Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Мухолифати Оятуллоҳ Хоманаӣ" бо истеъфои Муҳаммадҷавод Зариф


Пойгоҳи хабарии "Имтидод" наздик ба ислоҳталабон дар Эрон ба нақл аз як манбаи огоҳ гузориш додааст, ки Оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари Ҷумҳурии исломӣ бо истеъфои Муҳаммадҷавод Зариф, вазири умури хориҷии он кишвар, мухолифат кардааст.

Ин пойгоҳи хабарӣ ба нақл аз ин манбаи огоҳ, ки номе аз вай набурдааст, навишт, як мақоми олирутбаи низом истеъфои Зарифро ба маслиҳати кишвар надонистааст. Дар адабиёти расонаҳои Эрон "як мақоми олирутбаи низом" ба раҳбари Ҷумҳурии исломӣ Алии Хоманаӣ далолат мекунад.

Муҳаммадҷавод Зариф моҳи августи соли 2013 ва баъди ба раёсати ҷумҳурӣ расидани Ҳасани Рӯҳонӣ вазири умури хориҷии Эрон таъйин шуд.

Пойгоҳи хабарии "Имтидод" ба нақл аз манбаи огоҳи худ навиштааст, ки Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси ҷумҳури Эрон ҳам ба таври ошкор бо истеъфои Муҳаммадҷавод Зариф мухолифат кардааст.

Раиси дафтари раиси ҷумҳур ва сухангӯи вазорати умури хориҷии Эрон низ эълом кардаанд, ки Ҳасани Рӯҳонӣ бо истеъфои вазири умури хориҷии худ мувофиқат накардааст. Бар асоси гузоришҳо, Исҳоқ Ҷаҳонгирӣ, муовини авали раиси ҷумҳури Эрон низ рӯзи сешанбе бо оқои Зариф дар бораи истеъфои ӯ телефонӣ гуфтугӯ кардааст.

Муҳамадҷавод Зариф рӯзи душанбе дар саҳифаи худ дар Инстаграм, зимни табрики рӯзи зан дар Эрон, навишт, "аз бузургвории мардуми азиз ва диловари Эрон ва масъулони муҳтарам дар 67 моҳи гузашта бисёр сипосгузорам. Аз нотавонӣ барои идомаи хидмат ва тамоми костиҳо дар даврони хидмат самимона пӯзиш мехоҳам".

Пеш аз ин чанд дафъа гузоришҳое дар бораи истеъфои Муҳаммадҷавод Зариф нашр шуда буд, вале баъдан мақомоти Вазорати умури хориҷӣ онҳоро такзиб карданд. Аз ҷумла, қаблан Баҳром Қосимӣ, сухангӯи Вазорати умури хориҷии Эрон гуфта буд, "ин хабарҳо аз конунҳои мушаххас тавлид, тавзеъ ва пардозиш мешаванд".

Аммо ин дафъа хабари истеъфои Муҳаммадҷавод Зариф дар ҳолест, ки дар аксҳои нашршуда аз дидори Башор Асад, раиси ҷумҳури Сурия бо Алии Хоманаӣ, раҳбари Ҷумҳурии Исломӣ дар рӯзи душанбе, вазири умури хориҷӣ ҳузур надошт. Дар ин дидорҳо Қосим Сулаймонӣ, фармондеҳи нерӯҳои Қудси Сипоҳи Посдорони Эрон ҳузур доштааст. Оқои Сулаймонӣ дар мулоқоти Башор Асад бо Ҳасани Рӯҳонӣ дар паҳлӯи раиси ҷумҳури Сурия нишаста буд.

Муҳаммадҷавод Зариф моҳи августи соли 2013 ва баъди ба раёсати ҷумҳурӣ расидани Ҳасани Рӯҳонӣ вазири умури хориҷии Эрон таъйин шуд. Ӯ таҳсилкардаи Иёлоти Муттаҳида ва аз дипломатҳои маъруф аст. Дар гузашта аз Эрон дар Созмони Милали Муттаҳид намояндагӣ кардааст.

Дар замони фаъолияти тақрибан шашсолаи ӯ ба ҳайси вазири умури хориҷӣ, Эрон ба тавофуқи ҳастаӣ бо шаш қудрати ҷаҳонӣ дар соли 2015 даст ёфт, ҳарчанд баъди ду соли он Амрико аз он хориҷ шуд. Ин созиш ба Эрон имкон дод, ки дар ивази кӯтоҳӣ дар барномаи ҳастаӣ аз зери бори таҳримҳо раҳо шавад ва то ҷое қомати солҳо аз мушкили иқтисодӣ хамидаи худро рост кунад.

XS
SM
MD
LG