шаҳри Хуҷанд Мирсаидовро ғоибона ба 8 моҳи зиндон маҳкум карда ва рӯзи 11-уми феврал таҳти ҷустуҷӯ қарор дод. Мақомот ӯро барои сарпечӣ аз корҳои ислоҳӣ ва тарки маҳалли зист айбдор карданд.

Хайрулло Мирсаидов охири соли гузашта бо нияти табобат аз Тоҷикистон ба Гурҷистон рафт. Мақомот гуфтанд, ӯ ҳаққи берун рафтан аз маҳалли зистро надошт ва барои чунин рафтораш ду сол корҳои ислоҳии ӯ ба ҳашт моҳи зиндон иваз шудааст.

Мирсаидов мегӯяд, тамоми ҳукми додгоҳ яктарафа аст ва то замони пурра сафед шудан дар Аврупо хоҳад монд. Ӯ афзуд буданаш дар Гурҷистон ба манфиат набуд ва аз ин хотир ба тарки он кишвар маҷбур шуд.

“Ҳар лаҳза метавонистанд дар ҷустуҷӯи байналмилалӣ диҳанд. Байни Тоҷикистону Гурҷистон созишномаи боздошт ва истирдоди гумонбарон вуҷуд дорад. Ва агар ин ҳолат иттифоқ меафтод, дар Тоҷикистон боз зиндон интизор буд”, - гуфт ӯ рӯзи сешанбе.

Қазияи Хайрулло Мирсаидов тақрибан ду сол боз идома дорад. Мирсаидов моҳи декабри соли 2017 боздошт ва моҳи июли соли гузашта бо ҷурми "азонихудкунӣ ва исрофкории маблағҳои давлатӣ", "сохтакории ҳуҷҷатҳо" ва "пахши маълумоти бардурӯғ" ба 12 соли зиндон маҳкум шуд. Боздошти ӯ баъди он сурат гирифт, ки хабарнигори тоҷик дар шабакаҳои иҷтимоӣ раиси собиқи идораи ҷавонони вилояти Суғдро ба талаби "пора" муттаҳам кард.

Дар пайи талаби ҷомеаи шаҳрвандӣ ва созмону кишварҳои байналмилалӣ, Додгоҳи вилояти Суғд рӯзи 22-юми августи 2018 Мирсаидовро аз зиндон озод кард, вале доғи судиро аз номи ӯ набардошт. Хайрулло Мирсаидов ба пардохти 78 ҳазор ҳазор сомонӣ ҷарима ва инчунин ду сол корҳои ислоҳӣ муваззаф шуд. Мирсаидов мегӯяд, ин ҷаримаро пардохт кардааст.

Гузоришҳои видеоӣ

Сокинони чанд маҳаллаи ноҳияи Рӯдакиро кӯчондаанд, то зери сел намонанд
лутфан мунтазир бошед

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:02:33 0:00
XS
SM
MD
LG