Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ИА Facebook, Twitter ва Google ба ваъдахилофӣ айбдор кард


Комиссияи Аврупо 28 феврал бо нашри як изҳорот гуфт, ҷӯяндаи Google ва шабакаҳои иҷтимоии Фейсбуку Твиттер ваъдаҳои худро дар мубориза бо хабарҳои дурӯғ иҷро намекунанд.

Аз ҷумла, Фейсбук бар хилофи созишҳо моҳи январи соли равон натиҷаҳои санҷиши эълоyҳоеро пешниҳод накардааст, ки корбаронро ба гумроҳӣ мебаранд. Ҳамчунин Google нагуфт, ки барои пешгирӣ аз паҳни маълумоти бардурӯғ чи корҳоеро анҷом додааст. Твиттер низ натиҷаҳои беҳтар гаштани назорати паҳни огаҳиҳоро нафиристодааст.

Дар изҳороти Комиссияи Аврупо омадааст, ки ширкатҳои мазкур дар арафаи интихоботи порлумони Аврупо ҳеч гуна пешрафтеро нишон надоданд.

Иттиҳоди Аврупо тирамоҳи соли 2018 бо ширкатҳои Facebook, Twitter ва Google қоидаҳои ихтиёрии мубориза бо хабарҳои дурӯғро ба имзо расонида буд. Бар пояи санад, эъломҳои сиёсӣ бояд ишора ва мубориза бо паҳнкунандагони маълумоти дурӯғ пурзӯр карда шавад.

XS
SM
MD
LG