Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Туркманистон мубориза бо филтршиканҳоро пурзӯр кард


Интернеткафе дар минтақаи Балканободи Туркманистон
Интернеткафе дар минтақаи Балканободи Туркманистон

Мақомоти Туркманистон тайи ду ҳафтаи ахир мубориза бо барномаҳои филтршикан - VPN ва маҳдудияти дастрасӣ ба сомонаи Бахши туркмании Радиои Озодиро сахттар кардаанд.

Ин иқдом пас аз хабари Радиои Озодӣ гирифта шуд, ки мегуфт мақомоти туркман барои таъқиби шаҳрвандони худ аз ширкати олмонии Rohde & Schwarz дастгоҳи махсусе харидаанд.

Ёдрас мешавем, Бахши туркмании Радиои Озодӣ 31 январ дар бораи эҳтимоли ҳамкории мақомоти махсуси Туркманистон бо ширкати олмонии Rohde & Schwarz дар робита ба хариду фурӯши дастгоҳҳои рақамӣ як таҳқиқоти рӯзноманигориро нашр кард.

Радио бо истинод ба як манбаи худ гуфт, ширкати олмонӣ ба вазоратҳои мудофиа ва алоқаи Туркманистон дастгоҳҳое додааст, ки барои таъқибу назорат ва бастани сомонаҳои аз дидгоҳи мақомот номақбул истифода мешаванд. Ҳамчунин дастгоҳи ширкати Rohde & Schwarz мумкин аст, барои гӯш кардани суҳбатҳои телефонии сокинон истифода шавад.

Дар Туркманистон ҳамаи сомонаҳои мустақил, аз ҷумла сомонаи Радиои Озодӣ дастнорасанд. Шабакаҳои иҷтимоии Facebook, YouTube, Twitter VKontakte, инчунин паёмрасонҳои WahtsApp, Telegram, Viber, Signal баста шудаанд. Барои роҳ ёфтан ба ин шабакаҳо ва паёмрасонҳо сокинони Туркманистон аз барномаҳои филтршикан истифода мебаранд.

XS
SM
MD
LG