Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кишварҳои давраи гузариш дар соли 2018


Муаллиф: Эдвард Лемон аспиранти Кафедраи сиёсатшиносии Донишгоҳи Колумбия ба номи Меллон аст.

Тоҷикистон

Таснифи режим: Авторитарии муттаҳид​

Баҳои Кишварҳои давраи гузариш

Баҳои Демократия: 6,79/76,79/76,79/76,79/7

(1=Демократияи зиёдтарин, 7=Демократияи камтарин)

Тамоюли баҳо: ➘

Вазъияти озодӣ дар ҷаҳон:

Озод нест

Вазъияти озодии матбуот:

Озод нест

Рейтинги кишварҳои давраи гузариш ва баҳоҳои миёна

2009

2010

2011

2012

2013

2014

2015

2016

2017

2018

Идоракунии демократии миллӣ

6,25

6,25

6,25

6,25

6,25

6,50

6,50

7,00

7,00

7,00

Раванди интихобот

6,50

6,50

6,50

6,50

6,50

6,75

6,75

6,75

6,75

6,75

Ҷомеаи шаҳрвандӣ

5,75

6,00

6,00

6,00

6,25

6,25

6,50

6,50

6,50

6,75

Матбуоти мустақил

6,00

5,75

5,75

6,00

6,25

6,25

6,25

6,25

6,50

6,75

Идоракунии демократии маҳаллӣ

6,00

6,00

6,00

6,00

6,00

6,00

6,00

6,00

6,00

6,25

Системаи судӣ

ва мустақилият

6,25

6,25

6,25

6,25

6,25

6,25

6,50

6,75

7,00

7,00

Фасод

6,25

6,25

6,25

6,25

6,25

6,25

6,25

6,50

6,75

7,00

Баҳои демократия

6,14

6,14

6,14

6,18

6,25

6,32

6,39

6,54

6,64

6,79

ЭЗОҲ: Ин рейтингҳо ифодаи ҳамоҳангии арзёбии Freedom House, машваратчиёни академии он ва муаллифи(они) ин ҳисобот мебошанд. Агар ҳамоҳангии арзёбиҳо ба миён наояд, Freedom House барои рейтингҳои ниҳоӣ масъул аст. Рейтингҳо бо баҳоҳо аз 1 то 7 арзёбӣ карда мешаванд, ки 1 сатҳи баландтарини пешрафти демократӣ ва 7 сатҳи пасттаринро ифода мекунанд. Баҳои демократия арзиши миёнаи рейтингҳои категорияҳои давоми соли муайян мушоҳидашуда мебошад. Мулоҳизаҳои дар ин ҳисобот овардашуда аз они муаллиф(он) мебошанд.

Тағйироти баҳо:

  • Бинобар фишор ва дахолати бардавоми ҳукумат ба иттиҳодҳои ҷамъиятӣ ва саркӯбии минбаъда нисбати ҳомиёни ҳуқуқ, ки парвандаҳои ҳассоси сиёсиро ба уҳдаи худ мегиранд, ва ба аъзои ақаллиятҳои ҷинсӣ, рейтинги Ҷомеаи шаҳрвандӣ аз 6,50 то 6,75 коҳиш ёфт.
  • Бинобар фишори пайвастаи ҳукумат, аз ҷумла талаботи нави бақайдгирии воситаҳои ахбори омма дар Кумитаи давлатии амнияти миллӣ (КДАМ), рейтинги Матбуоти мустақил аз 6,50 то 6,75 коҳиш ёфт.
  • Рейтинги Фасод бинобар далелҳои непотизми саросар (ошнобозӣ) ва ғасби давлат аз ҷониби аъзои элитаи сиёсӣ аз 6,75 то 7,00 коҳиш ёфтааст.
  • Рейтинги Идоракунии демократии маҳаллӣ бинобар вусъат ёфтани идоракунии марказонидашуда аз болои идоракунии маҳаллӣ тариқи таъйин кардани писари президент ба вазифаи мири пойтахт Душанбе аз 6,00 то 6,25 коҳиш ёфтааст.

Дар натиҷа, баҳои Демократияи Тоҷикистон аз 6,64 то 6,79 коҳиш ёфт.

ХУЛОСАҲОИ АСОСӢ:

Тоҷикистон саркӯбии дигарандеширо, ки соли 2015 тақвият дода шуд, идома дода, системаи авторитарии худро дар соли 2017 қавитар кард. Тоҷикистон ба мисли кишвари якҳизбӣ аст. Роҳҳои изҳори норозигӣ аз режим хеле каманд. Элитаи ҳукмрон мақоми худро мустаҳкам кардааст, ва инро дар тағйироти сарқонун дар соли 2016 возеҳ дидан мумукин аст, ки президент Эмомалӣ Раҳмонро “Пешвои миллат” эътироф карда, воқеан ба ӯ қобилияти беинтиҳо ҳукмронӣ карданро дод. Баробари ин, ҳукумат гуруҳҳои махолифро мамнуъ кард, ҳомиёни ҳуқуқи инсонро зиндонӣ кард, ҳуқуқҳои гуруҳҳои диниро маҳдуд кард, матбуотро гирифтори сензура кард ва ҷамъияти шаҳрвандиро аз ҳад зиёд ба танзим даровард.

Тоҷикистон “непотократия” мебошад: сиёсат ва тиҷорат зери дасти хешовандони оилаи президент мебошанд. Фасод фаровон аст. Зердастии органҳои давлатӣ ба ширкатҳои зери паноҳгоҳи оилаи президентӣ имконият медиҳад, ки аз риояи қонуну қоида ё пардохтани андозу боҷҳо озод бошанд. Бо вуҷуди ин, органҳои давлатӣ барои аз фаъолият монондани рақибони тиҷорӣ тариқи ситонидани ҷаримаҳо барои нақзи қоидаҳо ва иттиҳомҳои фасод истифода бурда мешаванд. Онҳое, ки оилаи президентро танқид мекунанд, бо оқибати шадид рӯ ба рӯ мешаванд. Оилаи Раҳмон тасарруфи қудратро соли 2017 мустаҳкам кард. Писари калонии президент Раҳмон, Рустами Эмомалӣ, моҳи январ мири Душанбе таъйин шуда, Маҳмадсаид Убайдуллоеви бонуфузро, ки аз соли 1996 соҳиби ин вазифа буд, ҷойгузин кард.1

Рустами 30-сола мартабаҳои ҳукуматро хеле зуд баромад ва аксарият ӯро ҳамчун ҷогири падари 65-солааш мебинанд, ки аз соли 1992 ҳукмрон аст. Духтари раҳмон ва роҳбари дастгоҳи иҷроияи президент, Озода Эмомалӣ, моҳи июн ба вазифаи умдатан маросимии мушовири давлатии адлия таъйин шуд.2

Аъзои элита издивоҷи стратегиро барои мустаҳкам кардани шабакаҳои худ ва паҳн кардани ихтиёри худ аз болои соҳаҳои калидии иқтисодиёт истифода мебаранд. Моҳи ноябр, яке аз набераҳои Раҳмон бо набераи раиси вилояти Суғд, Абдураҳмон Қодирӣ, хонадор шуд. Ин якумин издивоҷ байни элитаи шимолӣ, ки дар даврони Иттиҳоди Шӯравӣ дар сиёсати ҷумҳурӣ пешсаф буд, ва оилаи президент шуд.3

