Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эмомалӣ Раҳмон ба Русия меравад: Масъалаи муҳоҷират дар авлавият


Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 17-уми апрел бо як сафари расмӣ ба Русия меравад. Мақомот мегӯянд, дар ин сафар масъалаи муҳоҷират ва сармоягузории Русия дар иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ хоҳад шуд.

Дар бораи сафари қарибулвуқуи Эмомалӣ Раҳмон ба Маскав ахиран Антон Силуанов, муовини раиси ҳукумати Русия хабар дод. Силуанов дар ҷараёни сафараш ба Душанбе гуфт, ин сафар такони ҷиддие дар равобити ду кишвар мебошад.

Ҳамасола ҳудуди як миллион шаҳрвандони Тоҷикистон дар ҷустуҷӯи кор ва маоши муносиб ба минтақаҳои мухталифи Русия сафар мекунанд.

Ба қавли мақомоти Тоҷикистону Русия, дар ҷараёни сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Маскав асосан се санади нав ба тасвиб мерасад. Инҳо созишнома дар бораи ҳамкорӣ дар бахши муҳоҷират, созишнома оиди сармоягузории Русия дар иқтисоди Тоҷикистон ва санад дар бораи равобит дар бахши энержӣ мебошанд.

Ҷузъиёти ин санадҳо расман ошкор карда намешаванд. Аммо қаблан мақомоти тоҷик гуфта буданд, масъалаи авфи 226 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон, ки аз ҳаққи вуруд ба Русия маҳрум ҳастанд, дар баррасии ҷиддии мақомоти ду кишвар қарор дорад.

Тоҷикистон ва Русия шарикони стратегӣ маҳсуб мешаванд ва аз замони шӯравӣ дар Тоҷикистон пойгоҳи низомии 201 Русия вуҷуд дорад. Дар соли гузашта Тоҷикистон ва Русия ба маблағи беш аз як миллиард доллор доду гирифт кардаанд. Тоҷикистон аз Русия умдатан маводи сӯхт харидорӣ карда, ба ин кишвар маҳсулоти кишоварзӣ содир мекунад.

Русия мизбони садҳо ҳазор муҳоҷири кории тоҷик аст.
Русия мизбони садҳо ҳазор муҳоҷири кории тоҷик аст.

Гузашта аз ин, тӯли чанд соли ахир Русия кишвари умдаи мизбони муҳоҷирони кории тоҷик дониста мешавад. Ҳамасола ҳудуди як миллион шаҳрвандони Тоҷикистон дар ҷустуҷӯи кор ва маоши муносиб ба минтақаҳои мухталифи Русия сафар мекунанд.

Ҳарчанд дар чанд соли ахир мизони маблағҳои интиқолии муҳоҷирони кории тоҷик ба далели бад шудани вазъи иқтисодӣ дар Русия коҳиш меёбад, вале бо ин вуҷуд коршиносон ин маблағҳоро баробари ҳудуди 40 дарсади маблағи Маҷмаи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон бароварда месозанд.

Зимнан, бо вуҷуди шарики стратегӣ будан, сармояи Русия дар рушди иқтисоди Тоҷикистон бисёр ночиз гуфта мешавад. Муҳитарин тарҳи Русия дар Тоҷикистон нерӯгоҳи Сангтӯда-1 мебошад, ки ҳанӯз даҳ соли қабл бунёд шуда буд.

XS
SM
MD
LG