Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон: "Русия кишваре нест, ки аз хостаҳои Исроил пайравӣ кунад"


Чанд рӯз пас аз мулоқоти нахуствазири Исроил бо раиси ҷумҳури Русия ва матраҳ шудани мавзӯи хуруҷи ҳама нерӯҳои низомии хориҷӣ, аз ҷумла нерӯҳои эронӣ аз Сурия, вазорати умури хориҷии Эрон ба ин дидор вокуниш нишон дод.

Баҳром Қосимӣ, сухангӯи вазорати умури хориҷии Эрон рӯзи душанбеи 4-уми март дар нишасти хабарии худ гуфт, "Русия кишваре мустақиле аст... Русия кишваре нест, ки бихоҳанд аз фармонҳо ва хостаҳои берабти режими ишғолгари Қудс пайравӣ кунад".

Эрон ва Русия аз пуштибонҳои ҳукумати Башор Асад ҳастанд ва ин ҳимояти онҳо боисти бақои ин ҳукумат дар баробари ҳамлаҳои мухолифон дар ҷанги ҳаштсолаи ин кишвар шуд.

Сухангӯи вазорати умури хориҷӣ дар идома гуфт, робитаҳои Теҳрон ва Маскав робитаҳои мустаҳкаме аст ва суханоне, ки аз сӯи мақомоти исроилӣ дар мавриди робитаҳои ду кишвар матраҳ мешавад, наметавон таъсире бар ин равобит дошта бошад.

Ин дар ҳоле аст, ки як рӯз пас аз сафари Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил ба Маскав ва мулоқоти ӯ бо президенти Русия, оқои Путин рӯзи панҷшанбе ҳафтаи гузашта ба ташкили як гурӯҳи корӣ барои хуруҷи ҳама нерӯҳои хориҷӣ аз хоки Сурия таъкид кард.

Як мақоми баландпояи исроилӣ, ки ҳафтаи гузашта дар музокироти Владимир Путин ва Бенямин Нетаняҳу иштирок карда буд, дар поёни он мулоқот дар Кремлин ба расонаҳои исроилӣ гуфта буд, оқои Путин аз ташкили гурӯҳи корӣ барои хориҷ кардани ҳама афроди мусаллаҳи хориҷӣ аз Сурия хабар дод, ки низомиёни Эрон ва гурӯҳҳои вобаста ба он, низ шомили он хоҳад шуд.

Баҳром Қосимӣ, сухангӯи вазорати умури хориҷии Эрон.
Баҳром Қосимӣ, сухангӯи вазорати умури хориҷии Эрон.

Ин мақоми исроилӣ дар идома гуфтааст, ки "ин гурӯҳи корӣ аз Русия, Исроил ва шуморе дигаре аз кишварҳои дигар иборат мебошад". Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия дар гуфтугӯи худ хуруҷи "ҳама" нерӯҳои низомӣ аз хоки Сурияро аз эҳтимол дур надониста буд.

Бо ин вуҷуд, Баҳром Қосимӣ дар ин нишасти хабарии худ гуфтааст, ки Эрон дар Сурия нерӯҳои низомӣ надорад ва танҳо "мушовирон"-и ин кишвар дар Сурия ҳузур доранд.

Сухангӯи вазорати умури хориҷии Эрон дар идома низ гуфт, ки мақомҳои Исроил "одате доранд, ки наметавонанд онро тарк кунанд, зеро фикр мекунанд, ки тарки он боиси беморӣ мешавад. Ин одати нодуруст, дурӯғгӯӣ ва эҷоди як ҷанги равонӣ ва фазои равонии хос барои таҳти таъсир қарор додани робитаҳои Эрон бо ҳамсоягонаш, аз ҷумла робитаҳои Эрон бо Русия аст."

Ба гуфтаи оқои Қосимӣ, "мақомоти Эрон ва Русия ба таври доимӣ дар тамос бо якдигар ҳастанд ва бо якдигар машваратҳои зарурӣ анҷом медиҳанд ва ончи, ки дар ин замина матраҳ мешавад, як ҷанги равонӣ аст".

Раиси ҷумҳури Русия бо нахуствазири Исроил. Акс аз бойгонӣ.
Раиси ҷумҳури Русия бо нахуствазири Исроил. Акс аз бойгонӣ.

Эрон ва Русия аз пуштибонҳои ҳукумати Башор Асад ҳастанд ва ин ҳимояти онҳо боиси бақои ин ҳукумат дар баробари ҳамлаҳои мухолифон дар ҷанги ҳаштсолаи ин кишвар шуд. "Ҳизбуллоҳ"-и Лубнон, ки аз пуштибонии Эрон бархӯрдор аст, дар хоки Сурия ва дар наздикиҳои марзи Исроил мустақар шудааст ва ин амр боиси нигаронии Исроил мебошад.

Исроил барои пешгирӣ аз мустаҳкам шудани ҷои пойи шибҳинизомиёни муттаҳиди Ҷумҳурии исломӣ дар Сурия, ҳамлаҳои ҳавоии бешуморе ба пойгоҳҳои онҳо анҷом дода ва Маскав бо вуҷуди бархе ҳамкориҳо бо Эрон дар Сурия, амалан аз ҳамлаҳои низомии Исроил дар Сурия ҷилавгирӣ накардааст.

Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил ҳафтаи гузашта дар мулоқоташ бо Владимир Путин дар Кремл бар идомаи ин ҳамлаҳо ва ҳамчунин идомаи "ҳамоҳангӣ миёни артишҳои Исроил ва Русия" дар иртибот бо "ҳузури низомии Эрон дар Сурия", таъкид кард.

XS
SM
MD
LG