Қатъи назар аз он, ки оилаи ҳукмрон мавқеи худро мустаҳкам кардааст, саркӯбии дигарандеширо ба ҳар ҳол идома дод. Дар соли 2017, фишори ҳукумат нисбати ҷомеаи шаҳрвандӣ идома ёфт. Бо ворид шудани тағйирот ба қонун дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дар соли 2015, ҳамаи созмонҳои ғайридавлатӣ бояд ба Вазорати адлия оиди маблағгузорӣ аз донорҳои хориҷӣ ҳисобот диҳанд. Моҳи май, президент тағйирот ба қонун дар бораи мубориза бар зидди коррупсияро имзо кард, ки аз иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ талаб мекунад, ки ба Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия оиди хатарҳои фасод дар дохили созмони худ гузориш диҳанд.4

Санҷишҳои мунтазам аз ҷониби кумитаи андоз, хадамоти оташнишонӣ, агентии зиддифасод ва органҳои дигар кори созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандиро душвор мекунанд. Дар соли 2017, ҳукумат истифодаи сароби ифротгароии исломиро барои сафед кардани назорати зич аз болои иҷрои маросимҳои динӣ идома дод. Кумита оид ба корҳои дин хабар дод, ки дар соли 2017 1938 масҷиди “ғайриқонуниро” баста, онҳоро барои истифодаи “ғайридинӣ” мувофиқ кардааст.5

Либос ҳадафи асосии ин ташаббус мемонад, ва шумораи зиёди шаҳрвандон хабар доданд, ки риши онҳоро маҷбуран гирифтанд ё маҷбур карданд, ки ҳиҷобро аз тан гиранд.6 Моҳи август, президент тағйирот ба қонун дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳоро имзо кард, ки аз шаҳрвандон талаб мекунад, ки дар тӯйи арӯсӣ ва ҷанозаҳо “либоси миллӣ” пӯшанд. Моҳи июл, Вазорати фарҳанг эълон кард, ки нақша дорад оиди либоспӯшӣ тавсияҳо таҳия кунад, ки либосҳои миллии мувофиқро шарҳ медиҳанд.7 Бо мақсади ба роҳ мондани назорат аз болои дастрасӣ ба маълумот, апрели соли 2017 Вазорати фарҳанг қарор дод, ки бидуни иҷозати вазорат ба кишвар ворид ё аз он содир кардани китобҳоро мамнуъ кардааст.8

Касби ҳуқуқшиносӣ дар Тоҷикистон рӯз то рӯз хатарнок мешавад. Моҳҳои март ва август, суд муҳлати ҳабси ҳомии ҳуқуқи инсон Бузургмеҳр Ёровро, ки дар соли 2016 дар асоси иттиҳомҳои дорои пасзаминаи сиёсӣ ҳукми 28 соли зиндон гирифта буд, тамдид дод. Шиканҷа ва дигар намудҳои бераҳмӣ нисбати маҳбусон дар Тоҷикистон зиёд дида мешаванд. Онҳое, ки оиди сӯиистифодаи қудрат хабар медиҳанд ё ҳукуматро танқид мекунанд, бо оқибати шадид рӯ ба рӯ мешаванд. Дар ҳоле, ки мамнуъкунии баъзе шабакаҳои иҷтимоӣ соли 2017 бардошта шуд, Хадамоти давлатии алоқа мамнуъкунии сомонаҳои ахборотиро идома медиҳад. Моҳи июл, парлумони Тоҷикистон қонунҳои наверо тасвиб кард, ки ба мақомоти интизомӣ қобилияти ба таври қонунӣ иттилооти марбут ба фаъолияти шаҳрвандон дар интернет ва паёмҳои онҳоро дастрас кунад.9 Дар чунин муҳити саркӯбкунанда, худсензура дар Тоҷикистон падидаи маъмул аст.

Бисёр фаъолони мухолиф, хабарнигорони мустақил, олимон ва ҳуқуқшиносон кишварро тарк карданд. Дар соли 2017, 3320 шаҳрванди Тоҷикистон дар Иттиҳоди Аврупо (ИА) паноҳгоҳ меҷӯстанд, ки ин шумора дар соли 2014 605 нафарро ташкил мекард. Ҳукумат аъзои оилаҳои онҳоро дар Тоҷикистон зери ҳадаф гирифта, шиносномаҳои онҳоро мегирифт, амволи онҳоро мусодира мекард ва ба онҳо бо зӯроварӣ таҳдид мекард.10

Тоҷикистон дар фазои Авруосиёи баъдикоммунистӣ аз ҳама кишвари қашшоқтарин боқӣ мемонад. Дар ҳоле, ки ду бонки калонтарини кишвар дар соли 2016 дар андозаи 500 миллион доллар кумак гирифтанд, соҳаи бонкӣ то ҳол гирифтори буҳрон аст, ки бинобар фасоди доимӣ, идоракунии нодуруст ва таъсирҳои таназзули иқтисодӣ дар Русия ба амал омадааст.11 Бонки миллӣ иҷозатномаҳои ду бонк — Тоҷпромбонк ва Фононбонкро бозхонд, ва бо ин пасандозҳои шумораи зиёди мизоҷон нест шуданд.12 Дар ҳоле, ки пулис аз дунболи қарздорони хурд аст, ки ҳамагӣ 30 миллион доллари Тоҷпромбонкро қарз гирифтаанд, нисбати 12 ширкате, ки 25 миллион доллар қарздоранд, ягон чорае дида нашудааст.13 Интиқолҳои пулии муҳоҷирон дар Русия коҳиш ёфтаанд. Ин нишондод дар соли 2016 1,9 миллиард долларро ташкил дод, ки нисбат ба авҷи соли 2013 50 фоиз камтар аст.14

Пешгӯӣ барои соли 2018: Таваҷҷуҳи худро аз вариантҳои интиқоли қудрат дур накарда, президент Раҳмон мустаҳкамтар кардани тасарруфи қудратро дар соли 2018 дар остонаи интихобти 2020 идома медиҳад. Фазои озодии сухан аллакай хароб гаштааст, ва ҳуқуқшиносон, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва матбуоти мустақил шоҳиди боз ҳам тангтар шудани фазои кории худ мешаванд. Бисёриҳо бинобар тарс кишварро тарк мекунанд. Азбаски онҳое, ки ба Аврупо ва дигар ҷойҳо фирор карданд, ҳукуматро ба таври ошкор танқид мекунанд, ҷазо додани хешовандони онҳо дар Тоҷикистон идома меёбад. Элитаи сиёсӣ аз худ кардани захираҳои маҳдуди кишвар ва тамаъ кардани пули сармоягузоронро идома медиҳад, ва ояндаи иқтисодии кишвар тира аст. Интиқолҳои пулии муҳоҷирони корӣ дар Русия, ки дар соли 2014 беш аз нисфи ММД-ро ташкил медоданд, то сатҳҳои пешазбуҳронӣ барнагаштаанд. Барои бисёри тоҷикистониён, ҳаёт дар соли 2018 сангинтар мешавад.

