Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

OCCRP: Пул аз роҳи издивоҷ


OCCRP

Аз рӯзе, ки як соҳибкори ҷавон духтари президенти Тоҷикистонро ба занӣ гирифт, як империяи бузурге сохтааст, ки тамоми кишварро фаро мегирад. Таҳқиқи OCCRP нишон медиҳад, ки чӣ тавр дар яке аз кишварҳои қашшоқтарини Осиёи Марказӣ қудрати номаҳдуди сиёсӣ калиди муваффақияти тиҷорӣ аст.

Тоҷикистон хурдтарин кишвари Осиёи Марказӣ мебошад. Он инчунин яке аз кишварҳои қашшоқтарини минтақа буда, аз интиқолҳои пулии миллионҳо муҳоҷире, ки дар Русия бо кори мавсимӣ машғуланд, вобастагии зиёд дорад.

Аммо душвориҳои кишвар натанҳо ба релефи душворгузар ё гузаштаи шӯравӣ рабт доранд. Тоҷикистон таҳти ҳукмронии президенти авторитарие қарор дорад, ки ба худ чунин унвонҳои воло медиҳад, ки ӯро болотар аз қонуни асосӣ мегузоранд.

Дар чунин кишвар, муносибатҳо ва рафтуомади оилавӣ метавонанд роҳи дилхоҳро боз созанд. Қазияҳои зерин нишон медиҳанд, ки домоди ҷавони оилаи президент Эмомалӣ Раҳмон чӣ тавр соҳибкори пешқадам шудааст. Ин қазияҳо инчунин тақдири онҳоеро тасвир мекунанд, ки пеши роҳи ӯро мегиранд.

Фароз, ширкате, ки ин ҷавонмард бунёд кардааст, то дараҷае бузург шудааст, ки соҳае намондааст даст назада бошад. Аз рағбатҳо дар соҳаҳои нафту маъдан то терминалҳои гумруку истироҳатгоҳҳои лижаронӣ, кам бозоре мондааст, ки лаҷомаш дар дасти ин ширкат набошад. Он ҳатто уҳда мекунад, ки аз ширкатҳои хориҷӣ бар ивази хизматҳои муҳим пардохтҳои пинҳонӣ гирад.

Моҷароҳои зеринро бихонед ва бо пуррагӣ мефаҳмед, ки клептократияи (ҳукумати дуздон) муосир ҷӣ тавр кор мекунад.

ҚАЗИЯҲО

Ҳирси тилло

Кишвар барои пеш бурдани тиҷорат ҷои осон нест — аммо агар хоҳиши пул додан дошта бошед, имконият ёфт мешавад. Дар инҷо фаҳмонда мешавад, ки ширкати истихроҷи маъдан аз Лондон чӣ тавр ба домоди президенти кишвар барои дарёфти иҷозати кандани тилло “ҳаққи хизмат” пардохтааст.

МАҚОЛАРО ХОНЕД:

Куштор дар Истанбул

Муассиси Фароз, яке аз муваффақтарин ширкатҳои Тоҷикистон, нияти бо режим душманӣ кардан надошт. Аммо баъд аз оне, ки домоди президент ширкаташро аз дасташ гирифт, ӯ қарор дод, ки овози худро баланд кунад. Оқибаташ марг буд.

МАҚОЛАРО ХОНЕД

Вақте ки давлат тиҷорат аст

Баъзан чунин ба назар мерасад, ки президенти аз қадим мавҷуди Тоҷикистон ғайр аз буридани наворҳои сурх, кори зиёде анҷом намедиҳад. Аз маросими супоридани як лоиҳа то супоридани лоиҳаи дигар, ӯ “соҳибкорони ватандӯст”-ро ситоиш мекунад – вале аз хотираш мебарояд бигӯяд, ки ҳамаи ин лоиҳаҳо ба домодаш тааллуқ доранд.

МАҚОЛАРО ХОНЕД

Ғуруби наҳзати исломии Тоҷикистон

Тоҷикистони авторитарии қашшоқ як вақт миёни собиқ кишварҳои шӯравӣ ҳизбҳои мухолифи самарабахштарин дошт. Баъдан, давоми якчанд моҳ ҳамаи онҳо нест шуданд.

XS
SM
MD
LG