Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар як сол 100 хабарнигори тоҷик кумаки ҳуқуқӣ ва равонӣ хостаанд


Нуриддин Қаршибоев
Нуриддин Қаршибоев

Баъзе аз созмонҳои ҳомии ҳуқуқи хабарнигорон дар Тоҷикистон гуфтанд, ки дар як соли гузашта тақрибан 100 журналист аз онҳо кумаки ҳуқуқӣ ва равонӣ хостаанд.

Масъулони НАНСМИТ, Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон, мегӯянд, ҳар моҳ ба ҳисоби миёна аз тақрибан даҳ журналист шикоят мегиранд. Мушкили дастрасӣ ба иттилоъ, таҳдид, фишори равонӣ, таъқиб ва баҳси маош аз мавзуъҳои шикояти хабарнигорон будааст.

“Барои мисол, моҳи декабри соли 2018 ду хабарнигор аз Кӯлобу Душанбе шикоят карданд, ки ғайриқонунӣ ба ҳамкорӣ бо мақомот маҷбур мешаванд. Ба онҳо кумаки ҳуқуқӣ кардем. Ҳарду тавонистанд, аз қазия бо сари баланд берун шаванд. Ба хотири онки таҳти фишор қарор нагиранд, номашон ошкор намекунам”, - гуфт Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани миллии расонаҳои мустақил рӯзи 10-уми март дар суҳбат бо Радиои Озодӣ.

Ӯ афзуд, дар соли гузашта тақрибан 15 хабарнигор кумаки равонӣ ва боқимонда кумаки ҳуқуқӣ гирифтаанд: “Баъзеи онҳо мустақим ба мо ва баъзеи дигар ҳангоми давраҳои омӯзишӣ ва мизи гирдҳо шикояти худро мерасонанд.”

Дар ҳамин ҳол, Шоира Давлатова, раиси Маркази мустақили ҳифзи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон мегӯяд, танҳо дар ду моҳи аввали имсол чаҳор хабарнигор аз онҳо кумакҳои ҳуқуқӣ пурсидаанд.

Коршиносон мегӯянд, дар сурати идомаи чунин раванд, хабарнигорон ба тадриҷ аз идомаи фаъолият даст кашида, фазои иттилотии кишвар холӣ мемонад. Дар ҳоле ки тайи солҳои охир чандин расонаи мустақил, аз ҷумла, "Суғд", "Факты и комментарии", "Нури зиндагӣ", "Ҷомеа", "Нигоҳ" ва "Озодагон" баста шуда, хабаргузориҳое чун TojNews ва "Озодагон" аз фазои иттилотии кишвар берун шудаанд.

Вале мақомоти тоҷик бо чунин ҳарфҳо розӣ нестанд ва пайваста фишор болои хабарнигоронро рад мекунанд. Онҳо аз кор мондани баъзе нашрияҳо ва хабаргузориҳоро бештар ба мушкили молӣ рабт медиҳанд.

Феълан дар Тоҷикистон беш аз 370 нашрияи давлативу хусусӣ ва хабаргузорӣ фаъол аст. Аммо нозирони умури мегӯянд, бисёре аз онҳо аз интиқоди ошкори камбудҳои ҷомеа худдорӣ карда, бештар машғули таблиғи «дастовардҳо»-и мақомотанд.

Бо назардошти ин ҳама, созмони Гузоришгарони бидуни марз тайи се соли гузашта ҷойгоҳи Тоҷикистонро дар шохиси байналмилалии озодии баён якбора беш аз 30 зина поин овард. Ҳоло Тоҷикистон дар раддабандии ин созмон дар мақоми 149 аст.

XS
SM
MD
LG