ИДОРАКУНИИ ДЕМОКРАТИИ МИЛЛӢ:

2009

2010

2011

2012

2013

2014

2015

2016

2017

2018

6,25

6,25

6,25

6,25

6,25

6,50

6,50

7,00

7,00

7,00

  • Дар ҳоле, ки ҳизбҳои мухолиф ба таври рӯякӣ мавҷуданд, Ҳизби халқии демократӣ (ҲХД) дар майдони сиёсӣ ҳукмфармо аст, ва президент Эмомалӣ Раҳмон қудратро аз соли 1992 нигоҳ медорад. Тоҷикистон феълан кишвари якҳизбӣ аст. Барои қудратро дар дасти худ нигоҳ доштан, Раҳмон ба системаи патронаж (тақсим кардани вазифаҳо ба тарафдорони ҳизб барои хизматҳои сиёсӣ), органҳои судии гапдаро, инҳисори таҳияи маълумот ва Кумитаи давлатии амнияти миллӣ (КДАМ) — пулиси махфии бераҳмонаи кишвар — такя мекунад. Матбуот ва муассисаҳои давлатӣ бартариҳои режими ҷориро таъриф мекунанд ва Раҳмонро, ки парастиши шахсияти худро бо ҷаҳди зиёд парвариш кардааст, ситоиш мекунанд.
  • Дар натиҷаи референдуми соли 2016 ба сарқонун тағйироте ворид карда шуд, ки президент Раҳмонро “пешвои миллат” ва “асосгузори сулҳ” эътироф карда, ба ӯ маснунияти судӣ ва қобилияти беинтиҳо ҳукмронӣ карданро дод. Раҳмони шаступанҷсола бо мурури замон оиди интиқоли қудрат бештар андеша мекунад. Фактҳо нишон медиҳанд, ки ӯ ҳадаф дорад, ҳукуматро дар дасти оила нигоҳ дорад. Тағйирот ба сарқонун инчунин коҳиши меъёри синнусолиро барои пешниҳоди номзадӣ дар интихоботи президентӣ аз 35 то 30 қоҳиш дод. Ин ба писари 30-солаи Раҳмон, Рустами Эмомалӣ имконият медиҳад, ки дар интихоботи президентии навбатӣ дар соли 2020 иштрок кунад. Рустам дар мартабаҳои ҳукумат пеш бурда шуда, соли 2013 генерали ҷавонтарин дар собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ шуд, соли 2015 раиси Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия шуд ва январи 2017 мири пойтахт Душанбе таъйин шуд.
  • Дар ҳоле ки Рустам ҳамчун вориси баргузида дида мешавад, дар байни аъзои пешрави оилаи президентӣ — масалан, духтари Раҳмон Озода Эмомалӣ ва шавҳари бонуфузаш, муовини раиси Бонки Миллӣ, Ҷамолиддин Нуралиев, ва додарарӯси бонуфузи президент Ҳасан Асадуллозода — барои қудрат мубориза сурат мегирад. Сарфи назар аз он, ки ин рақобат паси дарҳои пӯшида мегузарад, он баъзан ошкор мешавад. Масалан, моҳи октябри 2016, Вазорати молия, ки то ҳол зери нуфузи Нуралиев, ки байни солҳои 2007 ва 2015 муовини раиси ин вазорат буд, коргоҳи алюминий ва таъминотчии бузургтарини содироти кишвар Талкоро дар пинҳон кардани даромад муттаҳам кард.15 Мушоҳидон тахмин мекунанд, ки ин чора кӯшиши Нуралиев барои зери даст гирифтани коргоҳи муфид аз тасарруфи Асадуллозода буд, ки онро аз соли 2004 идора мекард.16 Дар ҳоле, ки Маҳмадсаид Убайдуллоев, ки замоне маъмулан дуюм одами муътабартарини кишвар дониста мешуд, соли 2017 барканор карда шуд, ин рақобати элита давоми чандин соли оянда ба устуворӣ таҳдид мекунад.17
  • Ҳизби мухолифи наҳзати исломиро (ҲНИТ) моҳи сентябри 2015 дар кӯшиши “табадуллот” айбдор карда ва онро якчанд ҳафта пас “созмони террористӣ” эълон карда, ҳукумат саркӯбии аъзои онро дар соли 2017 идома дод. Бисёр аъзои мухолифати кишвар, аз ҷумла 20 хабарнигори мустақил ва 5 олим, бинобар нақзи озодиҳои сиёсӣ, ки аз соли 2015 афзоиш ёфтанд, Тоҷикистонро тарк карданд.18 Бо вуҷуди тарки кишвар карданашон, ҳукумат таъқиби дигарандешони бадарғаро идома медиҳад ва мақсад дорад онҳоро ба ватан баргардонда, суд кунад. Ҳукумат ба аъзои Интерпол “огоҳиҳои сурх”, дархости боздошти ин афрод дар кишвари хориҷӣ, фиристодааст. Раиси ҳизб Муҳиддин Кабирӣ то ҳол дар рӯйхати ҷустуҷӯи ин созмон қарор дорад.19 Октябри 2017, як узви ҲНИТ, Мирзораҳим Кузов, мувофиқи огоҳии сурхи Интерпол дар Юнон, ҳангоми сафари бозгашт ба Эрон аз конфронс доир ба ҳуқуқи инсон дар Лаҳистон, боздошт шуда буд.20
  • Бо мақсади овардани фишори минбаъда ба онҳое, ки кишварро бинобар сабабҳои сиёсӣ тарк кардаанд, ҳукумат аъзои оилаҳои дар Тоҷикистон мондаи онҳоро зери нишон гирифт. Июли 2017, вақте ки аъзои бадарғаи мухолифат дар Олмон бо мақсади ҷашн гирифтани бистсолагии поёни ҷанги шаҳрвандӣ вохӯрӣ доштанд, ҳукумат оилаҳои ҳадди ақал 10 иштирокчии ин чорабиниро зери нишон гирифт.21 Пулис ва хадамоти амният хешовандони иштирокчиёни конфронсро боздошт карданд, дашном доданд ва таҳдид карданд, ки амволи хешовандони иштирокчиёни конфронсро мусодира мекунанд. 10-уми июл, намояндагони милиса ба хонаи оилавии ҳуқуқшиноси бадарға Ҷамшед Ёров, бародари ҳомии ҳуқуқии зиндонӣ Бузургмеҳр Ёров, ташриф оварда, таҳдид карданд, ки агар занаш аз ӯ талоқ нагирад, духтари 15-солаашро таҷовуз мекунанд.22

РАВАНДИ ИНТИХОБОТ:

2009

2010

2011

2012

2013

2014

2015

2016

2017

2018

6,50

6,50

6,50

6,50

6,50

6,75

6,75

6,75

6,75

6,75

  • Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳизби халқии демократӣ (ҲХД) аз рӯзи ба даст овардани истиқлолият дар ҳар як интихоботи президентӣ ва парлумонӣ ғолиби дастнорас мебаромаданд. Сарфи назар аз он, ки сарқонуни соли 1994 ва қонун дар бораи интихобот аз соли 1999 системаи бисёрҳизбиро пешбинӣ мекунанд, интихоботҳо бо нақзҳои қоидаҳо ва иттиҳомҳо оиди ҳиллаву қаллобӣ, аз ҷумла андохтани варақаҳо дар саросари кишвар, раъйдиҳӣ аз номи шахси дигар ва таҳдидҳо, доғдор мешуданд. Номгӯи марказонидашудаи интихобкунандагон вуҷуд надорад. Ба ҷои ин, ҳар як комиссияи интихоботии маҳаллӣ рӯйхатҳои интихобкунандагонро тартиб медиҳад, ки ин интихоботро ба хатари ҳиллаҳо бо теъдоди интихобкунандагон гирифтор мекунад. Эътирозҳои мухолифат иҷозат дода намешаванд ва телевизиони давлатӣ ба фоидаи ҲХД-и ҳукмрон кор мекунад. Баъди интихоботи парлумонии соли 2015, мушоҳидони САҲА гуфтанд, ки худи интихобот “камбудиҳои назаррас дошт, аз ҷумла райъдиҳии чандинбора ва андохтани варақаҳои интихоботӣ”. Мушоҳидон ин хулосаро инчунин дар интихоботи парлумонии соли 2010 ва интихоботи президентии соли 2013 баён карда буданд.23 Интихоботҳои навбатии президентӣ ва парлумонӣ дар соли 2020 ба нақша гирифта шудаанд.
  • ҲХД Маҷлиси намояндагонро зери даст дошта, 51 курсии ин органи дорои 63 ҷойро дар тасарруф дорад. Баъди интихоботи парлумонии соли 2015, панҷ ҳизби мухолифи “номӣ” дар ин маҷлис намояндагӣ доранд. Ягонтои ин ҳизбҳо ба сиёсати ҳукумат ягон гуна мухолифати воқеӣ намоиш намедиҳад. Ду мунаққиди баландовозтарини ҳукумат — Ҳизби наҳзати исломӣ ва Ҳизби сотсиал-демократӣ — дар маҷлис намояндагӣ надоранд. Маҷлиси миллӣ, палатаи болоӣ, 33 узв дорад, ки ҳамаи онҳо таъйин карда мешаванд. Апрели 2016, духтари президент ва роҳбари дастгоҳи иҷроияи президент, Озода Раҳмон, вакили палатаи болоӣ шуд.24
  • Апрели 2017, писари президент ва мири нав таъйиншудаи шаҳри Душанбе, Рустами Эмомалӣ, дар интихоботи иловагӣ, баъди истеъфои мири қаблӣ Маҳмадсаид Убайдуллоев, узви органи қонунбарори маҳаллии Душанбе шуд. Рустам намояндаи ҳавзаи интихоботии 25 буда, 85 фоизи овозҳоро гирифт.25Рақибони ӯ аз ҳизбҳои ба ҳукумат нигарондаи Аграрӣ ва Демократӣ мувофиқан 8 ва 3 фоизи овозҳоро гирифтанд. Иштироки 87-фоизии раъйдиҳандагон барои Тоҷикистони авторитарӣ теъдоди бузург аст.

ҶОМЕАИ ШАҲРВАНДӢ:

2009

2010

2011

2012

2013

2014

2015

2016

2017

2018

5,75

6,00

6,00

6,00

6,25

6,25

6,50

6,50

6,50

6,75

  • Ҳукумати Тоҷикистон давоми чанд соли охир нисбати 2773 иттиҳодияи ҷамъиятии қайдшуда хусумати афзоянда нишон медиҳад. Мақомдорон мунтазам ташкилотҳои ғайридавлатиеро, ки бо дастгирии ғарб кор мекунанд, дар хоҳиши ноустувор кардани кишвар айбдор мекунанд.26 Тағйироти соли 2015 ба қонун дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ аз ҳамаи ташкилотҳои ғайридавлатӣ талаб мекунад, ки оиди гирифтани маблағгузории хориҷӣ ба Вазорати адлия ҳисобот супоранд, вале ин на дар ҳамаи мавридҳо амалӣ мегардад .27 Вазири адлия, Рустами Шомурод, қонунро бо “пешгирии грантҳои хориҷӣ аз мадад ба террористон ва ифротгарон” сабабдор кард.28
  • Барои нисбати ташкилотҳои ғайридавлатие, ки дар соҳаҳои аз ҷиҳати сиёсат ҳассос кор мекунанд, фишор овардан, ҳукумат санҷишҳои Кумитаи андоз ва Вазорати меҳнатро истифода мебарад.29 Моҳи апрел, теъдоде аз роҳбарони ташкилотҳои ғайрдавлатии маҳаллӣ хабар доданд, ки ба онҳо аз хадамоти амният занг зада, гуфтанд, ки фаъолияти худро қатъ кунанд.30Моҳи май, президент тағйирот ба қонун дар бораи мубориза бар зидди коррупсияро имзо кард, ки аз иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ талаб мекунад, ки ба Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия оиди хатарҳои фасод дар дохили созмони худ гузориш диҳанд.31Ҳукумат қонуни нави марбут ба созмонҳои ғайритиҷориро муҳокима карда истодааст. Ягон намояндаи ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ин раванд иштирок накардааст ва аз касе машварат пурсида нашуд.32 Дар ҳисоботи ниҳоии худ аз сафараш ба Тоҷикистон дар моҳи марти соли 2016, гузоришгари махсуси СММ оиди ҳуқуқи озодии мулоҳиза ва баён, Дэвид Кайе ҷамъбаст кардааст, ки “тағйироти қонунгузорӣ ва амалияи ҳуқуқӣ амалгарони ҷомеаи шаҳрвандиро зери фишори назаррас гузошта, фазои ҳаракати созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва эътирозҳои осударо дар кишвар танг мекунанд.”33
  • Бар зидди ифротгарии исломии зоҳирӣ амал карда, ҳукумат барои зуҳуроти динро ба танзим даровардан чора андешидааст. Қонун дар бораи дин аз соли 2009 барои бақайдгирии гуруҳҳои динӣ ва ҷойҳои ибодат меъёрҳои қатъӣ муқаррар кардааст. Дар соли 2017, Кумита оид ба корҳои дин хабар дод, ки 1938 масҷиди “ғайриқонуниро” гӯё бо талаботи сокинони маҳаллӣ бастааст.34 Қонун дар бораи масъулияти волидайнӣ ба ноболиғон иҷозат намедиҳад, ки дар масҷидҳо намоз гузоранд, ва дастрасии онҳоро ба таълими динӣ маҳдуд мекунад. Аз соли 2014, ҳукумат ба имомҳо маош медиҳад, ва имомҳо вазифадор карда мешаванд, ки амри маъруфи аз ҷониби мақомот навишташударо бихонанд.35 Мақомот мунтазам ба шаҳрвандон зидди намоиш додани аломатҳои диндорӣ водор мекунанд, зеро ин маданияти миллии “бегона” аст.36 Пулиси Хатлон хабар дода буд, ки дар чорчӯбаи маъракаи зиддиифротӣ дар соли 2016, 13 ҳазор ришро тарошидааст ва 1700 занро барои ҳиҷобро аз тан гирифтан “моил кардааст”, вале чунин ҳолат на дар тамоми кишвар мушоҳида мешавад.37 Дар баробари ин, мақомдорон либоси “миллиро” таблиғ мекунанд. Моҳи июл, вазири фарҳанг Шамсуддин Омурбекзода оиди таъсис додани комита “барои мусоидат ба тарроҳии либос барои мардон ва занон” эълон кард.38 Моҳи август, президент Раҳмон тағйирот ба қонун дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳоро имзо кард, ва дар он гуфта мешавад, ки шаҳрвандон бояд дар маъракаҳои “анъанавӣ”, ба мисли тӯйи арӯсӣ ва ҷанозаҳо, “либоси анъанавӣ ва миллӣ бипӯшанд.39 Бар хилофи сиёсати тарғиби амалияҳои “анъанавии” худ, моҳи сентябр Кумита оид ба корҳои дин навҳаву гиряи баланд дар ҷанозаҳоро мамнуъ кард, ки ин зуҳурот дар давраҳои пешазисломӣ ба миён омада буд.40
  • Ҳукумат инчунин ҳамаи мадрасаҳоро баста, адабиётро сензура карда ва вебсайтҳои муайянро баста, ба паҳншавии маълумот дар бораи дин монеа гузошт. Апрели соли 2017, Вазорати фарҳанг қарор дод, ки ягон китоб наметавонад бидуни иҷозати вазорат ба кишвар ворид ё аз он содир карда шавад. Бинобар он, ки аксарияти китобҳои мусодирашуда бо забони арабӣ навишта шудаанд, мутахассисон ин амалро ба мубориза бар зидди ифротгароии зоҳирӣ рабт медонанд.41 Маъракаи мубориза бо ифротгароӣ натанҳо исломро фаро мегирад. Моҳи июл, пастори протестантӣ Баҳром Холматов барои “хондани сурудҳои ифротӣ” ва “барангехтани нафрати динӣ” дар рафти ибодат дар калисоаш дар Хуҷанд ҳукми се соли зиндон гирифт.42
  • Ақаллиятҳои ЛГБТ дар Тоҷикистон доимо гирифтори нобаробарӣ ва ситам мебошанд. Моҳи октябри 2017, Вазорати корҳои дохилӣ ва Додситонии кулли Тоҷикистон эълон карда буданд, ки онҳо рӯйхати иборат аз 370 шахси дорои “таҳрифҳои шаҳвонӣ” тартиб додаанд.43Тибқи ин идора, рӯйхат дар натиҷаи амалиётҳои тафтишотие тартиб дода шудааст, ки номҳои шартии “Ахлоқ” ва “Тозакунӣ” доштанд, ва мақсади ҳарду муҳофизат кардани “осебпазирии” ин гуруҳ буд. Моҳи ноябр, “Рози зиндагӣ”, созмоне, ки ақаллиятҳои ЛГБТ-ро дастгирӣ мекунад, фаъолияти худро қатъ карда, сабаби ин қарори худро “фишор аз ҷониби ҳукумат” гуфт.44

МАТБУОТИ МУСТАҚИЛ:

2009

2010

2011

2012

2013

2014

2015

2016

2017

2018

6,00

5,75

5,75

6,00

6,25

6,25

6,25

6,25

6,50

6,75

  • Ҳукумати Тоҷикистон маҳдудкунии шадиди озодии маълумотро идома медиҳад. Дар ҳоле, ки сарқонун, қонун дар бораи ҳуқуқи дастрасӣ ба маълумот, қонун дар бораи телевизион ва радиошунавонӣ ва қонун дар бораи нашрияҳои чопии давравӣ ва матбуоти дигар озодии баёнро таъмин мекунанд ва сензура ва дахолати давлатро дар матбуот мамнуъ мекунанд, вале дар воқеият давлат матбуоти мустақилро сахтгирона ба танзим медарорад. Моддаи 137-и Кодекси ҷиноӣ “бадном кардани” президентро мамнуъ мекунад ва моддаи 330 ба хабарнигорон иҷозат намедиҳад, ки мақомдорони дигарро таҳқир кунанд. Аксарияти хабарнигорон худсензураро ба кор мебаранд ва бисёри нашрияҳои таҳқиромезтарин акнун аз хориҷи кишвар фаъолият мекунанд. Эҳтимоли зиёд аст, ки хабарнигороне, ки мақолаҳои таҳқирӣ менависанд, аз хадамотҳои иктишоф таҳдид мешунаванд ё бо иттиҳомҳои сохта ё ҳатто боздошт рӯ ба рӯ мешаванд. Ҳадди ақал 20 хабарнигори мустақил дар давоми якчанд соли охир аз кишвар фирор карданд.45 Соли 2016, Анҷумани миллии расонаҳои мустақил 160 арзу шикоят дар бораи мавридҳои марбут ба озодии сухан ва воситаҳои мустақили ахбори омма қайд карда буд.46
  • Ҳукумат аксари дастгоҳҳои чопӣ, маҳсулоти чопи рӯзномаҳо ва иншоотҳои пахшро дар кишвар идора мекунад. Комиссияи Тоҷикистон оиди иҷозатномадиҳӣ ба воситаҳои ахбори омма дархостҳои дарёфти иҷозатнома аз ҷониби расонаҳои мустақилро мунтазам рад мекунад ё ба таври дигар раванди дарёфти иҷозатномаро душвор мекунад. Айни ҳол ягон намояндаи воситаҳои мустақили ахбори омма ё ҷомеаи шаҳрвандӣ узви кумитаи иҷозатномадиҳӣ намебошад.47 Кумитаи давлатии телевизион ва радио (КТР) таҳти роҳбарии шахси аз ҷониби президент таъйиншуда, шунавониро дар сатҳи миллӣ ва минтақавӣ ба танзим медарорад ва назорат мекунад. Августи соли 2016, баъди тасвиби қарори ҳукумат, ки аз хабарнигорон тақозо кард, маводҳое таҳия кунанд, ки ба “арзишҳои миллӣ” мувофиқ бошанд ва баҳри нигоҳ доштани “ваҳдат” мусоидат кунанд, ҳукумат “дастурамали нав барои таҳияи барномаҳои телевизионӣ ва радиоӣ” тартиб дод.48 Бо вуҷуди он, ки худсензура миёни хабарнигорони мустақил зиёд мушоҳида мешавад, ин якум мавриди қонунӣ шудани сензураи воситаҳои мустақили ахбори омма шуд. Қоидаҳои нави моҳи феврали соли 2017 аз ҳама нашрияҳои даврӣ ва чопхонаҳо талаб мекунанд, ки дар Кумитаи давлатии амнияти миллӣ (КДАМ) қайд шаванд.49
  • Аз 1-уми майи соли 2015, дар Тоҷикистон 580 расонаи қайдшуда мавҷуд буд; 378-тои онҳо ғайридавлатӣ буданд, аз ҷумла расонаҳои шахсӣ, ҷамъиятӣ, мустақил ва бидуни дастгирии давлатӣ.50 Воситаи мустақили ахбори омма таҳти фишори молӣ ва ҳукуматӣ кор мекунад. Бо вуҷуди он, ки дар Тоҷикистон 44 шабакаи радио ва телевизион кор мекунанд — аз онҳо 28-то ғайридавлатӣ — ягона расонаҳое, ки дар тамоми кишвар шунавонда мешаванд, каналҳои телевизионии аз ҷониби давлат идорамешуда мебошанд.51 Аксарияти аҳолӣ тавассути телевизиони радифӣ ба каналҳои байналмилалӣ, хусусан русӣ, дастрасӣ дорад. Тиражи рӯзномаҳо суст аст. Рӯзномаҳои ба давлат тааллуқдошта тиражи зиёдтарин доранд. Аксар расонаҳои мустақил дар як ҳафта на зиёда аз 4000 нусха чоп мекунанд. Рӯзномаҳои давлатии Минбари халқ ва Ҷумҳурият тиражи зиёда аз 30 000 нусха доранд.52 Тамоюли шаббеҳ дар расонаҳои электронӣ мушоҳида мешавад. 92 фоизи расонаҳои дар маҳалҳо қайдшуда ба ҳукумат тааллуқ доранд.53
  • Тахминан 17 фоизи аҳолӣ интернетро мунтазам истифода мебаранд.54 Дар ҳоле, ки интернет миёни тоҷикон маъмултар шуда, ҳамчун фазо барои муҳокимаи масъалаҳои сиёсӣ истифода мешавад, Хадамоти давлатии алоқа таҳти роҳбарии узви оилаи Раҳмон, Бег Зуҳуров, дастрасӣ ба сомонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоиеро, ки танқид нисбати мақомотро мешунавонанд, мамнуъ кард. Феврали соли 2017, додраси кулл Юсуф Раҳмон хабар дод, ки соли 2016 ҳукумат беш аз 2000 вебсайти “ифротиро” мамнуъ кард.55 Бо вуҷуди он, ки сайтҳои YouTube, Facebook ва дигар шабакаҳои иҷтимоӣ, ки аз майи соли 2016 дастнорас буданд, майи соли 2017 боз шуданд, дастрасӣ ба сомонаҳои зиёди ахборотӣ, ба мисли Ахбор, Паём ва Озодагон, мамнуъ мондааст.56 Моҳи июл, палатаи болоии парлумон тағйироти наверо тасвиб кард, ки ба мақомоти интизомӣ иҷозати қонунӣ медиҳад, ки иттилооти марбут ба фаъолияти шаҳрвандон дар интернет ва паёмҳои онҳоро дастрас кунад. Ин тағйирот ба қонун “дар бораи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ” баъди он ворид шуд, ки вакили парлумон Ҷурахон Маҷидзода арз кард, ки зиёда аз 80 фоизи онҳое, ки ба интернет медароянд “сомонаҳои нохоҳами ба созмонҳои ифротӣ ва террористӣ тааллуқдоштаро мекушоянд”.57 Моҳи август, Вазорати корҳои дохилӣ шуъбаи нави махсус барои мубориза бо ифротгароии интернетӣ таъсис дода, таъкид кард, ки самт барои ҳукумат аввалиятнок аст.58
  • Моҳи декабр, як судяи маҳаллӣ хабарнигор Хайрулло Мирсаидовро барои азхудкунӣ амвол, тақаллубкорӣ ва барангехтани нафрати нажодӣ ва динӣ ба ду моҳи боздошт маҳкум кард.59 Мирсаидов баъди ирсол кардани номае боздошт шуд, ки дар он мақомдори маҳаллиро дар талаб кардани ришва дар андозаи 1000 доллар аз дастаи ҳунармандони мазҳакавии роҳбарӣ мекардааш айбдор карда буд. Дар асоси иттиҳомҳои мазкур, Мирсаидов метавонад ҳукми то 21 соли зиндон гирад.

ИДОРАКУНИИ ДЕМОКРАТИИ МАҲАЛЛӢ:

2009

2010

2011

2012

2013

2014

2015

2016

2017

2018

6,00

6,00

6,00

6,00

6,00

6,00

6,00

6,00

6,00

6,25

  • Органҳои ҳукумати маҳаллии Тоҷикистон нақши воҳиди изофавии қудрати ҳукумати марказиро иҷро мекунанд. Кишвар ба чор минтақаи маъмурии (вилоятҳо) дорои худмухтории маҳдуд тақсим шудааст. Ин вилоятҳо ба 58 ноҳия ва 406 ҷамоат ва шумораи зиёди шаҳраку деҳаҳо тақсим мешаванд. Бо вуҷуди он, ки сарқонуни соли 1994 ба Бадахшони Куҳӣ унвони худмухтор додааст, дар асл мақомоти марказӣ худмухтории онро маҳдуд кардааст.
  • Дар солҳои охир, ҳукумати марказӣ минтақаҳоеро, ки қаблан дараҷаи муайяни худмухторӣ доштанд (мисол, Водии Рашт ва Бадахшони Куҳӣ), зери назорати ҷиддитар гирифтааст. Ин раванди муттаҳидсозӣ ба маҷбуркунӣ ва кооптатсия (таъйин кардани коргарони давлатӣ бидуни иштироки мардум) такя мекард. Мақомот сарварони маҳаллӣ ва тарафдорони онҳоро маҷбуран барканор кардаанд. Бисёрии ин сарварони маҳаллӣ дар ҷанги шаҳрвандӣ дар сафҳои мухолифат меҷангиданд ва мутобиқи созиши сулҳи соли 1997 ба ҳукумат ҳамроҳ шуда буданд, вале баъдан бо нафарони дорои садоқати бештар ба мақомоти марказӣ ҷойгузин карда шуданд.60 Дар ҳоле, ки қонуни соли 2009 дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот интиқоли қудрат ба маҳалҳоро пешбинӣ кардааст, мақомоти марказӣ минтақаҳои давлатро зери назорати ҷидди худ қарор медиҳад. Қонун муқаррароте дар бар бар мегирад, ки мутобиқи он шӯрои мунисипалӣ метавонанд буҷаҳои худро тартиб диҳанд ва сарварони ҷамоат интихоб кунанд, вале қатъи назар аз миллионҳо доллари кумаки донорҳо, ҳукумат барои амалӣ гардонидани ин муқаррарот механизме таъмин накардааст.
  • Амалияи ҳукумати марказии Иттиҳоди Шӯравиро тақлид карда, раисони вилоят ва ноҳияҳоро президент Раҳмон таъйин мекунад. Моҳи январ, Раҳмон писари калонии худ Рустамро мири Душанбе таъйин кард. Рустам Маҳмадсаид Убайдуллоевро ҷойгузин кард, ки аз соли 1996 соҳиби ин вазифа буд ва замоне бисёриҳо ӯро ҳамчун дуюм шахси бонуфузтарин дар кишвар медонистанд. Убайдуллоев то ҳол палатаи болоии парлумонро раисӣ мекунад. Начандон баъд аз маҷбуран ба истеъфо рафтанаш, агентии зиддифасодӣ дар маъмурияти шаҳр тафтиши расмии азхудкунии ғайриқонунӣ дар давраи раисиашро оғоз кард.61 Аз рӯзи мири шаҳр шудан, Рустам барои Душанбе Нақшаи кулли нави 2025-ро тасвиб кард, ки афзоиши 30-фоизии қаламрави шаҳр, таъмири 50 ҷойи ҷамъиятӣ ва сохтани як қатор биноҳои маъмурии навро пешбинӣ мекунад.62 На ҳама сиёсатҳои ӯ тарафдории оммавӣ ба даст овардаанд. Қарори ӯ оиди манъ кардани 20 000 таксии хайтсайрӣ ё “маршруткаҳо” бар ивази автобусҳо бо адовати мардум дучор шуд, ва як ронанда ҳатто рӯзи 12-уми апрел дар пеши идораи мири шаҳр гулӯи худро бурид.63Шаҳрвандон инчунин нигаронии худро оиди кандани биноҳои таърихӣ ва нест кардани дарахтҳои гулгаштҳои шаҳр мутобиқи Нақшаи кулл баён карданд.64
  • Тахминан 70 фоизи аҳолии Тоҷикистон дар деҳот зиндагӣ мекунанд. Истеҳсоли маҳсулоти деҳқонӣ, асосан истеҳсоли пахта, қариб 20 фоизи ММД ва ду сеяки қувваи кории кишварро таъмин мекунад.65 Аз соли 1997, замин тадриҷан деколлективизатсия шуд. Бо вуҷуди он, ки давлат соҳиби ҳамаи заминҳои корам аст, 83 фоизи он ҳоло аз ҷониби 108 035 хоҷагии хусусии деҳқонӣ кор фармуда мешавад.66 Моҳи августи соли 2016, президент Раҳмон қонуни наверо дар бораи хоҷагиҳои деҳқонӣ имзо кард, ки бо дастгирии USAID таҳия шуда буд.67 Қонуни мазкур хоҷагиҳои деҳқониро ҳамчун шахсони ҳуқуқӣ эътироф кардааст ва ҳуқуқҳои саҳмдорон барои фурӯхтани маҳсулот, гузоштани нархҳо ва сохтани иншоотҳо дар замин вусъат додааст.68 Бо вуҷуди ин ислоҳоти замин, камбудиҳои идоракунӣ ва фасод боқӣ мемонанд. Сарфи назар аз он, ки деҳқонон ҳуқуқ доранд, ки Кумитаи идораи замини ноҳия барои гирифтани ҳиссаи номуайяни замини дохили хоҷагии ҷамъиятӣ муроҷиат кунанд, бисёр хоҷагиҳои деҳқонӣ танҳо аз рӯи ном хусусӣ ва ҷамъиятӣ (коллективӣ) мебошанд.69 Фоидаи молии деҳқонӣ дар Тоҷикистон умдатан ба дасти ширкатҳои миёнарави инҳисор меравад, ки ҳамчун судхӯрон кор карда, ба деҳқонон бо нархи баланди сунъӣ маҳсулоти кишоварзӣ таъмин мекунанд ва ҳуқуқи бо нархи паст харидани ҳосили солро нигоҳ медоранд.70

СИСТЕМАИ СУДӢ ВА МУСТАҚИЛИЯТИ СУДӢ:

2009

2010

2011

2012

2013

2014

2015

2016

2017

2018

6,00

6,25

6,25

6,25

6,25

6,25

6,50

6,75

7,00

7,00

  • Системаи судии Тоҷикистон хеле сиёсишуда боқӣ мемонад. Мурофиаҳои судии мухолифони сиёсӣ паси дарҳои пӯшида сурат мегиранд ва шаффоф нестанд. Адолат нобаробар аст. Мақомдорони содиқ аз беҷазоӣ баҳра мебаранд ва рақибони эҳтимолӣ дучори ҷазо мешаванд. “Ифротгароӣ” дар қонун дар бораи мубориза бар зидди экстремизм (ифротгароӣ) ва Кодекси ҷиноӣ возеҳ шарҳ дода нашудааст ва ин имконият медиҳад, ки ҳар шахсе, ки ҳамчун рақиби эҳтимолии элитаи ҳукмрон дида мешавад, чунин доғ гузошта шавад.
  • Касби ҳуқуқшиносӣ дар Тоҷикистон рӯз то рӯз хатарнок мешавад. Баъди ворид шудани системаи нави иҷозатномадиҳӣ дар соли 2015, ҳуқуқшиносон маҷбуранд, ки дар Вазорати адлия имтиҳон супоранд. Дар натиҷаи ин, теъдоди ҳуқуқшиносони қайдшуда то моҳи майи 2017 аз 1500 то танҳо 600 нафар коҳиш ёфт.71 Ҳукумат айбдор кардани ҳомиёни ҳуқуқӣ дар ҷиноятҳои зерҳимоягонашон идома медиҳад. Аз соли 2014, ҳукумат ҳафт ҳомии ҳуқуқҳро пушти панҷара бурд.72 Бузургмеҳр Ёров ва Нуриддин Маҳкамов, ки шахсони дар ифротгароӣ айбдоршударо ҳифз мекарданд (ах ҷумла аъзои гуруҳи мухолифи Гуруҳи 24 ва Ҳизби наҳзати исломӣ), моҳи октябри соли 2016 паси дарҳои пӯшида суд шуда, мувофиқан 23 ва 21 соли зиндон гирифтанд.73 Моҳи март, баъд аз оне, ки Ёров дар додгоҳ эҷодиёти шоири порсии асри ёздаҳ Абӯалӣ Ибни Синоро қироат кард (”ҷамъиятро якчанд нафари ҷоҳиле вайрон мекунанд, ки худро оқилтарин медонанд”), суд барои “риоя накардани тартиби судӣ” ба муҳлати ҳабси ӯ ду соли дигар илова кард.74 Моҳи август, барои “ба таври ҷамъиятӣ таҳқир кардани Пешвои миллат” Эмомалӣ Раҳмон, ки нақзи моддаи нави моҳи октябри соли 2016 ба Кодекси ҷиноӣ воридшуда мебошад, муҳлати ҳабси Ёров боз 3 соли дигар зиёд карда шуд.75 Теъдоди зиёди ҳукушиносон кишварро тарк кардаанд. Муаззама Қодирова, ки Ёровро дар мурофиаи якумаш ҳимоя мекард, баъди таҳдидҳои таъқиби ҷиноӣ барои муҳокимаи парвандаи Ёров бо расонаҳои хориҷӣ, моҳи январ аз Тоҷикистон фирор кард.76
  • Тоҷикистон системаи тафтишотӣ ва назоратии иқрори ҷиноят истифода мебарад, ва бо вуҷуди инкори расмии Суди олӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ барои гирифтани иқрори гуноҳ мунтазам шиканҷаро ба кор мебаранд. Дар шаш моҳи аввали соли 2017, Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ 38 мавриди шиканҷа ва бераҳмӣ аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ қайд карда буд.77 Бо вуҷуди шумораи зиёди мавридҳои бинобар тарси ҷазо ошкор нашуда, ин шумора метавонад аз миқёси воқеии масъала хеле камтар бошад. Онҳое, ки бинобар иттиҳомҳои сиёсӣ дар боздошт қарор мегиранд, бо хатари бештари чунин бераҳмӣ рӯ ба рӯ мешаванд. Якчанд фаъоли мухолиф оиди дар зиндон гирифтори шиканҷа шудан шикоят карданд.78 Масалан, ҳомии зиндонии ҳуқуқи инсон Бузургмеҳр Ёров хабар дод, ки дидбононаш ӯро якчанд бор дар зиндон лату кӯб карданд.79
  • Артиши Тоҷикистон, ки тариқи даъвати ҳарбии ҳатмӣ бо аскарон таъмин карда мешавад, анъанаи лату кӯб ва зӯроварӣ дорад. Ҳар фасли тирамоҳ, артиш 15 000 ҷавони синни даъвати ҳарбиро маҷбур мекунад, ки ба қушун ҳамроҳ шаванд, ва мунтазам онҳоро аз кӯчаҳо рабуда мебарад.80 Ҳар сол теъдоде аз аскарони нав дар натиҷаи зӯроварӣ вафот мекунанд. Дар солҳои охир чунин ба назар мерасид, ки ҳукумат шахсони масъулро ҷазо дода, ин амалияро саркӯб мекард. Моҳи март, Ёрибек Саидзода, фармондеҳи взводи қушунҳои сарҳадӣ, баъди худкушии яке аз сарбозоне, ки аз ҷониби Саидзода саҳван дар дуздӣ туҳмат шуда буд, барои тамаъҷӯӣ ва сӯиистифода аз қудрат ба нуҳ соли зиндон маҳкум шуд. 81

ФАСОД:

2009

2010

2011

2012

2013

2014

2015

2016

2017

2018

6,25

6,25

6,25

6,25

6,25

6,25

6,25

6,50

6,75

7,00

  • Непотизм, ошнобозӣ, тамаъҷӯӣ ва ришваситонӣ аз ҷониби намояндагони ҳукумат дар ҳамаи сатҳҳои ҷамъияти тоҷикистонӣ паҳн шудаанд. Аз ришваҳои хурд ба бозрасони автомобилӣ то ришваҳо аз оилаҳо баҳри халосӣ аз хизмати ҳарбии ҳатмӣ, фасод дар ин кишвар қисми зиндагии ҳаррӯза аст. Тоҷикистон клептократияи непотистӣ, ё “непотократия” мемонад. Гуруҳи хурди оилаҳои ба президент наздик сиёсат, бозори ватанӣ ва савдои хориҷиро зери дасти худ доранд. Тиҷорат ва сиёсат ба таври мураккаб бо ҳам печидаанд. Зердастии органҳои давлатӣ ба ширкатҳои зери паноҳгоҳи оилаи президентӣ имконият медиҳад, ки аз риояи қонуну қоида ё пардохтани андозу боҷҳо озод бошанд. Бо вуҷуди ин, органҳои давлатӣ барои аз фаъолият монондани рақибони тиҷорӣ тариқи ситонидани ҷаримаҳо барои нақзи қоидаҳо ва иттиҳомҳои фасод истифода бурда мешаванд.82 Онҳое, ки оилаи президентро танқид мекунанд, бо оқибати шадид рӯ ба рӯ мешаванд. Моҳи октябр, баъди президент Раҳмонро танқид карданаш, кормандони пулис Раҷабалӣ Одинаев, раиси шабакаи нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ бо номи “Умед 88”-ро боздошт карда, ӯро дар қаллобӣ ва саркашӣ аз пардохтани андоз айбдор карданд.83 Баъди боздошт шудани Одинаев, Фароз — ширкати домоди президент Шамсулло Соҳибов — дар ин соҳа пешсаф шуд.84
  • Президент аъзои бисёри оилаи худро ба вазифаҳои ҳукуматии баланд таъйин кард. Писари калонии Раҳмон, Рустами Эмомалӣ, ки моҳи декабри соли 2017 30-сола шуд, моҳи январи соли 2017 мири Душанбе таъйин шуд.85 Қаблан, ӯ дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Хадамоти гумрук вазифаҳои баландмартаба дошт, ва бисёриҳо ӯро ҳамчун ҷогири тахти президент мебинанд. Моҳи сентябри 2009, Раҳмон духтари 30-солаи худ, Озода Эмомалиро ба вазифаи муовини вазири корҳои хориҷӣ ва соли 2014 ба вазифаи якум муовини вазир таъйин кард. Январи соли 2016, Раҳмон Озодаро роҳбари дастгоҳи иҷроияи президент таъйин кард, ва моҳи 2017 ӯ мушовири давлатии адлия шуд.86 Шавҳари Озода, Ҷамолиддин Нуралиев, аввал соли 2008 муовини вазири молия, ва баъдан соли 2015 муовини раиси Бонки миллӣ шуд.87 Додарарӯси Раҳмон, Ҳасан Асадуллозода, калонтарин бонки хусусии Тоҷикистон, Ориёнбонкро идора мекунад ва молики ширкати ҳавопаймоӣ ва ширкати таъминкунандаи боксит барои Талко, ширкати давлатии истеҳсоли алюминий, мебошад.88
  • Мақомдорон бо аъзои оилаи президентӣ хонадор шуда, мавқеи худро баландтар мекунанд. Духтари калони Раҳмон, Фирӯза, ба оилаи Соҳибовҳо дода шуд, ки дар соҳаи истеҳсоли семент ва энергетика манфият дорад.89 Як духтари дигар, Парвина, ба писари собиқ вазири энергетика Шералӣ Гул расид. Духтари шашуми Раҳмон, Зарина, ки моҳи июли 2017 муовини раиси Орёнбонк шуд, ба Сиёвуш Зуҳуров расид, ки писари раиси хадамоти алоқа мебошад.90 Моҳи ноябр, яке аз набераҳои Раҳмон бо набераи раиси вилояти Суғд, Абдураҳмон Қодирӣ, хонадор шуд. Ин якумин издивоҷ байни элитаи шимолӣ, ки дар даврони Иттиҳоди Шӯравӣ дар сиёсати ҷумҳурӣ пешсаф буд, ва оилаи президент шуд.91 Хешовандони дигар дар хадамоти андоз, хадамоти дипломатӣ ва ҳокимияти маҳаллӣ вазифаҳои баланд доранд.
  • Хешовандони президент соҳаҳои асосии саноатро идора мекунанд, аз ҷумла пахта, семент, алюминий ва энергетика. Мақомдорони фасодгар барои аз бонкҳои давлатӣ ва муассисаҳо миллиардҳо доллар баровардан суратҳисобҳои офшорӣ истифода мебаранд. Масалан, ширкати бузурги истеҳсоли алюминий Талко ба ширкатҳое тааллуқ дорад, ки дар Ҷазираҳои Виргини Британия ба қайд гирифта шудаанд.92 Ба ҷои он, ки даромади Талко дубора ба буҷет ворид карда шавад, он ҳамчун манбаи пул барои хароҷоти шахсии мақомдорони баландмартаба истифода бурда мешавад. Сандуқи байналмилалии пул (IMF) қаблан тахмин карда буд, ки тахминан 3,5 миллиард доллар, ё беш аз сеяки ММД-и солонаи ин кишвар ба суратҳисобҳои офшорӣ интиқол дода шудааст.93
  • Аз шартнокии кумаки берунӣ аз лоиҳаҳои сармоягузории созмонҳои молиявии байналмилалӣ, ба мисли Бонки Ҷаҳонӣ ва IMF, хаста шуда, ҳукумат таваҷҷуҳи худро ба бозори облигатсияҳо нигарондааст ва маблағро аз сармоягузорон бевосита бидуни миёнаравон дарёфт мекунад. Рейтинги S&P Global Ratings-ро дарёфт карда, барои таъмини маблағ барои иншооти гидроэнергетикии Роғун, моҳи август ҳукумат дар андозаи 500 миллион доллар еврооблигатсия судур карда, дар пешниҳодҳо 4 миллиард доллар ҷалб намуд.94 Барор ёфтани фурӯш амсоли нигаронкунанда аст. Ин усули дарёфти маблағ метавонад ба ҳукумат имконият диҳад, ки шартҳои қарздиҳии аксари донорҳоро каноргузарӣ карда, амалҳои фасодии худро беҷазо идома диҳад.
  • Дар ҳисоботи Созмони Милали Муттаҳид аз соли 2012 оварда шудааст, ки даромад аз қочоқи героин дар марзи 1350 километрӣ бо Афғонистон қариб ба сеяки ММД-и қонунии Тоҷикистон баробар аст.95 Мутахассисони дигар тахмини ботамкинтари 30 то 30 фоиз медиҳанд.96 Дар ҳоле, ки ҳар сол аз сарҳад тахминан 100 то 115 тонна героин ва афюн мегузарад, афсарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ соли 2016 танҳо 3,43 тонна маводи мухадири ҳамагуна мусодира карда буданд, ки ин назар ба соли 2015 27 фоиз камтар аст.97 Маоши паст дар соҳаи давлатӣ ва тамаддуни фасод дар шарҳ додани ин нишондодҳои пасти мусодира мусоидат мекунанд.
  • Дар ҳоле, ки мақомдорони фасодгар давлатро ғорат мекунанд, ҳукумат арз мекунад, ки бо фасод мубориза мебарад. Моҳи апрел, кормандони пулис 17 корманди Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, аз ҷумла муовини раиси ин агентиро боздошт карданд.98 Баъди анҷом ёфтани тафтишот, моҳҳои июл-сентябр кормандони ин ниҳод ҳукмҳои 7 то 15 соли зиндон гирифта буданд.99 Моҳи октябр, корманди баландмартабаи Вазорати рушди иқтисодӣ ва савдо бо гумони гирифтани ришва дар андозаи 490 000 доллар боздошт шуда буд.100

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG